Маълумоти охирин

РЕСЕПТ

kupit-recept-na-lekarstvo

РЕСЕПТ (лотинӣ гесерЬит — гирифта, қабулшуда, аз гесгрхо — мегирам, қабул мекунам), н у с х а, ҳуҷҷатеро гӯянд, ки духтур ба шахси бемор барои аз дорухона гирифтани дору медиҳад. Дар Ресепт тарзи истифодаи дору навишта мешавад. Ресептро аз рӯи қоида ва шакли муайян тартиб медиҳанд. Ресепт ду хел мешавад: содда ва мураккаб. Ресепти соддаро барои як, Ресепти мураккабро бошад, барои ду ё якчанд моддаи давоӣ менависанд. Аз рӯи Ресепт сифати доруи тайёркардаро санҷидан мумкин аст. Барои ҳамин ҳам Ресепт ҳуҷҷати юридикӣ ҳисоб мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …