Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри РЕСИФӢ

Шаҳри РЕСИФӢ

resifi

РЕСИФӢ (Несие), Пернамбуку (РегпашЬисо), шаҳрест дар шимоли шарқи Бразилия. Маркази маъмурии штати Пернамбуку. Дар соҳили уқёнуси Атлатик қисман дар материк ва қисман дар ҷазираҳои марҷонии назди соҳил ҷойгир шудааст. Ресифӣ муҳимта-рин бандари баҳрӣ ва маркази иқтисодии шимоли шарқи мамлакат аст. Узели роҳи оҳан ва роҳҳои шоссе. Аэропорт дород. Аҳолиаш 1250 ҳазор нафар (1975). Дар шаҳр корхонаҳои саноати хӯрокворӣ (истеҳсоли қанд, маҳсулоти спиртӣ ва арақ), бофандагӣ, мошинсозӣ(аз ҷумла киштисозӣ), семент, химия, чарму пойафзол, тамоку мавҷуданд. Ба хориҷа қанд, пахта, чарм, чӯб, мева мебарорад. Университет дорад. Ёдгориҳои меъмории асри 17 (ибодатхонаҳо ва ғайра) боқӣ мондаанд. Ресифӣ дар нимаи аввали асри 16 бунёд шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …