Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕСПУБЛИКАИ ХАЛҚИИ СОВЕТИИ БУХОРО

РЕСПУБЛИКАИ ХАЛҚИИ СОВЕТИИ БУХОРО

РЕСПУБЛИКАИ ХАЛҚИИ СОВЕТИИ БУХОРО (РХСБ), республикаи советиест дар Осиёи Миёна, ки дар натиҷаи ғалабаи револютсияи халқии зиддифеодалӣ, зиддиимпериалистӣ (2 сентябри 1920) ва дастгирии Армияи Сурх барпо гардида, то соли 1924 вуҷуд дошт. Масоҳати 182 193 километр2, аҳолиаш зиёда аз 2,2 миллион нафар буд, ки онро асосан тоҷикон, ӯзбекҳо ва туркманҳо ташкил медоданд. Забони расмии коргузорӣ дар республика забони тоҷикӣ буд. Пойтахташ шаҳри Бухоро.

rxb
То ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр халқи меҳнаткаши аморати Бухоро дар зери эулми дутарафа буд. Меҳнаткашони ин кишварро ҳам амалдорону феодалони маҳаллӣ ва ҳам Россияи подшоҳӣ ғорат мекарданд. Револютсияи Октябр ба зулми мустамликавӣ хотима дод. Давлати Советӣ аз рӯи принсипҳои ленинӣ амал карда, 29 ноябри (12 декабри) 1917 истиқлолияти Бухороро шинохт. Вале ҳукумати амирии Бухоро бо контрреволютсионерони дохилии Россияи Советӣ ва империалистони хориҷӣ, пеш аз ҳама Англия, забон як карда, нисбат ба Ҳокимияти Советӣ сиёсати душманонаро пеш гирифт. Зулму истибдод дар аморат авҷ гирифт. Андозҳои вазнин худсариҳои ҳукуматдороии амири оммаи мазлумро ба дод меоварданд. Норозигии халқ аз сохти амири то рафт меафзуд. 25 сентябри 1918 бо ташаббуси А. Еқубов, А. Тӯраев, А. Алиев, Н. Ҳусейнов, Н. Қурбонов ва дигар Партияи Коммунистии Бухоро (ПКБ) ташкил ёфт, ки он ба ёрии Российская Коммунистическая Партия (большевиков) (б) такя карда, қувваҳои ре-волютсионии халқро ба шӯриши мусаллаҳ тайёр кард. Дар миёнаи солҳои1920 дар аморати Бухоро вазъияти револютсионӣ пухта расид, ки ба он мустаҳкам шудали Ҳокимияти Советӣ дар Туркистон низ ёрӣ расонд. Штаби фронти Туркистон отрядҳои ҷангии навбунёди бухориёнро бо яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҳарбӣ таъмин намуд. Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Бухоро, ки дар Чорҷӯй 16—18 августи 1920 барпо гардид, фронти ягонаи зидди ҳукумати амирро ташкил намуда, меҳнаткашони Бухороро ба шӯриш даъват кард. Дар ин вақт Партияи Коммунистии Бухоро дар сафҳои худ 5 ҳазор аъзо ва 20 ҳазор хайрхоҳ дошт. Отрядҳои мусаллаҳи бухороиён 5 ҳазор аскарро ташкил медоданд, ки ба онҳо ихтиёриёни зиёде ҳамроҳ гардиданд. Комитети Марказии Партияи Коммунистии Туркистон 500 нафар коммунистони тоҷик ва ӯзбекро ба сифати коркунони сиёсӣ ба ихтиёри Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро фиристод. 23 августи 1920 дар маҳали Шакарбозори бекии Чорҷӯй шӯриш сар шуд. 25 августи 1920 барои роҳбарии умумии револютсия Маркази партиявӣ ташкил карда шуд. 28 августи 1920 дар худи Чорҷӯй шӯриш сар зад, ки дар рафти он органи ҳокимияти халқи шӯришгар Комитети муваққатяи револютсионӣ таъсис гардид. Коми-тети муваққатии револютсионӣ тамоми мардуми Бухороро ба револютсия даъват кард ва ба воситаи Комиссияи туркистонии Комитети Иҷроияи Марказӣ ва Совети Комиссарони Халқ Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия аз Ҳукумати Советии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия мадад пурсид. Мувофиқи ин талаб Қисмҳои Армияи Сурх бо сардории М. В. Фрунзе ба ёрии халқи Бухоро омаданд. 29 августи 1920 Чорҷӯи Кӯҳна озод карда шуда, муҳорибаи шаҳри Бухорои Кӯҳна оғоэ ёфт. То 1 сентябри 1920 халқи шуришбардошта ва қӯшунҳои сурхи Бухоро бо ёрии бародаронаи аскарони сурх Бурдалик, Қаршӣ, Китоб, Шаҳрисабз, Чироқчӣ, Яккабоғ, Хатирчӣ ва Карминаро озод карданд. Дар вақти ҳуҷум ба Бухорои Кӯҳна хитобномаҳо паҳш карда мешуд, ки бештари онҳо ба қалами Садриддин Айнӣ тааллуқ дошт. 2 сентябри 1920 шаҳри Бухорои Кӯҳна ишғол гардид. Револютсияи Халқии Советии Бухоро ғалаба кард. Ҳокимият ба ихтиёри Комитети револютсионии Умумибухоро гузашт ва он хоҳиши меҳнаткашонро ба назари эътибор гирифта, Бухороро Республикаи Халқии Советӣ (РХСБ) эълон кард. Органи олии иҷроия ва идоракунандаи ҳо-кимияти давлатии Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ — Совети Нозирони Халқ таъсис карда шуд, ки он 9 нозирот — вазорат (замин, савдо ва саноат, хӯрокворӣ, маориф, ҳарбӣ, дохилӣ, адлия, корҳои хориҷӣ, молия)-ро дарбар мегирифт. Трибунали олии револютсионӣ ва Комиссияи фавқулодда низ ташкил ёфт. Давлати Советӣ дар ташқили идоракунии Республикаи Халқии Советии Бухоро аз ҳар ҷиҳат мадад кард. 9 сентябри 1920 ба Бухоро В. В. Куйбишев фиристода шуд. 14 сентябри маҷлиси якҷояи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро , Комитети револютсионӣ ва СНХ Республикаи Халқии Советии Бухоро барпо гардид, ки он дар ҳайати 9 нафар коммунист органи олии қонунгузор ва назорат — Комитети Револютсионии Умумибухороро (роҳбараш А. Му-ҳиддинов) интихоб кард. 6—8 октябри 1920 дар собиқ қасри тобистонаи амир — Ситорип Моҳихосса Қурултой (съезд)-и 1-уми Умумибухороии намояндагони халқ шуда гузашт, ки он Республикаи Халқии Советӣ эълон гардидани Бухороро ба расмият даровард.
Республикаи Халқии Советии Бухоро аз ҷиҳати сохти давлатии худ диктатураи револютсионӣ-демократии коргарон ва деҳқонон буда, зинаи гузариш ба Республикаи Советии Сотсиалистӣ буд. Барои инкишофи минбаъдаи Республикаи Халқии Советии Бухоро ёрӣ ва дастгирии Давлати Советӣ аҳамияти калон дошт. Дар асоси шартномаи тарафайн 2 ноябри 1920 тамоми заводу фабрикаҳои дар Республикаи Халқии Советии Бухоро воқеъгардидаи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия бепул ба ихтиёри Республикаи Халқии Советии Бухоро дода шуданд. 3 ноябри байни Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ва Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ «Муоҳадаи ҳарбию сиёсӣ» имзо гардид, ки он дар ташкили армияи револютсионии Бухоро роли калон бозид. 4 марти 1921 дар Москва байни Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ва Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ «Шартномаи иттифоқӣ» ва «Созишномаи иқтисодӣ» имзо шуд, ки он асоси дӯстии бародарона, ёрии сиёсию иқтисодӣ ва ҳамкории ҳарбии ҳар ду республика гардид. 23 сентябри 1921 Қурултои 2-юми Умумибухороӣ намояндагони халқ Конститутсияи Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ-ро қабул кард; ки он ба ихтиёри халқи меҳнаткаш гузаштани ҳокимияти давлатиро қонуни гардонида, барои фаъолияти онҳо роҳ кушод.
Дар тамоми давраи мавҷудияти Республикаи Халқии Советии Бухоро муборизаи пуршиддати синфӣ, махсусан муборизаи зидди босмачигарӣ, ки бештар Бухорои Шарқиро фаро гирифта буд, давом кард. Амир Олимхон ба Бухорои Шарқӣ гурехта ва бо мақсади аз нав барқарор кардани ҳокимияти худ сардорони роҳзанҳо ва ҷинояткорони номӣ Олимбой, Иброҳимбек, Фузайл Махсум ва дигарро дар атрофаш ҷамъ кард. Охири соли 1920 ӯ дар атрофи худ қариб 90 ҳазор касро ҷамъ карда, ба мубориза сар кард.
Зимистони соли 1920 бо ташаббуси Партияи Коммунистии Бухоро ва ҳукумати Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ ва ёрии бевоситаи Совети ҳарбии револютсионии Фронти Туркистон аз қисмҳои ин Фронти Туркистон ва ҳарбиёни Бухоро Отряди экспедитсионии Ҳисор (ОЭҲ) ташкил ёфт. Отряди экспедитсионии Ҳисор ОЭҲ Бойсун, Деҳнав, Сариосиё, Регар, Қаратоғ ва Ҳисорро аз дастаҳои роҳзанони амир озод кард. 21 феврали 1921 қисмҳои бригадаи якуми савораи Отряди экспедитсионии Ҳисор ОЭҲ таҳти фармондеҳии Я. А. Мелкумов ба қароргоҳи охирини амир шаҳри Душанбе дохил шуданд. Қисмҳои Отряди экспедитсионии Ҳисор ОЭҲ 24 феврали Қурғонтеппа ва Файзобод, 27 феврали Обигарм, 3 март Ғарм, 5 март Кӯлобро озод намуданд. Амир ба Афғонистон гурехт. Баъд моҷароҷӯй Анварпошшо, дастаҳои ғоратгари Салимпошшо, Иброҳимбек, Фузайл Махсум ва ғайра сарзамини Бухорои Шарқиро хело хароб карданд. Бале халқи меҳнаткаши Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ бо ёрии бародаронаи Армияи Сурх тавонист, ки муваффариятҳои револютсияро муҳофизат намояд. 1 феврали 1922 Партияи Коммунистии Бухоро ба ҳайати Российская Коммунистическая Партия (большевиков) РКП(б) қабул карда шуд, ки ин барои фаъолияти минбаъдаи он роли калон бозид.
Январи 1922 Комиссияи фавқулоддаи диктаторӣ (Диккомиссия)-и Комитети Иҷроияи Марказии Бухоро оид ба корҳои Бухорои Шар- қӣ ташкил ёфт, ки он ҳамчун органи олӣ то июни 1924 амал кард ва баъд ба ҷои он Комитети Иҷроияи Марказии Бухорои Шарқӣ ташкил ёфт. Бо мақсади тезонидани суръати азнавбарқароркунӣ, барҳам додани харобии иқтисодӣ, барқарор кардан ва тараққӣ додани хоҷагии халқи республикаҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразм марти 1923 бо қарори Конференсияи 1-уми Туркистон, Бухоро ва Хоразм маркази ягонаи иқтисодӣ — Совети иқтисодии осиёи- миёнагӣ (СИОМ) ташкил карда шуд. Доду гирифти тиҷоратии Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ ва Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР авҷ гирифт. Аз Россияи Советӣ ба Бухоро маҳсулоти саноатӣ: металл, карасин, гӯгирд ва ғайра оварда, аз Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ ба Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР пахта, пашм, пӯсти қарокӯлӣ ва ғайра фиристонида мешуд. Солҳои 1922—23 Ҳукумати Советӣ барои аз нав барқарор кардани иқтисодиёти Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ бебозгашт 50миллион сум дод. Бо мадади Давлати Советӣ корхонаҳои бофандагӣ ва саноатии Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ ба кор андохта шуданд. Мактабу касалхонаҳои нав кушода шуданд. Барои Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ дар Самарқанд, Тошкент, Москва ва ғайра кадрҳо тайёр карда мешуданд.
30 сентябри 1920 Комитети револютсионии умумибухороӣ дар бораи мусодира ва дар байни деҳқонони безамину камзамин тақсим кардани молу мулки амир ва хонаводаи ӯ декрет баровард. 5 октябри 1920 декрет «Дар бораи замин» бароварда шуд, ки мувофиқи он дар муддати ду сол аз деҳқонон ҳеҷ гуна андози замин гирифта намешуд. Соли 1924 Ҳукумати Советӣ ба Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ барои ёрӣ ба хоҷагиҳои камқувват 1 миллион сӯм қарзи ҳасана дод. Деҳқонон аз ҳукумати Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ тухмӣ, чорвои корӣ, асбобу анҷоми хоҷагии қишлоқ ва қарзи пулӣ мегирифтанд. Дар натиҷа майдони умумии кишт васеъ, обёрӣ ва чор- водорӣ ривоҷ ёфт. Деҳқонон ба «Иттифоқи Қӯшчӣ» муттаҳид шуданд. Соли 1921 дар Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ иттифоқи касаба ташкил ёфт, ки 1 августи 1923-ум 18.312 нафар аъзо дошт. 12 маи 1921 Иттифоқи ҷавонони Бухоро (дар съезди 1-ум) ташкил ёфт, ки дорои 980 аъзо буд. Соли 1924 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна конференсияи 1-уми занони Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ барпо гардид, ки дар он 300 нафар вакил иштирок намуд. Муваффақиятҳои иқтисодӣ ва мадании Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ барои ба республикаи сотсиалистӣ табдил ёфтани он замина фароҳам оварданд. Қурултои 5-уми Умумибухороии Советҳо (18—20 сентябри 1924) чор соли мавҷудияти Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ-ро ҷамбаст намуда, 19 сентябри 1924 Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ-ро Республикаи Советии Сотсиалистӣ эълон кард. Дар натиҷаи гузаронидани таъиноти миллии давлатии Осиёи Миёна ва ташкил ёфтани республикаҳои миллӣ 27 октябри 1924 Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ барҳам дода шуда, территорияи он ба таркиби республикаҳои навбунёди Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон ва Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (аз соли 1929 Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон) ҳамроҳ гардид.
Адабиёт: Шоимардонов X., Шаклу роҳҳои гузаштан ба сотсиализм, Душанбе, 1976; История коммунистических организаций Средней Азии, Ташкент, 1967; Победа Советской власти в Средней Азии и Казахстане, Ташкент, 1967; История Бухарской и Хорезмской Народных Советских республик, Москва, 1971* История таджикского народа, том 3, книга 1, Москва, 1964; История Узбекской Советской Социалистической Республики, том 3, Ташкент, 1967; Ишанов А. И., Бухарская Народная Советская Республика, Ташкент, 1969. Я. Ҳотамов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …