Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕПРОДУКСИЯ

РЕПРОДУКСИЯ

reproduction

РЕПРОДУКСИЯ (аз лотинӣ ре… такроран ва лотинӣ ргобисо — ҳосил мекунам), 1) кӯчонидан ва зиёд кардани нусхаи тасвирҳои гуногун (расм, сурат, нақша, ҳуҷҷат ва ғайра). Бо усули фотографӣ ва полиграфӣ иҷро мешавад. 2) Рӯбардории расм, мусаввара ё сурати фотографӣ тавассути чоп. Репродуксияе, ки мазмун ва хусусиятҳои дигари объектро ба таври аниқ инъикос менамояд, Репродуксияи факсимилӣ номида мешавад Одатан Репродуксия бо маҷмӯи рангҳои нусхаи чопшуда, усули чоп (офсетӣ, амиқ, фототипӣ ва ғайра), баъзан илова ба ин бо масолеҳе, ки дар он нақши объект сабт шудааст (дар коғази бӯрдор, тунука, коленкор, селлофан ва ғайра), фарқ мекунад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …