Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии Чад

Ҷумҳурии Чад

chad-karta

ЧАД, Республикаи Чад (Republique du Tchad), давлатест дар Африкаи Марказӣ. Масоҳ. 1284 ҳаз. км2. Аҳолиаш 4680 ҳаз. наф. (1984), асосан халқиятҳои тубу, сари, багирми, хауса ва арабҳо. Пойтахташ Нҷамена. Забони расмӣ—франсавӣ. Бештар аз ними аҳолӣ ба дини анъанавии маҳаллӣ, боқимондаҳо ба динҳои ислом ва насронӣ эътиқод доранд. Органи олии ҳокимият — Ҳукумати муваққатии ягонагии миллӣ, раиси он сардори давлат. Қисми зиёди сатҳаш ҳамворӣ; дар шимол к-ҳои Тибести (баландиаш то 3415 м) воқеъ гаштаанд. Иқлим дар шимол тропикии биёбонӣ, дар ҷануб экватории муссонӣ. Ҳарор. миёнаи моҳона 15—35°С. Боришоти солона аз 100 то 1000 мм. Дарёи асосии киштигард — Шари, ки ба кӯли Чад ҷорӣ мешавад. Қисми шимоли мамлакатро биёбон, ҷанубашро саванна фаро гирифтааст.

Дар а. 9—ох. а. 19 дар ҳудуди Чад давлатҳои Канем, Борну, Вадаи ва ғ. вуҷуд доштанд. Ох. а. 19 экспансияи Франция cap шуд. Аз с. 1904 ҳудуди Чад дар ҳайати мустамликаи франсавии Убанги-Шари — Чад буд; с. 1914 мустамликаи алоҳида гардид. Аз 11 авг. 1960 Чад республикаи мустақил аст. 13 апр. 1975 дар Чад табаддулоти ҳарбӣ ба амал омад ва ҳокимият ба дасти Советаи олии ҳарбӣ гузашт, конституция бекор карда шуд, фаъолияти партияҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба манъ гардид. С. 1979 коалициям Ҳукумати муваққатии ягонагии миллӣ ташкил ёфт.

Чад мамлакати аграрист. 85%-и аҳолии қобили меҳнат дар х. қ. банд мебошад. Соҳаҳои асосии х. қ.: пахтакорӣ, арахиспарварӣ ва чорводрии чарогоҳӣ (1980, ба ҳисоби млн cap: гов—4, бузу гӯсфанд—4,6; хук— 0,6 ва ғ.). Аҳолии Чад ба моҳигирӣ низ машғул аст. Корхонаҳои саноатиаш: пахтатозакунӣ, бофандагӣ ва хӯрокворӣ. Тӯли роҳҳои автомобилгард 40 ҳаз. км. Ба хориҷа пахта ва маҳсулоти чорво мебарорад. Шарики асосии тиҷоратиаш — Франция. Воҳиди пул — франки африкоӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …