Маълумоти охирин
Главная / Биология / РЕСЕПТОРҲО

РЕСЕПТОРҲО

РЕСЕПТОРҲО (аз лотинӣ гесер1ог — қабулкунанда, пазиро), ҳискунакҳо, асабҳои ҳассос (афферентӣ, марказшитоб) -ро гӯянд, ки ангезишҳои муҳитро қабул ва ба ҳаяҷон мубаддал намуда ба асабия (системаи асаб) мегузаронанд. Ресепторҳо аз ҷиҳати сохт ва вазифа хеле гуногунанд. Онҳо интиҳои озод ё бо капсулаи махсус пӯшидашудаи торҳои асаб ва ҳуҷайраҳои махсус (шабакияи чашм, даруни гӯш ва ғайра) мебошанд. Ҳамаи Ресепторҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: экстероресепторҳо (ё Ресепторҳои берунӣ) — Ресепторҳое, ки дар рӯи бадан ҷойгир буда, ангезишҳоро аз муҳиги берунӣ қабул мекунанд ва интероресепторҳо {в Ресепторҳои дарунӣ) — Ресепторҳое, ки дар бофтаҳои гуногун ва узвҳои дохили бадан (дил, рагҳои хун ва лимфа, шуш ва ғайра) қарор гирифта, ахборро аз аҳшо (узвҳои дохилӣ) қабул менамоянд (виссерересепторҳо) ва аз мавқеи бадан ё қисмҳои он дар фазо хабар медиҳанд (вестибулоресепторҳо). Проприоресепторҳо низ яке аз намудҳои интероресепторҳо мебошанд. Онҳо дар мушакҳо, пайвандаку пайҳо, банду буғумҳо ҷойгир буда, вазъи кору ҷунбиши мушакҳоро дарк мекунанд. Вобаста ба табиати ангезандаи даркшаванда хелҳои зерини Ресепторҳоро фарқ мекунанд: ангиоресепторҳо (даррокҳои рагҳои хун), бароре-септорҳо ё прессоресепторҳо (қабулкунандаҳои калавишҳои фишори атмосферӣ ва ба танзимдарорандаҳои тазйиқи хун), механоресепторҳо (ҳискунакҳои ангезиши механикӣ, масалан, ламсӣ), хеморесепторҳо (ҳискунакҳои ангезиши моддаҳои химиявӣ), тер-моресепторҳо (ҳискунакҳои ҳароратӣ, ки дигаргуниҳои ҳарорати беруни баданро ҳис мекунанд), фоторесепторҳо (даррокҳои рав-‘ шанӣ), осморесепторҳо (даррокҳои бӯй ва фишори осмосӣ). Ресепторҳое, ки сигналҳои ангезандаи аз бадан дуртар истодаро ҳис мекунанд, Ресепторҳои м а с о ф ӣ (дистантсионӣ) ва Ресепторҳое, ки ангезишро ҳангоми бевосита ба бадан расидани ангезанда қабул ме-кунанд, Ресепторҳои т а м о с ӣ (контактӣ) номида мешаванд. Ба ғайр аз Ресепторҳои номбаршуда боз Ресепторҳои фармакологӣ (Ресепторҳои ҳуҷайравӣ, Ресепторҳои насҷӣ ё бофтаҳо) низ мавҷуданд, ки дар ғизои (мембранаи) хӯҷайраи амалкунанда (эффекторӣ) ҷойгир шудаанд. Ин Ресепторҳо сигналҳои танзимкунанда ва корандози системаҳои асаб ва эндокринй, таъсири доруҳои маҳз ба ҳуҷайраи мазкур интихобан таъсиркунандаро дарк намуда, ин таъсиротро ба реаксияи хоссаи биохимиявӣ ё физиологӣ табдил медиҳанд.

Ресепторҳо сохти мухталиф доранд. Оддитарини онҳо интиҳои асаб ва мураккабтаринашон фоторесепторҳо (қаламчаю колбачаҳои шабакияи чашм) ва Ресепторҳои даруни гӯш мебошанд. Фаъолияти Ресепторҳоро асабияи марказӣ ба танзим медарорад.
Адабиёт: Вопросы физиологии интерорецепсии век 1, Москва—Ленинград„ 1952; Физиология сенсорных систем, чиоди 1—2, Ленинград„ 1971. М. Я. Расулов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …