Маълумоти охирин
Главная / Биология / РЕШ – яраи кӯҳна

РЕШ – яраи кӯҳна

РЕШ, карҳа, яраи кӯҳна, нуқсони пӯст ва ё пардаи дуобӣ; та-бобаташ хеле душвор аст (алалхусус Реши трофиқӣ ё тағзиявӣ). Реш ба сабаби ба бофтаҳо муддати дароз таъсир кардани омилҳои механикӣ, химиявӣ, ҳарорат ва ғайра, вайроншавии трофикаи (тағзияи) асабӣ, сироятҳои мухталиф (сил, сифилис, ҷузом, тифи шикам ва ғайра), фосидшавии омос рӯй медиҳад. Ба пайдоиши Реш ихтилолоти мубодилаи моддаҳо, муддати дароз заҳролуд шудани бадан, норасоии витаминҳо, вайроншавии кори ғадудҳои эндокринӣ, зайфу лоғар шудани организм боис мегарданд.

foto4_troficheskaya_yazva_operaciya

Муолиҷа: рафъи дарди асосӣ; ба ҷои Реш молидани марҳамҳо, гузоштани бандина, амалиёти физио-терапевтӣ; ҳангоми Решҳои доимӣ амалиёти ҷарроҳӣ.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …