Маълумоти охирин

РЕСМОН

resmon

РЕСМОН, тори пухтаву чандирест, ки аз пахта, абрешим ва ғайра риштаанд. Ресмони аз як нах тофташударо якҷинса ва Ресмони аз ду ва зиёда хели нах тофташударо о м е х т а меноманд. Ҳоло Ресмони омехта бештар истифода мешавад. Вобаста ба таъинот Ресмонро ба дараҷаи гуногун мепазонанд. Масалан, барои бофти матоъ Ресмони асосӣ (тор) бештар, Ресмони пуд камтар, Ресмони бофти трикотаж аз он ҳам камтар пухта карда мешавад. Аз нахҳои абрешим, капрон ва дигар нахҳои химиявӣ Ресмони омехта тайёр мекунанд. Ресмони якҷинсаи аз капрон тайёршуда дар саноати ҷуроббофӣ истифода мешавад. Ресмонро ғайр аз нахҳои бофандагӣ аз коғаз, каучук, асбест ва ғайра ҳосил мекунанд. Ҳамаи навъҳои номбаршудаи Ресмон ашёи хоми саноати бофандагӣ ҳисоб меша-ванд. Аммо Ресмонҳои дар соҳаҳои дигари хоҷагии халқ (дӯзандагӣ, кашидадӯзӣ, атторӣ, ҷарроҳӣ ва ғайра) истифодашаванда низ мавҷуданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …