Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Республикаи Нахҷувон

Республикаи Нахҷувон

Нахҷувон Республикаи Автоно­мии Советии Сотсиалистӣ (Нахҷыван Мухтар Совет Сосиалист Республикасы), РАСС Нахҷувон. Дар ҳайати РСС Озарбойҷон 9 феврал 1924 ташкил ёфт. Дар қисми ҷануби ғарбии Закавказия ҷой гирифтааст. Дар Ҷануб ва Ғарб бо Эрон ва Туркия ҳамсарҳад мебошад. Масоҳаташ 5,5 ҳазор км2. Аҳолиаш 247 ҳазор нафар (1981). Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 5 район тақсим шуда, 3 шаҳр ва 3 птш дорад. Шаҳрҳо: Нахҷувон, Ҷулфа, Ӯрдубод, Марказаш — ш. Нахҷувон.

Республика бо ордени Ленин (1967) ва ордени Дӯстии халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

Конститутсияи ҷориро сессияи 8- уми ғайринавбатии Совети Олии РАСС Нахҷувон 30 маи 1978 қабул кардааст. Органи Олии ҳокимияти давлатӣ — Совети Олии РАСС Нахҷувон (ба мӯҳлати 5 сол интихоб карда меша­вад), дар байни сессияҳо — Прези- диуми Совети Олии республика. Совети Олӣ ҳукумати республика — Со­вети Вазиронро ташкил медиҳад. Органҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ: Советҳои депутатҳои халқии районӣ, шаҳрӣ, посёлкавӣ ва қишлоқӣ. Системаи судӣ: .Суди Олии РАСС Нахҷувон ва судҳои халқии районӣ.

            Табиат. Нахҷувон қисми ҷануби шарқии кӯҳсори Закавказияро ишғол мекунад. Қариб 75% территорияи он дар баландии 1000 метр аз соҳили баҳр воқеъ аст. Дар Шимол қаторкӯҳӣ Даралагез, дар Шарқ қаторкӯҳи Зангизӯр (нуқтаи баландтаринаш кӯҳи Капиҷик, 3904 метр) ҷой гирифтааст. Дар қисми ҷануб ва ҷануби ғарбӣ водии дарёи Аракс воқест. Сарватҳои зеризаминӣ: маъданҳои мо­либден, сурб, руҳ, мис, намаксанг, сулфур, сангҳои бинокорӣ ва ғайра. Зиёда аз 200 чашмаи минералӣ до­рад. Иқлимаш ниҳоят континентӣ. Ҳарорат миёнаи январ дар ҳамвориҳо 3 ва —6°Селсия, дар кӯҳҳо —10—14° Селсия; июл мувофиқан 28° Селсия ва аз 25° то 5°Селсия. Боришоти солона 300—500 миллиметр. Калонтарин дарёҳо: Аракс бо шохобҳояш Арпачай, Нахҷувончай, Алинчачай, Гелончай, Урдубодчай ва ғайра. Хокҳояш асосан бӯрӣ, хокистаранг, дорчинранг мебошанд. Дар ҳамвориҳо шибоғ ва шура, дар кӯҳистон растаниҳои баландкӯди даш- тй, субалпй ва алпй меруянд. Дар баландидои 1700—2350 м ҷо-ҷо бе- шадо вомехӯранд. Олами ҳайвонот: бузи кӯҳӣ, муфлон, хирс, бабр, гуроз, рӯбоҳ; аз паррандаҳо мурғи ҳилол, кабк ва ғайра.

            Маълумоти таърихӣ. Одам дар территорияи республика ҳанӯз аз давраи неолит маскан гирифтааст. Дар асрҳои 8—7 то м. Нахҷувон ба ҳайати давлатҳои Мана ва Мод, дар асрҳои 6— 2 то м. ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён, дертар ба ҳайати давлати Атропатен дохил мешуд. Нахҷувонро асрҳо 3 м. форсҳо, асрҳо 7 арабҳо, асрҳо 11 салҷуқиҳо забт карданд; ш. Нахҷувон (қароргоҳи султон Алпарслон) дар асри 12 пойтахти давлати Илдагизҳо буд.

Дар асрҳои 13—15 тамоми территорияи Нахҷувон зе­ри ҳукми муғулҳо ва Темур, тобеи давлатҳои Қароқуюнлу ва Оққуюн- лу, дар асрҳои 16—17 асри ҳукми давлати Сафавиён буд. Дар асри 17 дар Нахҷувон тақти роҳбарии Гурӯғлӣ ҳаракати деҳқонӣ ва зиддифеодалӣ вусъат ёфт.

Дар асри 18 хонии соҳибихтиёри Нахҷувон ба вуҷуд омад. Дар натиҷаи ҷанги Россияю) Эрон (1826—28) мувофиқи Созишномаи Туркмансой (1828) хонии Нахҷувон ба Россия ҳамрод карда шуд. Дар аввали асри 20 нахустин ячейкаҳои с.-д. в а ташкилоти «Гуммет» ба вуҷуд омаданд. Баҳор ва тобистони 1917 дар Нахҷувон, Ҷулфа ва стансияи роҳи оҳан Шоҳтахта Советҳо ташкил шуданд,’ аммо дар асл ҳокимият  монанди пештара боз чанде дар дасти беку хонҳо монд. Июни 1918 ин кишварро туркҳо, ноябр англисҳо ишғол  карданд;

Соли 1919 зери ҳукми дашнакҳою мусовотчиён буд. 28 июли 1920 дар Нахҷувон Ҳокимияти Советӣ эълон карда шуд. Феврал 1923 кишвари  автономии Нахҷувон ташкил гардид, ки он феврали 1924 ба РАСС Нахҷувон табдил ёфт. 18 апрели 1926 аввалин Конституцияи РАСС Нахҷувон қабул карда шуд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ меҳнаткашони рес­публика дар фронт ва ақибгоҳ мардонагӣ ва қаҳрамонӣ зоҳир намуданд. Ҳазорҳо нахҷувониҳо бо орде­ну медалҳо мукофотонида шуда, се нафари онҳо сазовори номи баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шуданд.

Хоҷагии халқи Нахҷувон дорои хоҷагии қишлоқи серсоҳа ва саноати мутараққӣ аст. Саноати хӯрокворӣ 62% маҳсулоти саноатро медиҳад. Дар Нахҷувон заводҳои оби минералӣ (Бадамлах ва Сироб), комбинати консерв (Урдубод), комбинати гӯшт, заводҳои вино, комбинати равғану панир, фабрикаи тамоку (Нахҷувон) ва ғайра ҳастанд. Саноати истихроҷи маъдан (конҳои Парагасой ва Нахҷувон), мошинсозӣ ва коркарди металл (заводҳои электротехникии Нахҷувон ва таъмири автомобилҳои Шахбуз) тараққӣ кардаанд. Калонтарин са­ноати сабуки Нахҷувон заводи пахтатозакунии Иличёвск, фабрикаи шоҳибофии Урдубод ва фабрикаи дӯзандагии Нахҷувон. Дар наздикии Нахҷувон мармар ҳосил намуда, намаксанг, маъ- данҳои молибден ва сурб низ истихроҷ мекунанд. Дар республика фабрикаи мебел, заводҳои радиотехникӣ ва таъ­мири автомобил мавҷуданд. Xоҷагии қишлоқи Навҷувон низ ривоҷу равнақ дорад. Заминҳо асосан обёришавандаанд. Зироати асосӣ: тамоку ва ғалла (асосан гандум). Дар доманаи кӯҳу теппаҳо боғдорӣ, токпарварӣ ва кирмакдорӣ тараққӣ кардааст. Аз чорво асосан гӯсфанд мепарваранд. Республика соли 1981 68700 гову барзагов, 288600 сар гӯсфанду буз дошт. Аз территорияи республика роҳи оҳани Боку — Ере­ван мегузарад.

            Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1981 дар Нахҷувон 46 беморхона, 52 амбулато- рияю поликлиника буд ва дар онҳо 503 духтуру 2374 нафар коркуни миёнаи тиббӣ кор мекард. Дар территорияи рес­публика чашмаҳои минералии Бодомли, Сироб, Даратоғ, Қизилвон ва ғайра ҳастанд.

            Маданият. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Ок­тябр 98% аҳолӣ бесавод буд. Дар сехи фабрикаи пилларесии Урдубод солҳои Ҳокимияти Советӣ таълими умумӣ  ҷорй гардид, бесаводӣ барҳам дода шуд. Соли таҳсили 1980/81 дар Нахҷувон 218 мактаби маълумоти умумӣ, 4 мактаби миёнаи махсус, Институти давлатии педагогӣ амал мекард. Соли 1980 дар Нахҷувон 236 клуб, 239 китобхонаи оммавӣ, 3 музей, театри драмаи му- сиқӣ буд. Дар республика 5 газета аз ҷумла газетаи республикавии «Шарг гапысы» («Дарвозаи Шарқ», аз соли 1921) нашр мешавад. Барномаҳои ра­дио ба забонҳои озарӣ, арманӣ ва русӣ шунавонида мешавад. Маркази телевизион аз соли 1963 кор мекунад.

Аз территорияи РАСС Нахҷувон бисёр осори маданияти қадима (асбобҳои аз биринҷӣ, санг, гил сохташуда), боқимондахои иморатхои охири ҳазораи 2—1 то метр, оромгоҳҳои манорадори асрҳои миёна маҳфуз мондаанд. Дар Нахҷувон санъати меъмории маҳаллӣ ҳанӯз дар асрҳои миёна ташаккул ёфтааст: Ёдгориҳои Ҷӯга, Қаробоғлар ва биноҳои истиқоматии Ур­дубод (асрҳои 18—19) шоҳиди онанд. Дар Нахҷувон асосгузори санъати тасвирии реалистии Озарбойҷони со­ветӣ Б. Ш. Кенгерли зиндагй ва кор кардааст. Бисьёр намудҳои санъати ороишӣ-амалӣ (шоҳибофӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, кандакорӣ ва ғайра) аз давраҳои қадим инкишоф ёфтааст. Соли 1970 шӯъбаи нахҷувонии ИР РСС Озарбойҷон таъсис ёфт.

Адабиёт: 40 лет Нахичеванской АССР, Ба­ку, 1964; Абасов М. А., Геоморфоло­гия Нахичеванской АССР, Баку, 1970.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …