Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Республикаи Озарбойҷон

Республикаи Озарбойҷон

Озарбойҷон, Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон (Азербайджан Со­вет Социалист Республикасы). 28 апрел 1920 ташкил шудааст. Дар қисми ҷануби шарқии – Закавказя воқеъ гардидааст. Дар Шимол бо РСФСР (РАСС Доғистон), дар Шимоли Ғарб бо РСС Гурҷичтон, дар Ҷануби Шимол бо РСС Арманистон ва Туркия, дар Ҷануб бо Эрон ҳамсарҳад мебошад. Онро аз Шимол баҳри Каспий иҳота кардааст. Масоҳат 86,6 ҳазор километр2. Аҳолиаш 6202 ҳазор нафар (1981). Пойтахташ шаҳри Боку. Ба ҳайати РСС Озарбойҷон РСС Нахц. ва Вилояти Автономии Қаробоғи Куҳй дохиланд. Республика ба 61 район чудо шуда, 63 шаҳр ва 122 птш дорад.

            Сохти давлатӣ. РСС, Озарбойҷон давлати сотсиалистии умумихалқӣ, ба ҳайати Иттифоқи Республикаҳои Сове­тии Сотсиалистӣ дохил аст. Конститусияи ҷориашро Сессияи 7-уми ғайринавбатии Совети Олии РСС Озарбойҷон 21 апрел 1978 қабул кардааст. Органи олии ҳокимияти давлатӣ_— Совети Олии республика, ки ба муҳлати 4 сол интихоб мешавад. Дар давраи байни сессияҳои Совети Олӣ органи олии хокимияти давлатӣ — Президиуми Совета Олии РСС Озарбойҷон мебошад. Совети Олӣ хукумати республика — Совети Вазиронро ташкил медихад. Органҳои маҳалии хокимият — Советҳои депутатҳои халқӣ мебошанд. Системаи су­дӣ: Суди Олӣ ва судхои халқии районӣ.

            Табиат. Қисми зиёди территорияи Озарбойҷон дар байни қисмҳои ҷануби шарқии систе­маи кӯҳии Кавкази Калон ва Хурд, инчунин колхозҳои Толиш воқеъ гардидааст.

Соҳилҳои б.аҳри Каспий чандон каҷу килеб нестанд. Тули хатти соҳил 800 километр мебошад. Қад-қади соҳил нимҷазираҳои калони Обшорон, Сара, димоғаи Кура; халиҷҳои қуллаи Қизилоғоч), Боку; ҷазираҳои Жилой ва Артём воқеъ гардидаанд. Тақрибан нисфи территорияи Озарбойҷонро кӯҳҳо ишғол кардаанд. Дар байни қисмҳои ҷанубу шарқии Кавкази Калон дар Шимол ва Кавкази Хурд дар Ҷануби пастии Кура ҷойгир шудааст. Дар Ҷануб Шимол кӯҳҳои Толиш, дар Ҷануб пастхамии Аракси миёна тул кашидааст, ки онро қаторкӯҳҳои Айосдзор ва Зангезур иҳота кардаанд.

Нуқтаи баландтарини кӯҳи Кавкази Калон (қӯҳи Бозордюзю, 4480 метр) мебошад. Сарватҳои зеризаминӣ: нефт, газ, маъдани охан ва полиметалл, алунит, молибден, намаксанг, масолеҳи гуногуни бинокорӣ ва ғайра. Иқлимаш асосан субтропи­кӣ. Территорияи Озарбойҷон ба якчанд минтақаи иқлимӣ чудо кардан мумкин.  Ҳарорати миёнаи солона аз 14°Селсия дар пастхамиҳо то 0°Селсия ва дар районҳои кӯҳӣ аз ин ҳам пасттар аст. Ҳарорати ми­ёнаи июл дар районҳои пастхамӣ 25—27° Селсия, дар баландкӯх 5° Селсия. Тобистони пастхамиҳо хушк. Боришоти солона дар ноҳияҳои назди баҳр ва пастхамиҳо 200—300 миллиметр; дар пастии Лангарон 1200—1400 миллиметр; дар нишеби ҷануби Кавкази Калон то 1300 миллиметр.

Дар республика қариб 1250 дарё хаст, калонтарини он — Кура ва шохобаш Араке. 250 кӯл дорад, кӯлҳои калонаш: Хоҷикабул ва Буюкшор.

Дар республика 4100 навъи наботот мерӯяд. Дар даштҳои хушк, нимбиёбон ва дар марғзорҳои баландкӯҳ наботот бештар. Нишебиҳои кӯҳҳоро ҷангали дарахтони паҳнбарг фаро гирифтааст; 11% территорияи республикаро ҷангалзор ташкил мекунад. Олами хайвоноташ бой ва гуногун. Дар республика хазандаҳо ва хояндаҳо, ғизол, кабк, қоз, мурғобӣ, тазарв, дар районхои куҳӣ гуроз, хирс, бузи кӯхӣ ва ғайра вомехӯранд. Баҳри Кас­пий ва дарёи Кура аз моҳӣ бой. Дар Озарбойҷон якчанд мамнӯъгох, аз он ҷумла, Закатал, Кизилоғоч ва ғайра ҳаст.

            Аҳолӣ. Аҳолии асосии республика озариҳо буда, инчунин русҳо, арма- ниҳо ва намояндагони дигар халқҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр 65,7 нафар. Аҳолӣ дар нимҷазираи Обшорон, дар минтақаи ҳаволии Боку, инчунин дар ҳамворӣ ва мавзеъҳои наздикӯҳи бештар ҷой гирифтааст. Шаҳрҳои калон: Боку, Кировобод. Дар давраи Ҳокимияти Со­ветӣ шаҳрҳои Сумгаит, Мингечаур, Байрамалӣ, Дашкесан ва дигар бунёд шуданд.

            Очерки таърихӣ. Одам дар территорияи ҳозираи Озарбойҷон дар давраи палеолит маскун шуда буд. Дар асри 9 то милод дар ин ҷо аввалии давлатӣ Мана таш­кил шуд. Тақрибан дар солҳои 70-уми асри 7 то милод Мана ба ҳайати давлатӣ Мод дохил шуд. Дар миёнаи асри 6 то милод хокимият дар Мод ба дасти сулолаи қадимии Ҳахоманишиён гу­зашт. Охири а.сри 4 то милод лашкари Искан- дари Макдунӣ давлаи Ҳахоманишиёнро торумор кард ва дар территорияи Озарбойҷон ҳозира давлати Атропатена ташкил шуд. Дар ибтидои милод дар ин ҷо давлати Албания (нигаред Албанияи Кавказ) вуҷуд дошт. Дар миёнаи асри 3 қисми Озарбойҷонро Сосониён забт карда давлати пуриқтидори Эронро таш­кил намуданд.

Асрҳои 3—5 дар Озарбойҷон муносибатҳои феодалӣ асосан пурра ташаккул ёфт. Ибтидои асри 8  ба истилои араб дучор шуда дини ислом низ дар Озарбойҷон  аз ҳамин давра паҳн шудан шрифт. Дар миёнаи асри 11 ба Озарбойҷон  қабилаҳои турк (оғузҳо ва дигар), ки ба онҳо сулолаи Салҷуқиён сарвар буд, ҳуҷум карданд. Дар ин давра забони озарӣ ва дар асоси он халқи озар ташаккул меёбад.

Дар асри 13 дар сарзамини аз тарафи муғулҳо забт шудаи Озарбойҷон ва мамлакатҳои ҳамсоя давлати Ҳалокуиён ташкил шуд. Охири асри 14 Темур ба Озарбойҷон ҳуҷум кард. Охири асри 14 — ибтидои асри 15 давлати Шервоншоҳиён ба авҷи таpаққӣ расид; асри 15 давлатҳои нав ~ Қароқуюнлу ва Оқкуюнлу барпо шуданд. Алоқаи тиҷоратию иқтисодӣ ва дипломатӣ бо давлати Русия  мустаҳкамтар шуд. Баробари дар ибтидои асри 16 ташкил шудани давлати Сафавиён ҳаёти хоҷагӣ ва мадании мамлакат хеле пеш рафт. Аммо дар аҳди Аббоси I (ҳукмронии 1587—1629) мансабу вазифаҳои баланд асосан ба дасти форсҳо гузашт. Пойтахт аз Қазвин ба дарунтари Эрон —ба Исфаҳон кӯчонда шуд.

Озарбойҷон ба яке аз гӯшаву канорҳои давлати Эрон табдил ёфт. Дар ибтидои асри 18 муборизаи байни Эрону Тукия барои Озарбойҷон аз нав қувват гирифт, ки он на танхо ба иқтисодиёт ва маданияти мамлакат таҳдид мекард, балки дар ин низоъ ҳалок шудани мардуми бисёр низ яқин буд. Боз яке аз сабабҳои қа- фомонии Озарбойҷон парокандагии феодалия он буд, масалан, дар нимаи дуюми асри 18 дар территорияи Озарбойҷон 15 хонӣ вуҷуд дошт. Манфиатҳои иқтисодӣ ва мадании мам­лакат бо манфиатҳои Россияи подшоҳӣ, ки барои васеъ намудани нуфузи худ дар Шарқ мекӯшид, мувофиқ буданд, бинобар он Озарбойҷон бо Рос­сия хеле наздик шуд. Ин просесс, ки олҳои 1803—05 бо ихтиёран ба Россия ҳамроҳ шудани хониқои Қаробоғ ва Шёкин cap шуда буд, соли 1828 ба охир расид. Ба Россия ҳамроҳ шудани Озарбойҷони Шимолӣ дигаргунии муҳимме буд дар ҳаёти халқи озар. Соли 1883 аз Тбилиси то Боку роҳи оҳан гузаронида шуд, ки он барои Озарбойҷон аҳамияти калон дошт, Истихроҷи нефти мамлакат аз 26 ҳазор тонна соли 1872 дар соли 1901 ба 11 миллион тонна расид, ки он қариб 50% нефти ҷаҳониро ташкил медод.

Дигар соҳаҳои саноат низ тараққӣ кард. Таркиби иҷти- моӣ тағйир ёфт, синфҳои нав — буржуазия ва пролетариат ба вуҷуд омаданд. Охири солҳои 90 дар Боку аввалин кружокҳои сотсиал демократӣ, 1901 гурӯҳи «Искра» ва Комитет сотсиал-демократи Боку барпо шуд. Дар нимаи дуюми асри 19 — ибтидои асри 20 дар Озарбойҷон интеллигенсияи демократӣ (А. Собир, Г. Зардобӣ, И. Н. Наримонов ва дигар) ташаккул ёфт. Барои ташаккули миллати озар шароити таърихӣ ба вуҷуд омад. Муборизаи револютсионии пролетариати Боку солҳои 1903—04 ва хусусан дар давраи Револютсияи 1905—07 вусъат ёфт. Солҳои 1913—14 дар Боку корпартоиҳои умумӣ барпо шуд. Ба мубо­ризаи револютсионии меҳнаткашони Озарбойҷон ва тамоми Закавказия ҳодимони барҷастаи партияи болшевикон М. А. Азизбеков, П. А. Ҷапаридзе, Л. Б. Красин , Н. Н. Наримонов, Г. К. Орҷоникидзе, С. С. Спандарян, И. В. Сталин, И. Т. Фяолетов, С. Г. Шау­мян, С. М. Эфендиев ва дигар роҳбарӣ карданд.

Партия ҳамчун тарғибкунандаи идеяҳои интернасионализми пролетарӣ баромад карда, миллатчиёни буржуазӣ: панисломистҳо, дашнакҳо, мусовотчиён (пар­тияи «Мусовот» соли 1911 барпо шуд), асерхо ва меншевиконро фош ме­кард. Баъди Револютсияи Феврали 1917 дар Боку дуҳокимиятӣ: аз як тараф, Комитети иҷроияи ташкилотҳои ҷамъиятӣ — органи буржуазия ва помещикони саноати нефт, органи маҳаллии ҳукумати муваққатӣ, аз тарафи дигар Совети депутатҳои коргарон барқарор гардид.

Ноябр 1917 Совети Боку ҳокимиятро ба дасти худ гирифт. Дар ҳаёти иқтисодӣ ва мадании Озарбойҷон асоси дигаргунсозиҳои сотсиалистӣ гузошта шуд. Аммо дар зери фишори интервентҳои Англия, баъд Германияю Туркия 31 июли 1918 Ҳокимияти Советӣ дар Озарбойҷон муваққатан шикаст хурд. 26 нафар комиссарони Боку ваҳшиёна парронда шуданд. Барои ташкили ёрӣ ба меҳнаткашони Озарбойҷон ва тамоми Закавказия 16 январ 1919 дар назди Комиссариата халқии миллат до­ир ба корҳои мусулмонони Закавка­зия шӯъбаи махсус таъсис ёфт. КМ РКП (б) ва СКХ РСФСР бо ташкилоти партиявии Боку, ки дар пинҳонкорӣ амал мекард, алоқаи зич дошт.

Бегохии 27 апрел дар Боку шӯриш ба амал омада ҳокимияти буржуа- зӣ-помешикии мусовотчиён сарнагун карда шуд. Тамоми ҳокимият ба ихтиёри Комитети револютсионии Озарбойҷон гузашт, ки он Озарбойҷонро Республикаи Советии Сотсиалистӣ эълон кард. 19 май 1921 дар Съезди I Советҳои Озарбойҷон аввалин конститусияи РСС Озарбойҷон кабул карда шуд. Аз 12 марта 1922 Озарбойҷон ба федерасияи Закавказия (ЗСФСР), аз 5 декабр 1936 бевосита ба ҳайати СССР дохил мебошад. Дар ҳайати Озарбойҷон Вилояти Автономии Қаробоғи Кӯҳӣ (1923) ва РАСС Нахч. (1924) таъ­сис ёфтанд.

14 марта 1937 конститу­сияи нави РСС Озарбойҷон қабул карда шуд. Дар давраи азнавбарқароршавии хоҷагии халқ ва индустрикунонии сотсиалистӣ Ҳукумати Советӣ кӯшиш менамуд, ки суръати баланди тараққиёти саноат ва афзоиши маблағгузориро дар республикаҳои иттифоқӣ таъмин намояд. Марти 1931 нефтчиёни Боку плани панҷсолаи 1-ро дар зарфи 2,5 сол иҷро кар­данд. Саноати нефти Озарбойҷон 31 марти 1932 бо ордени Ленин мукофотонида шуд. Соли 1940 истеҳсоли нефт нисбат ба 1913 қариб 3 маротиба, истеҳсоли мақсулоти саноатӣ 6 маротиба аф- зуд, 99% хоҷагиҳои деҳқонон коллективонида шуданд, программаи азими корҳои ирригасионйӣба анҷом расид.

Дар баробари зиёд шуда­ни истеҳсоли пахта дар республика чойпарварӣ низ cap шуд. Сиёсати миллии ленинӣ, дастгирии дустонаи тамоми халқи советӣ дар кори дар Озарбойҷон ба амал баровардави револютсияи  маданӣ — маҳви бесаводӣ, тайёр кардани кадрҳоя баландихтисоси миллии синфи коргар ва интеллигенсияи халқӣ, барпо намудани мактабҳои олӣ, муассисаҳои илмӣ ва маданию маърифат ёрии калон расонд. Ин­дустрикунонии сотсиалистӣ, коллективонии хоҷагии қишлоқ ва револютсияи маданӣ симои мамлакати дар гузашта қафомондаро’ ба куллӣ тағйир дод.

Дар Озарбойҷон  ҷамъияти сотсиалистӣ асосан бунёд карда шуд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) халқи Озарбойҷон дар баробари тамоми халқҳои Иттифоқи Советӣ ба ҳифзи Ватани сотсиалистӣ бархост. Дар давраи ҷанг зиёда аз 100 нафар ҷанговарони респуб­лика, ки 40 нафари онҳо озарӣ мебошанд. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шуданд. Дар давраи ҷанг ҳазорон меҳнаткашон барои меҳнати шоиста сазовори ордену медалҳои ҳукуматӣ гардиданд. Баъди ҷанг халқи озар дар қатори ҳамаи меҳнаткашони мамлакат ба меҳнати осоишта, ба сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ ва коммунистӣ камар баст. Ҳаҷми маҳсулоти умумии саноати Озарбойҷон соли 1968 назар ба 1940 4,8 маротиба афзуд. РСС Озарбойҷон бо се ордени Ленин (1945, 1964, 1980), ордени Револютсияи Октябр (1970) ва ордени Дӯстии Халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

Партияи к о .м м у н н и с т ӣ, комсомол, иттифоқҳои ка­саба ПК Озарбойҷон қисми таркибии КПСС мебошад. Аввалин кружокҳои револютсионии коргарон солҳои 90, аввалин кружокҳои марксистӣ соли 1898 дар Боку ташкил шу­данд. Баҳори 1901 аввалин комитети сотсиал-демократи Боку таъсис ёфт. Марти 1903 дар Тбилиси Съезди 1-уми ташкилотҳои сотсиал-демократи Кавказ баргузор гардида, Иттифоқи кавказии РСДРП-ро ташкил намуд. Дар давраи авҷи ҳаракати револютсионӣ ташкилотҳои болшевикии республика дар сафи пеши оммаи коргару деҳқон буданд.

Соли 1915 дар Боку маҷлиси болшевикони Кавказ даъват карда шуд ва дар он Бюрои кавказии РСДРП интихоб гардид. Дар давраи ҷанги гражданӣ ташкилоти РКП (б) Боку, ташкилотҳои коммунистии «Ҳиммат* ва «Адолат* амал мекарданд. 11—12 феврал 1920 дар Боку Съезди I ғайрилегалии ташкилотҳои коммунистии Озарбойҷон шуда гузашт, съезд ташкилотҳои коммунистиро ба Партияи Коммунистон (Болшевикон) Озарбойҷон — ПК Озарбойҷон-(б) муттаҳид намуд. Баъди ғалабаи ҳокимияти Со­ветӣ дар Озарбойҷон Партияи Коммунистии республика ба муборизаи меҳнаткашон дар кори аз нав барқарор кардани ходагии халқ ва барпо намудани иқтисодиёт ва маданияти социалистӣ роҳбарӣ менамуд.

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ коммунистони республика барои сафарбар намудани тамоми қувваи меҳнаткашон бар зидди душман хизмати калон карданд. Пас аз ҷанг ва ҳоло Партияи Коммунистии Озарбойҷон дар сафи пеши меҳнаткашони республика буда, баҳри барпо намуданн базаи моддӣ-техникии ком­мунизм, сохтмони ҷамъияти комму­нистӣ мубориза мебарад.

1 январи 1982 дар сафҳои он 324456 аъзо ва 15316 номзад ба аъзогии партия буд. Дар республика 9220 ташкилоти ибтидоии партиявӣ амал мекунад.

Иттифоқи Ленинии Ком­мунистии ҷавонони О з а р б о й ҷ о н — қисми таркибии ВЛКСМ мебошад. Августи 1917 Комитети РСДРП (б) Боку ташкилоти коргар- ҷавонон ва донишҷӯён — таҳкурсии комсомоли республикаро ташкил кард. Иттифоқи интернасионалии коргарҷавонони Боку, ки январи 1918 таъсис ёфт, дар мубориза баҳри мустаҳкам намудани Ҳокимияти Со­ветӣ роли калон бозид.

Моҳи сентябр 1919 дар Боку Конференсияи 1-уми ғайрилегалии закавказии ташкилотҳои коммунистии ҷавонони Озарбойҷон , Арманистон, Гурҷистон барпо шуд; конфе­ренсия ташкилотҳои коммунистии ҷавононро ба ташкилоти вилоятии закавказиягии Иттифоқи Коммунис­тии ҷавонони Умумироссия муттаҳид намуд. Соли 1920 Съезди 1-уми Иттифоқи ҷавонони Озарбойҷон дар бораи ташкил шудани Иттифоқи Ленинии Комму­нистии ҷавонони Озарбойҷон қарор қабул кард.

Дар Съезди 5-уми комсомоли респуб­лика июни 1924 (номи Иттифоқи Ле­нинии Коммунистии Ҷавононро) ЛКСМ Озарбойҷон гирифт. Соли 1977 ЛКСМ рес­публика бо ордени Револютсиям Ок­тябр мукофотонида шуд. 1 январи 1982 комсомол дар сафҳои худ 1097 362 аъзо дошт.

И т т и ф о қ ҳ о и касабаи Озарбойҷон — қисми таркибии иттифоқҳои касабаи СССР мебошанд. Соли 1905 таъсис ёфтаанд, ҳанӯз дар охири соли 1906 ташкилотҳои онҳо қариб ба 20 расида, тақрибан 13 ҳаазор аъзоро муттаҳид мекарданд. 30 июни 1920 Конференсияи 4 иттифоқҳои касабаи Умумибоку барпо шуд, ки дар он Совети Иттифоқҳои касабаи Озарбойҷон таъсис ёфт. 1 январи 1982 иттифоқҳои касабаи республика 2 миллион 271 ҳазор аъзо дошт.

            Хоҷагии халқ. Озарбойҷон республикаи ин­дустриале буда хоҷагии қишлоқи мутараққӣ дорад. Саноати пуриқтидори нефт, истоҳсоли маҳсулоти нефт, саноати газ, химия, мошинсозии Озарбойҷон дар идқтисодиёти СССР мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Саноати сабук, бофандагӣ, винокашӣ, консерв аҳамияти умумииттифоқӣ доранд.

Дар хоҷагии қишлоқи республика пахтакорӣ, обчакорӣ, боғдорӣ, токдорӣ, кирмакпарварӣ, тамокукорӣ, чойпарварӣ, чорводории чарогоҳӣ бештар вусъат ёфтааид. Соли 1975 ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ назар ба 1913 49 маротиба афзуд. Саноати қувваи электрик низ сол то сол тараққӣ мекунад, соли 1981 14,6 миллиард килоВатт соат қувваи электр истеҳсол карда шуд. Дар саноати мошинсозӣ дар қатори истеҳсоли таҷҳизот барои саноати нефт саноати электротехникӣ, асбобсозӣ мавқеи муҳим дорад.

Дар давраи Ҳокимияти Советӣ дар Боку заводи электромошин, заводи мошини Кишлин, подшипник, дар Кировобод ва Боку заводҳои асбобсозӣ ва радио, дар Мингечаур ва дигар шаҳрҳо корхонаҳои мошинсозии электротехникӣ ва ғайра сохта шуданд. Дар Боку, Степанакёрт, Нахчувон истеҳсоли маснуоти электротехникии рӯзгор тараққӣ кардааст. Районҳон нави саноатӣ: Кировобод — Дашкесан, Мингечаур — Евлах ва дигар ба вуҷуд омаданд. Дар баробари Боку Сумгаит ба яке аз калонтарин марказҳои саноати нефту хи­мия, химия ва металлургияи респуб­лика табдил ёфт. Комбинати нефту химияи Сумгаит дар асоси саноати нефт ва гази маҳаллӣ кор мекунад. Дар иқтисодиёти Озарбойҷон саноати сабук ва хурокворӣ, ки шаҳри Кировобод маркази асосии он мебошад, аҳамияти калони хоҷагӣ дорад.

Соли 1975 маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқ назар ба 1940 3,5 маротиба афзуд. Дар ихтиёри хоҷагии қишлоҷ республика 30,8 ҳазор трактор буд; хоҷагии қишлоқ 4,1 миллион га замин (47,1% тамоми территория) дошт. Дар натиҷаи кори зиёди ирригасионӣ замини обӣ ба 1263,9 ҳазор гектар расид. Соли 1982 республика ба миқдори 1150,5 ҳазор тонна ғалла, 1015,1 ҳазор тонна пах­та, 1707,3 ҳазор тонна ангур, 849,5 ҳазор тонна сабзавот, 193 хҳазор тонна мева, 123,9 ҳазор тонна картошка, 26 ҳазор тонна чой 5,267 тонна пилла истеҳсол кард. Чорводорӣ ҳам яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии қишлоқ ба шумор меравад. Соли 1980 дар республи­ка (ба ҳисоби ҳазор cap) 18073 гов, 5313, 4 гӯсфанду буз ва 191,4 хук буд. Соли 1981 республика ба ватан 146,3 ҳазор тонна гӯшт, 835,9 ҳазор тонна шир, 770,7 миллион дона тухм супорид.

Соли 1981 дар республика 735 совхоз, 601 колхоз, 161 корхонаи байнихоҷагӣ, 40 иттиҳодияи истеҳсолии агросаноатӣ ва хоҷагии қишлоқ вуҷуд дошт. С. 1981

республика ба давлат 1150,5 ҳазор тонна ғалла супорид. Плани фурӯши ғалларо ба давлат ҳамаи районҳои рес­публика иҷро карданд. Пахтакорон ва токпарварони республика ба муваффақиятҳои калон ноил гардиданд. Плани муқарраршудаи хариди ҳамаи намудҳои маҳсулоти чорво­дорӣ барзиёд иҷро гардид. Дар ҳамаи районҳои Озарбойҷон токдорӣ ва боғ­дорӣ тараққӣ кардааст. Зиёда аз 70%колхозҳо бо кирмакпарварӣ машғуланд. Тӯли роҳи оҳан 1850 километр, дарозии роҳи автомобилгард 22 ҳазор километр (1975). Боку — бандари асосии бахрист. Нақлиёти ҳавоӣ тараққӣ кардааст. Нефтепроводя Боку — Батуми, Алӣ-Байрамалӣ — Боку, газопроводи Қародоғ — Окстафа ва ғайра мавҷуданд. Аз соли 1962 байни Боку ва Красноводск пароми баҳрӣ кор мекунад.

            Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1974 ба 1 хҳазор нафар аҳолӣ 25,4 таваллуд, 6,5 фавт. (соли 1913 25,5 нафар) рост омад. Озарбойҷон аз ҷиҳати шумораи кӯҳан- солон дар СССР дар ҷои 1-ум меистад. Соли 1975 дар республика 748 муассисаи табобатии дорои 54,8 ҳазор кат буд; 16,5 ҳазор духтур, 46,5 ҳазор корманди миёнаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонданд. Институти тиббӣ ва 17 мактаби миёнаи тиббии республика барои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ кадр тайёр мекунанд. 14 институт ва Институти ‘тиббии тадқиқоти илмӣ доир ба масъалаҳои тиб тадқиқоти илмӣ мегузаронанд. Дар республика курортдои Нафталан, Нотису ва ғайра маш- ҳуранд. Соли 1974 дар Озарбойҷон 54 санатория, 10 хонаи истироҳатӣ, 361 лагери пионерӣ буд.

Соли 1975 дар муассисаҳои томактабӣ 127 ҳазор кӯдак тарбия меёфт. Со­ли таҳсили 1975/76 дар 4618 мактаби маълумоти умумии гуногун 1656 ҳазор талаба, дар 125 мактаби касбҳои техникӣ 63,3 ҳазор талаба, дар 78 мактаби миёнаи махсус 72,3 ҳазор та­лаба ва дар 17 мактаби олӣ 99,0 ҳазор студент мехонд. Мактабҳои одии калонтарин: Университети Озарбойчон, Институти нефту химия, Институти тиббии Озар­бойҳон, Консерватория.  Соли 1975 дар Озарбойҷон 3479 китобхонаи оммавӣ, 2806 клуб, 41 музей буд.

Дар Озарбойҷон аввалин донишҳои илмӣ хеле барвақт ташаккул ёфтаанд. Соли 1259 мунаҷҷим ва математики форс- тоҷик Насируддини Тусӣ дар Озарбойҷон расадхонаи Мароғаро барпо кард. Ин расадхона ба академия шабоҳат дошта берун аз ҳудуди Озарбойҷон шӯҳрат пайдо карда буд. Аз асарҳои На­сируддини Тусӣ ҷадвали астроно­мии «Зичи элхонӣ», ки аз ҷадвали Тихо Браге 300 сол пеш аст, мақоми махсусе дорад.

Дар асри 14 дар Табрез «Дорушшифо» ба вуҷуд омад, ки он аз маркази илм ва мактаби олӣ иборат буд. Дар асри 8 ба воситаи тарҷумаҳои арабӣ мардуми Озарбойҷон бо фалсафаи Юнон шинос шуданд. Дар Озарбойҷон Баҳманёр (асри 11), ки намояндаи барҷастаи машшоия буд, кӯшиш мекард фалсафаи Арасту ва дини исломро якҷоя омӯзад. Намояндаи барҷастаи тасаввуф Маҳмуди Шабустарӣ (охири асри 13— аввали в. 14) буд.

Эҷодиёти шоир ва мутафаккири бузург Низомии Ганҷавӣ (асри 12) яке аз комёбиҳои олии тафаккури асрҳои миёнаи Озарбойҷон мебошад. Ғояҳои иҷтимоии пешқадам дар рисолаҳои гуногунн Насируддини Тӯсӣ, дар асарҳои муаррих Фазлулхоҳ Рашиддин (асрҳои 13—14), шоирони мутафаккир Насимӣ (асри 15), Фузулӣ (асри 16) инъикос ёфтаанд. Баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Озарбойҷон робитаҳои он бо илму маданияти рус ва ҷаҳон боз ҳам инкишоф ёфт. «Гулистони Ирам»-и А. Боқихонов яке аз шоҳасарҳои таърихин Озарбойҷони Шимолӣ ва Доғистон мебошад.

Мутафаккири бузурги асри 19 М. Ф. Охундов системаи фалсафаи мате­риалистии Шарқи Наздикро хеле саҳеҳ тафсир кардааст. Дар ибтидои асри 20 оид ба таърихи Ҳзарбойҷон ва проблемаҳои замонавӣ асарҳои марксистӣ таълиф гардиданд. Дар солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ Университети давлатии Озарбойҷон яке аз манбаъҳои илму маърифат гардид.

Моҳи ноябр 1923 Ҷамъияти тадқиқот ва омӯзиши Озарбойҷон ташкил карда шуд, ки дар асоси он соли 1929 Институти тадқиқоти илмии Озарбойҷон ба вуҷуд омадани институти соли 1935 ба Филиали озарбойҷонии АФ СССР табдил дода шуд. Тадқиқоти илмӣ асосан ба омӯхтани проблемаҳои нефти Озарбойҷон бахшида шуд. Дар солҳои 30 дар со- ҳаи химия ҳам тадбирҳои зиёде андешида шуданд.

Тадқиқотҳои биоло­гӣ асосан захираҳои наботот ва ҳайвоноти республикаро муайян мекарданд. Дар худи ҳамин солҳо асарҳои К. Маркс, Ф. Энгелс, В. И: Ленин ва асарҳои ҳодимони намоёни Партияи Коммунистӣ ба забони озарбойҷонӣ тарҷума шуданд. Оид ба таъри­хи фалсафаи давраи қадим ва асрҳои миёнаи Озарбойҷон асарҳои А. О. Маковелский, А. Закуев, Ф. Қосимзода ва дигар нашр гардиданд.

Соли 1945 АФ PCX Озарбойҷон ташкил шуд. Кашфиёти захираҳои нефт ва маъдан, ғайримаъданӣ ва истеҳсоли масолеҳи синтетикӣ аҳамияти калон пайдо менамояд. Илми химия, физика, астрономия тараққӣ мекунад. Корҳои бисёрсолаи олимони Озарбойҷон оид ба омӯхтани набототи респуб­лика дар асари 8-ҷилдаи «Набототи Озарбойҷон» (1950—61) гирд оварда шудааст.

Селексионерони Озарбойҷон навъҳои нави пахта ва дигар зироати хоҷагии қишлоқро кашф карданд. Дар соҳаи фалсафа корҳои зиёде бурда мешаванд. (Ш. Маме­дов, Ҷ. Аҳмадалӣ, 3. Оруҷеь ва дигар). Солҳои 1958—63 китоби сеҷилдаи «Таърихи Озарбойҷон» аз чоп баромад. Илмҳои иқтисодиёт ва хуқуқшиносӣ бомуваффақият пеш рафта истодаанд (А. С. Сумбатзода,Ҷ. А. Каримов ва дигар) Муассисаи илмии асосии республика — Академияи Фанҳои РСС Озарбойҷон Соли 1982 дар Академияи Фанҳои 51 акаде­мик ва 69 аъзо-корр.еспондент кор мекард.

            Матбуот, радио, тслевизион. С.оли 1975 дар Озарбойҷон 117 газета ва 123 жур­нал, аз он ҷумла 71 нашрия ба забони озарбойҷонӣ аз чоп мебаромад. Агентии телеграфии Озарбойҷон соли 1920 ва соли 1972 Озаринформ таъсис ёфтанд. Па­латаи китобҳои республикавӣ аз соли 1925 кор мекунад. Радиои Озарбойҷон соли 1926 ба кор даромад. Соли 1956 маркази телевизиони Боку ба кор шурӯъ кард. Барномаҳои радио ва телевизион ба забонҳои озарбойҷонӣ, русӣ ва арманӣ бурда мешаванд.

            Адабиёт. Асарҳои бахшида ба меҳнат, маросиму маишат, асарҳои афсонавию ишқӣ ва таърихию қаҳрамонии эпикӣ (достонҳо ва дигар намуди эҷодиёти даҳонии халқ) дар тули қарнҳо ташаккул ёфтаанд. Дар фолклор достонҳои «Гӯрӯғлӣ», «Ошиқ-Ғариб», «Шоҳ Исмоил» ва ғайра мавқеи муҳим доранд. Аз асрҳои 16— 17 cap карда шеърҳои ҳофизони халқӣ навишта гирифта мешуданд. Дар асрҳои 11—12 дар адабиёти Озарбойҷон дар баробари забони арабию форсӣ за­бони озарбойҷонӣ мақоми худро пайдо кард (достони «Китоби Дада Курқуд»). Эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ, ки агарчи шоир осори худро ба форсӣ навиштааст, нуқтаи олитарини назми Озарбойҷонӣ асри 12 мебошад.

Имомуддини Насимӣ аввалин девони калони худро ба забони озарбойҷонӣ тартиб дод. Ташаккули пурраи за­бони адабии оаарбойҷонии асри 16 ба номи Муҳаммад Фузулӣ алоқаманд аст.  Мирзо Фатҳалӣ Охундов дар байни нависандагони асри 19 ҷои намоёнро ишғол менамояд. Соли 1906 журнали ҳаҷвии «Мулло Насриддин», ки шоири навовар А. Собиров ташкил карда буд, чоп мешуд. Самад Вурғун, Сулаймон Рустам, Ра­сул Ризо, М. Иброҳимов саромадони адабиёти советии Озарбойҷон мебошанд, ки асарҳояшон ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд.

Соли 1932 Иттифоқи нависандагони Озарбойҷон ташкил шуд. Романҳои «Обшорон» (1947—50) ва «Харсангҳои сиёҳ»-и (1959) М. Ҳусейн аз корнамоиҳои нефтчиёни Боку нақл менамоянд. Романҳои «Сачли>-и (1940—48) С. Рагимов, «Гулшан»-и (1949) А. Ва­лиев ва дигар ба деҳаи советӣ ва ба муваффақиятҳои сохтмони сотсиа­листии он бахшида шудаанд.

Мавзӯъҳои қаҳрамонии халқ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар романҳои «Дар соҳилҳои дур» (1954) ва ғайраи И. Қосимов ва Г. Саидбейлӣ инъикос ёфтаанд. Соли 1980 романҳои М. С. Урдубодӣ «Бокуи пинҳонкор», А. Зӯҳроббеков «Озаристон*, Ҳ. Аббосзода «Генерал» ва ғайра чоп шуданд. Солҳои охир насрнависон Ашар, Мак­суд ва Рустам Иброҳимбековҳо ва дигар ба арсаи адабиёт қадим ниҳоданд. Танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ инкишоф меёбад. Китоби 3- ҷилдаи «Таърихи адабиёти Озарбойҷон» (1957—60) нашр шуд. Дар бо­раи классикони озарбойҷонӣ (Низо- мӣ, Фузулӣ ва дигар) рисолаҳо таъ­лиф карда шудаанд.

            Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Ёдгориҳои санъати Озарбойҷон таърихи қадимӣ доранд. Дар Кобустон нақшқои рӯи харсанг ёфт шуданд. Дар рӯи хар- сангхо манзараҳои меҳнат, маишат бо эҳсосоти баланд кандакорӣ шу­даанд. Ин нақшҳо ба ҳазораҳои 8— 7 то милод мансубанд. Санъати асарҳои меъморӣ аз маснуоти фулузӣ, ҳайкалҳои хурд, зарфҳои сафолину шишагӣ иборат буд. Харобаҳои шаҳрҳои Қабола, Чироғқалъа (асри 6), комплекси маъбад дар шаҳри Мингечаур (асри 7) маҳфуз мондаанд.

Истилои араб (асри 7) ва паҳншавии ислом сабаби пайдо щудави иншооти нав (масҷид, манор, Мадраса, мақбара) гардиданд. Маҳдуд кардани офариниши расмҳои махлуқоти зинда ба инкишофи санъати наққошӣ сабаб шуд. Дар асрҳои 9—10 мактабҳои рассомию меъмории Нахҷувон, Шервону Обшорон ва совитар Табрез ташаккул ё^пганд. Дар а. 15 дар Боку комплекси қасрҳо (қасри Шервон) ва дар Табрез Масҷнди ка- буд (1465), ки бо нақшунигори зебои худ машҳур аст, сохта шуданд.

Дар мамлакатхои исломӣ дар наққошии минётурӣ, каллиграфия ва нақшунигори дастнависҳо мактаби Табрез ҷои намоёнро ишғол мекулад. Баъди ба Россия ҳамроҳ; шудани Озарбойҷон таъсири меъмории рус мушоҳида мешавад. Дар солҳои 20 аввалин посёлкаҳои ободи коргарнишин — «Аз- нефт», посёлкаи он номи Мамедеёров ва дигар клубу қасрҳои маданият сохта шуданд. Доир ба азнавсозии Боку тадбирҳо андешида меша­ванд. Дар ҳамон давра дар Озарбойҷон меъморони номии советӣ — бародарон Веснинҳо, А. Шусев ва баъдтар С.А. Дадашев, Э. А. Қосимзода ва дигар кор мекарданд. Дар солҳои 20—30 дар санъати тасвирӣ, асосан графика (А. А. Азимзода, И. Г. Охундов ва дигар), дар солҳои 30—40 ҳайкалтарошӣ (П. В. Сабсай, Ф. Г. Абдураҳмонов ва дигар) ва наққошӣ (А. С. Саломзода, С. Б. Баҳлулзода ва дигар) инкишоф ёфта буд. Охири солҳои 50 дар инкишофи санъати советии Озарбойҷон дав­раи нав оғоз ёфт.

Тараққиёти комплексии шаҳрҳои нав (Сумгаит, Мингечаур ва дигар), бунёди микрорайонҳо (Салахани ва дигар), дар сохтмон истифода намудани лоиҳаҳои якхелаю усулҳои индустриявӣ, тартиб додани лоиҳаи азнавсозию васеъшавии шаҳрҳо шоёни диққатанд. Ҳайкалтарошон 0. Г. Элдоров, Т. Г. Мамедов, графикҳо М. Ю. Раҳмонзода ва дигар, наққошон М. Г. Абдуллоев, И. С. Қосимов ва дигар сазовори эътирофи умум гардиданд.

Мусиқӣ.  Мусиқии озарбойҷонӣ тӯли асрҳо ҳамчун санъати фолклорӣ буд. Намунаҳои оҳангҳои класси­кӣ ба вуҷуд оварда шуданд. Сурудҳои меҳнат («Анвори меҳнат» ва ғайра, таърихӣ (Гӯрӯғлӣ), лирикӣ («Ту ба маҳбубаам монандӣ» ва ғайра), маросимӣ, тӯёна, ҳаҷвӣ («Биё-биё») ва ғайра офарида шуданд. Асбобҳои мусиқии озарбойҷонӣ: тор, соз, камонча, сур­най, нақора ва ғайра. Дар асрҳои миёна муғомҳо, силсилаи песаҳои созию овозӣ, ки матни онҳо одатан шеърҳои шоирони классикӣ мебошад, ба вучуд омаданд.

У. Ҳоҷибеков дар асараш «Асосҳои мусиқии халқии озарбойҷонӣ» назарияи пардаҳои мусиқии озариро муқаррар кард. Дар ибтидои асри 20 эҷоди У. Ҳодибеков ба тараққиёти маданияти мусиқии замонавии Озарбойҷон замина фароҳам овард. Операи нахустини ӯ «Лайлӣ ва Маҷнун» аз рӯи достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Фузулӣ (1908 намоиш дода шудааст), ки он ба мусиқии халқӣ асос ёфтааст, ба операҳои мақомӣ ибтидо гузошт. Дар баробари операҳо У. Ҳоҷибеков 3 мазҳакаи мусиқӣ офаридааст, ки аз онҳо «Оршин мололон» (1913 намоиш дода шудааст) маъмулу машҳур гардид.

Баъди дар Озарбойҷон барпо шудани Ҳокимияти Советӣ консерватория (1921), техникуму мактабҳои мусиқӣ кушода шуданд. Р. М. Глиэр операи «Шоҳсанам» (1927), А. Магомаев операи «Наргис» (1935), У. Ҳоҷибеков операи «Гӯруғлӣ» (1937), А. Бадалбейли нахустин балети озарбойҷониро (1940) офариданд. Сарояндагон Ш. Мамедова ва Булбул асосгузори мактаби маҳорати сарояндагии миллии ҳозираи Озарбойҷон буданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ опе­раи «Ватан»-и Қ. Қароев ва Ҷ. Ҳоҷиев (1945) ва дигар асарҳо офарида шуданд. Солҳои баъди ҷанг мусиқии симфонӣ хеле вусъат ёфт.

Дар солҳои охир дар баробари устодони насли калон ба монанди Қ. Қароев (балети «Бо роҳи раъди ғуррон», 1958), Ф. Амиров ва дигар мусиқичиёни бомаҳорати ҷавон А. Ризоев, М. Мирзоев, О. Зулфиқоров ва дигар ба арсаи санъат омаданд. Дар Боку Консерваторияи ба номи У. Ҳоҷибеков, Театри опера ва балети ба коми М. Ф. Охундов, Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Ш. Қурбонов ва Театри суруд ҳастанд.

            Театр. Ибтидои санъати театрии халқи Озарбойҷон аз рақсҳои халқии қадима, аз театри лухтакии «Килим-арасы» («Аз паси қолин») оғоз меёбад. Дар асрҳои миёна театри динӣ-мистериявӣ пайдо шуда буд. Таъсири маданияти пешқадам ва маданияти халқи рус, ки дар ибтидои асри 19 баро­бари ба Россия пайвастани Озарбойҷони Шимолӣ пурзӯр шуда буд, барои ташаккули театри касбии Озарбойҷон мусоидат кард. Асарҳои драмавии сардафтари адабиёти реалистии Озарбойҷон М. Ф. Охундов  боиси инкишофи театри миллӣ гаштанд. Соли 1873 дар Боку мазқакаҳои Охундов «Ҳоҷӣ Қаро» («Саргузашти лаим») ва «Вазири хонии Ленкоран» намоиш дода шуданд, ки дар онҳо ходими намоёни ҷамъиятӣ Г. Зардобӣ ва шогирдони ӯ драма­тургони оянда Н. Ф. Вазиров, А. Адигезалов ва дигар иштирок доштанд.

Соли 1920 Театри давлатии муттаҳида ташкил шуд, ки ҳозир Театри ба номи М. Азизбеков мебошад. Театр доимо ба анъанаҳои беҳтариии миллӣ такя ва ба асарҳои классикии чаҳонӣ муроҷиат менамояд. Дар солҳои 20 спектаклҳои «Арӯси оташ», «Севил», «Дар соли 1905»-и Ҷ. Ҷабборлӣ ба саҳна гузошта шу­данд. Дар солҳои 30—40 спектаклҳои «Малик» ва «Сиёвуш»-и Ҳусейн Ҷовид, «Ҳаёт»-и М. Иброҳимов, песаҳои «Воқиф», «Фарҳод ва Ширин» ва «Хонлар»-и С. Вурғун ва дигар намо­иш дода шуданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ песаҳои «Вафо»-и Расул Ризо, «Интиқом»-и 3. Халил ва дигар, солҳои 50—-60 спектаклҳои «Халиҷи Илич»-и Ҷ. Маҷнунбеков, «Дар соҳилҳои дурдаст»-и Г. Сейдбейлӣ ва И. Қосимов, «Аланга»-и М. Хусейн ва дигар ба саҳна гузошта шуданд. Артистон М. Алиев, С. Руҳулло, Р. Таҳмосиб, Б. Г. Шекинская, А. М. Шарифзода, У. Раҷаб ва дигар дар инкишофи санъати театрии миллӣ саҳми арзандае гузоштанд.

            Кино. Аввалин филми бадеии кинои озарбойҷонӣ «Дар олами нефт ва миллионҳо» мебошад, ки соли 1916 аз рӯи асари И. Мӯсобеков ва бо иштироки артисти барҷаста Г. Араблинский (режиссёр Б. Н. Светлов) ба навор гирифта шуда буд. Нахустин филми бадеии советии озарбойҷонӣ — «Қиссаи Қизқалъа» (1924, ре­жиссёр В. В. Баллюзек).

Солҳои 20—30 аввалин коллективи кормандони эҷодии кинои озарбой- ҷонӣ ташаккул ёфт: Ҷ. Ҷабборлӣ, А. М. Шарифзода, А. Қулиев, М. Ю. Михайлов, С. Мардонов. Онҳо чандин филмҳо офариданд: «Бо номи худо» (1925), «Ҳоҷӣ Қаро» (1929), «Латиф» (1930) ва ғайра.

Соли 1945 аз рӯи песаи ҳаҷвии мусиқии У. Ҳоҷибеков «Оршин моло­лон» (режиссёр Р. Таҳмосиб ва Н. М. Лешенко) филм гирифта шуд. Филмҳои «Вохӯрӣ” (1956, режиссёр Т. М. Тағозода), «Дили кушоди ӯ» (1959, режиссёр А. М. Иброҳимов), «Одам лангар мепартояд» (1968, ре­жиссёр А. Бобоев), «Вартаи заррин» (1980, режиссёр К. Рустамбеков), «Нек ва бад» (1980, режиссёр Н. Мамедов) ва ғайра ба ҷиҳатҳои гуногуни ҳаёти ҳозира бахшида шудаанд.

Харита дар саҳифаи 288—289.

Адабиёт:       «Советский Азербайджан», Москва,

1981; Ариф Москва, Литература азербайд­жанского народа, Баку, 1958; Физическая география Азербайджанской ССР, Москва, 1959; История Азербайджана, том 1—3

Баку, 1958—83; Очерки истории Комму­нистической партии Азербайджана, Ба­ку, 1964; Развитие науки в Советском Азербайджане, Сборник статей, Баку, 1987- Ис­кусство Азербайджана, том 1—12. Баку, 1949—68.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …