Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕСПУБЛИКАИ ФЕОДАЛИИ НОВГОРОД

РЕСПУБЛИКАИ ФЕОДАЛИИ НОВГОРОД

novgorod1400

РЕСПУБЛИКАИ ФЕОДАЛИИ НОВГОРОД, давлати феодалии Рус дар асрҳои 12—15. Дар натиҷаи тақсимоти феодалии Руси Киев ба вуҷуд омад. Территорияи Республикаи Феодалии Новгород ҳавзаи кӯли Илмен, дарёҳои Волхов, Ловати, Мсти ва Мологро дар бар мегирифт ва ба ноҳияҳои Водек, Обонеже, Деревск, Шелонск ва Бежеск тақсим мешуд. Дар ин давр заминҳои Новгород аз ҳисоби мустамликакунии Поморя ва Урали Шимолӣ зиёд мешуданд. Машғулияти асосии аҳолӣ зироат, шикор ва моҳигирӣ буд. Дар шаҳрҳои кӯҳнаи Новгород — Старая Русса, Ладога, Орешка ва дигар. шаҳрҳо, ки худҳокимии сиёсӣ доштанд, косибӣ ва савдо ривоҷ дошт. Дар асрҳои 14—15 заминдорин боярӣ афзуда, крепостнойгардонии деҳқонон пурзӯр гардид. Дар баробари инкишофи муносибатҳои феодалӣ дар Республикаи Феодалии Новгород дар асрҳои 12—15 му-боризаи синфӣ низ хомӯш намешуд. Органи олии ҳокимияти Республикаи Феодалии Новгород вече буд, дар асл бошад, давлатро совети боярҳо бо сардории архиепископ идора мекард. Доираи ихтиёрдории князҳои Новгород, ки аз киязиҳоя дигар даъват карда мешуданд, маҳдуд буд. Дар асрҳои 13—15 аҳолии Республикаи Феодалии Новгород якҷоя бо халқҳои Наздибалтика ба муқобили таҷовузкории феодалони немис, швед ва Дания муборизаи беамон мебурд. Дар нимаи дуюми асри 15 Республикаи Феодалии Новгород ба ҳайати давлати мутамаркази Рус дохил гашт.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …