Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕСМОНРЕСӢ

РЕСМОНРЕСӢ

resmonrsi

РЕСМОНРЕСӢ, истеҳсолоти ресмонресӣ, маҷмӯи просессҳои технологиест барои аз нахҳои нисбатан кӯтоҳ ҳосил кардани торҳои дароз (ресмон). Истеҳсолоти пахтаресӣ, пашмресӣ, зағирресӣ ва ғайра мавҷуданд. Дар просесси Ресмонресӣ нахҳо аввал тоза карда ва ғоз дода мешаванд, сипас аз онҳо н а в о р ва аз навор (баъди тофтани нахҳо) п и л т а пайдо мешавад. .Сонӣ аз пилта нахҳоро тор-тор кашида дар мошинҳои ресмонресӣ дубора метобанд ва ресмон ҳосил мекунанд. Дар охир ресмонро ба найчаҳо мепечонанд. Тасвир дар мақолаи Мошини ресмонресӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …