Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Республикаи Нигер

Республикаи Нигер

(Niger), Республикаи Нигер (Ripubligue du Niger), давлатест дар Африкаи Ғарбӣ. Дар Шимол бо Алҷазоир ва Либия, дар Шилол бо Республпкаи Чад, дар Ҷануб ва Ҷанубу Ғарб бо Нигерия, Дагомея ва Волтаи Боло, дар ­Ғарб бо Мали ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 1267 ҳазор км2. Аҳолиаш 5,64 млн нафар (1980). Пойтахташ —шаҳри Ниамей (аҳолиаш 250 ҳазор, 1980). Ба 7 департаменти маъмурӣ тақсим шудааст.

Сохти давлатӣ. Нигер— республика. Баъд аз табаддулоти ҳарбии 15 апрели 1974 конститутсяи он бекор карда шуд. Ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия ба Совети олии ҳарбӣ (СОҲ) мансуб аст. Сардори давлат ва ҳукумат, инчунин раиси Совети олии ҳарбӣ президент мебошад. Системаи суди: Суди Олӣ, апеллятсионӣ, судҳои инстансияи якум ва судҳои оштидиҳанда.

Табиат. қисми зиёди территорияи Нигерро Саҳрои Кабир ташкил медиҳад. Сат­ҳи территорияи Нигер асосан аз пуштакӯҳҳои баландиашон то 500 м иборат. Қисми марказӣ — Аир масоҳаташ васееро ишғол мекунад ва аз пуштакуҳҳои алоҳидаи баландиашон аз 1000 то 1500 м (нуқтаи баландтарини к. Безеган —1900 м) иборат мебошад. Дар Ҷанубу Ғарби водии дарёи Нигер, дар Ҷанубу Шарқ як қисми кӯли Чад ҷойгир аст. Тамоми территорияи Нигер дар ҳудуди платформаи Африка воқеъ буда, рӯи онро таҳшинҳои давраи палеозой, мезо­зой ва кайнозой фаро гирифтаанд. Сарватҳои зеризаминӣ: маъдани уран, қалъагӣ, волфрам, ниобий, оҳан, мис, намаки ош. Иқлимаш тро­пикӣ, гарм ва хушк, дар субэкваторӣ; боронҳои кӯтоҳмуддати мавсимӣ меборанд (3—4 моҳ). Ҳарорати ми­ёнаи январ дар Шарқ аз 15°, дар % то 25°, июл 25° ва 30° С. Боришоти со­лона дар Ҷануб 250—300 мм дар Шимол ва пуштакӯҳи Аир 80—100 мм. Яго­на дарёи хушкнашаванда — Нигер.

Даштҳои хокашон сурху бур ва сурхчатоб бисёранд. Растаниҳои биёбонӣ ва нимбиёбонӣ бештаранд. Дар Ҷануб саваннаҳои дарахтони камёби ақоқия, баобаб, нахли сирак мерӯянд. Дар Ҷануб шер, фил, заррофа, оҳу, шағол, кафтор ва хояндагон ҳастанд.

Аҳолӣ. Ҳайати этникии аҳолии Нигер мураккаб аст. Дар Ҷануб хаусҳо (50%), дар Ҷанубу Ғарб сонгаҳо ва ҷермаҳо, барбарҳо, каури, манта, дар Ғарб туарегҳо зиндагонӣ мекунанд. Кӯчманчӣ ва нимкӯчманчиёни фулбе дар ҳамаи ноҳияҳои мамлакат ҳастанд. Шумораи ками европоиён, асосан франсавиҳо низ маскунанд. Забони асосӣ — Франсавӣ. 85%’аҳолӣ мусулмон, боқимондагон пайрави дигар динҳои анъанавии маҳаллланд. Аҳолӣ асо­сан дар Ҷануб зиндагонӣ мекунад. Калонтарин шаҳрҳо: Ниамей, Зиндер, Маради, Тахва.

Очерки таърихӣ. Дар территорияи Нигер одамон аз қадимулайём маскунанд. Бозёфтҳои археологии давраи нео­лит ба он гувоҳӣ медиҳанд. Дар асрҳои миёна баъзе қисмҳои Нигери ҳозира ба ҳайати давлатҳои ҳамсоя до­хил буд. Вилоятҳои ғарбӣ ва ҷанубу ғарбӣ ба давлати Сонгаи тааллуқ доштанд, ноҳияҳои шарқӣ наздики асри 9 ба ҳайати давлати Канеми—Борну, ноҳияҳои Ҷанубӣ дар ибтидои асри 19 ба ҳайати давлати Сокото дохил буданд.

Аз солҳои 80 асри 19 Нигер ба таҷовузи мустамликадорон дучор шуд. Нигер соли 1904 бо мустамликаи Сенегал—Нигери Боло, ки ба ҳайати Африкаи Fapбии Франсавӣ (АҒФ) дохил буд, ҳамроҳ карда шуд; соли 1922 мустамликаи Нигер ноҳиян маъмурии алоҳидаи АҒФ гардид. Истилои Нигер боиси таназзули хоҷагии қишлоқ, ҳунармандӣ ва савдо шуд. Нигер ба мамлакати якказироат (арахис) табдил меёбад. Халқ ба муқобили франсавиҳои истилогар мунтазам мубориза мебурд. Шӯришҳои халқҳои черма (1905), тубу ва туа­регҳо (1906—1914), туарегҳо ва дигарон (1914—1917) аз ин бобат шаҳодат ме­диҳад. Дар байни ҷангҳои якум ва дуюми чаҳон низ халқи Нигер ба муқобили мустамликадорон мубориза ме­бурд. Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон ба ҳаракати миллии озодихоҳӣ Парти­яи прогрессивии Нигер (ППН, таъсисаш 1946) роҳбарӣ кард. Соли 1951 қаноти чапи ППН бо сардории Ҷибо Бакари аз ин партия баромада, пар­тияи нав — Иттифоқи демократии Нигерро ташкил дод, ки он соли 1958 ба партияи Саваба (ба забони хауси —Озодӣ) табдил ёфт.

Нигер соли 1958 дар Ҳайати Иттиҳодияи Франсавӣ «автоном или демократӣ» эълон карда шуд. ППН дар интихоботи Маҷлиси милли ғалаба карда, ҳукумати якпартиявӣ таъсис намуд. Ин ҳукумат фаъолияти партияи Савабаро манъ кард (1959). Авҷи ҳаракати миллии озодихоҳӣ ҳукумати Франсияро маҷбур кард, ки ба шартномаи ба Нигер додани истиқлолият имзо кунад. 3 августи 1960 Нигер аз Иттиҳодия баромад, аммо Франсия ба гардани он як қатор уҳдадориҳоро бор карда бар қувваҳои мусаллаҳ муносибатҳои дипломатӣ, молия ва иқтисодиёти мамлакат назоратро пурқувват намуд. Партияи ҳукмрони Нигер аз мавқеи миллатчигии африкоӣ баромад карда, дар бораи ҷамъияти ба худ хоси африкоӣ те­зис пешниҳод намуда ва консепсияи роҳи мобайнии» байни капитализм ва сотсиализмро пеш гирифт Нигер бо мамлакатҳои «Бозори умумӣ» ва Канада алоқа дорад. Чунин сиёсат ба дигаргунсозиҳои асосии иқ­тисодӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷиддии инкишофи мамлакат имноният намедод. Ҳукумат дар соҳаи сиёсати хо­риҷӣ аз мавқеи бетарафӣ баромад карда, сиёсати инкишоф додан и алоқаҳои берунаро пеш гирифт.

Апрели 1974 табаддулоти ҳарбӣ ба амал омад. Ҳикимият ба дасти Совети олии ҳарбӣ (СОҲ) бо сардории под­полковник С. Кунче гузашт. Конс­титутсия бекор ва фаъолияти Парти­яи прогрессивии Нигер манъ карда шуд. СОҲ ҳазор намуд, ки ӯҳдадориҳои байналхалқии аз ин пеш қабулшударо иҷро хоҳад кард. Ҳуку­мати Кунче дар coҳaи сиёсати дохилӣ кушиш карда истодааст, ки масъалаҳои бекорӣ, муҳоҷирати аҳолии деҳот ба шаҳрҳо, беқурбшавии пули коғазӣ, баланд шудани нарху наво ва ҳаннотиро ҳал намояд. Феврали 1976 вазъияти иқтисодии мамлакат хеле ванин буд. Ҳукумат ба дигар мамлакатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ муроҷиат намуд, ки ба Нигер ёрӣ расонанд. Нигер маҷбур шуд, ки аҷ ҳисоби ёрии моддии Иттиҳодияи иқти­содии Европа 10 ҳазор т тухми арахис харида гирад. Марти 1976 барои та­баддулоти нави давлатӣ кӯшише карда шуд. Ноябри ҳамон сол хонандагони литсейҳо исён бардошта, талаб намуданд, ки шароити таҳсил беҳтар карда шавад. Аммо ҳукумат литсейҳоро ба мӯҳлати як сол баст. Нигер моҳи феврали бо Кампучия ва моҳи апрели бо Куба алоқаҳои дипломатӣ барқарор намуд. Муносибатҳои дип­ломатии байни Нигер ва СССР соли 1972 ба роҳ монда шуданд. Соли 1975 ҳарду давлат доир ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникӣ шартнома баст. Нигер аз соли 1960 аъзои ТДМ мебошад.

Иттифоқҳои касаба. И т т и ҳ о д и  миллии меҳнаткашони Ни­гер (таъсисаш 1959). Аз соли 1962 он ба Федератсияи иттифокҳои касабаи Африка дохил аст.

Хоҷагӣ. Нигер мамлакати аграрии қафомонда ва суст тараққикардаест. Дар он асосан зироат ва чорводорӣ нисбатан пеш рафтааст. Соҳахои асосии хоҷагӣ ба капитали хориҷӣ, алалхусус ба капитали Франсия, тобеанд. 97% аҳолии қобили меҳнати мамлакат дар хоҷагии қишлоқ кор мекунад. Заминдории обшинагӣ, хоҷагиҳои хурди натуралӣ ва нимнатуралӣ бартарӣ доранд. Дар мамлакат арзан, чойчуворӣ, маниок, найшакар, шолӣ, батат, пахта, тамоку, хурмо, сабзавот парвариш мекунанд. Зироати асосии экспортшаванда арахис (95,5 ҳазор т, 1976) мебошад. Гуммиарабик, капок, мағзи карите низ ҷамъоварӣ карда мешавад. Дар марказ ва шимол Нигер чорводорӣ инкишоф ёфтааст. Саршумори чорво (1978, ба ҳисоби млн cap): гов — 2,99, гӯсфанду буз —9,46, уштур — 0.35. Бо моҳигирӣ низ машғуланд. Сарватҳои зеризаминӣ: уран, маъдани қалъагӣ, гаҷ, намаки ош, сода. Аз 4/з ҳиссаи маҳсулоти саноатиро корхонаҳои саноати хӯрокворӣ медиҳанд. Корхонаҳои асосии он: заводҳои муқашшаркунии ара­хис ва истеҳсоли равғани арахис, заводҳои биринҷ, шир, заводи пахта, фабрикаи бофандагӣ, заводҳои даббоғӣ ва чарм, заводи семент ва ғайра. Ҳунармандӣ хеле тараккӣ кардааст. Нақлиёти автомобили намуди асосии нақлиёт мебошад. Тӯли роҳҳои автомобил- гард 18 ҳазор км (1978). Нигер роҳи оҳан надо­рад. Дарёи Нигер киштигард аст. Дар Ниамея аэропорт ҳаст. Нигер ба хориҷа арахис, чорво, консентрати уран бароварда, аз хориҷа газвори пахтагин, маҳсулоти саноати мошинсозӣ, маҳсулоти нефт, шакар мегирад. Шарикони асосии савдояш: Франсия, Нигерия, РФГ.

В о ҳ и д и пул — франки африкоӣ.

Тандурустӣ. Солҳои 1965—1970 таваллуд ба ҳар 1 ҳазор аҳолӣ 52,2, фавти умумӣ 23,3 буд; фавти кӯдакони навзод бештар аст: ба 1 ҳазор кӯдаки навзод 200 фавт рост меояд. Касалиҳои сироятӣ ва паразитарӣ бисёранд. Солҳои 1970—1971 касалии сил, сулфакабутак, махмалаи, варақа, хе­ле паҳн гардида буд. Солҳои 1969—1970 дар мамлакат 67 муассисаи табобатӣ (дорои 2 ҳазор кат, 0,5 кат ба 1 ҳазор аҳолӣ) кор мекард. Соли 1973 дар Нигер 81 духтур (1 духтур ба 52 ҳазор аҳолӣ) буд.

Маориф. Соли 1970 қариб 90% аҳолӣ бесавод буд. Кӯдакон расман аз син­ни 7—15-солагӣ бояд ҳатман таҳсил намоянд. Мӯҳлати таҳсил дар мак­таби ибтидоӣ 6 сол, дар мактаби миёнаи пурра (литсей) 7 сол, дар мак­таби миёнаи нопурра (коллеҷ) 4 сол. Таълим ба забони франсавӣ. Со­ли таҳсили 1970/71 дар мактабҳои ибтидоӣ 88,6 ҳазор дар мактабҳои миёна 6,5 ҳазор талаба мехонд. Дар ба­заи коллеҷ муаллим тайёр карда мешавад. Дар Ниамей университет (таъси­саш 1973), Мактаби маъмурии мил­лӣ, Музеи миллӣ, китобхонаи назди Мактаби маъмурии миллӣ ҳаст.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1974 дар мамлакат газетҳои ҳаррӯзаи «Саҳел» («te Sahel»), «Саҳал ҳебдо» («Sahel Hebdo») ва «Журнал офисел де ла Републик дю Нижер» («Officiel de Republigne du Niger «Journal») нашр мешуданд Ҳамаи нашрияҳо таҳти назорати ҳукуматанд. Соли 1967 идораи ҳукуматӣ — Управленияи радиошунавонӣ ва телевизион ба кор cap кард.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …