Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕСПУБЛИКА

РЕСПУБЛИКА

500px-forms_of_government-svg

РЕСПУБЛИКА (лотинӣ гезриЬПса аз гез — кор, амал ва риЬНсиз — ҷамъиятӣ, умумихалқӣ), шакли идоракунӣ, ки дар он ҳамаи органҳои олии ҳокимияти давлатӣ интихоб ва ё аз тарафи муассисаҳои миллии намояндадор (парламент) ташкил карда ме-шаванд. Республика дар давраи қадим зидди монархия (масалан, демократияи ғуломдорӣ дар Афина) ба вуҷуд омада, чун сохти давлатӣ ва ташкилотҳои— дигари сиёсӣ характери синфӣ дорад. Республика дар таърих шаклҳои гуногун дошт. То давраи ғуломдорӣ баъзе давлатҳо дар шакли Республикаи аристократӣ ва демократӣ идора мешуданд. Дар ҷамъияти феодалӣ ба ғайр аз шакли идоракунии монархӣ дар шаҳрҳои калони савдоию саноатӣ (Венесия, Флоренсия, Новгород ва ғайра) шакли идоракунии Республикавӣ ҳам мавҷуд буд. Баробари ба дасти буржузаия гузаштани ҳокимият, дар баъзе мамлакатҳо Республикаи буржуазӣ ба миён омад. Дар давраи капитализм Республика -парламентӣ ва президентӣ мешавад. Дар ҷамъияти антагонистӣ Республика  дар кадом шакле, ки бошад манфиати синфҳои ҳукмронро ифода мекунад. Шакли ҳақиқии ҳокимияти халқи Республикаи сотсиалистӣ мебошад, ки навъҳои он (республикаи советӣ, республикаи халқӣ, республикаи халқии демократӣ, республикаи демократӣ) дар асоси принсипи ягонаи демократияи сотсиалистӣ ба амал бароварда мешавад. Нигаред, низ. Давлат.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …