Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕПОРТАЖ

РЕПОРТАЖ

reportazh

РЕПОРТАЖ (франсавӣ, героИаке, аз англисӣ герог! — хабар додан, маълум кардан), як жанри ахбори журналистика; ҳамаи материалҳое, ки дар хусуси навигариҳо дарак медиҳанд, ба жанри Репортаж дохил мешаваяд. Репортаж инчунин жанри алоҳидаи публисистика ба шумор рафта, ба гурӯҳи жанрҳои ахбор тааллуқ дорад. Репортёр дар хусуси воқеа ҳамчун шоҳид ва иштирокчии он бояд тавро нақл кунад, ки хонанда воқеаро айнан «бинад». Дар Репортаж муҳимтарин воқеаҳо, ки аҳамияти ҷамъиятӣ доранд, тас-вир карда мешаванд. Дар Репортаж воқеа дар ҳолати инкишоф муфассал нишон дода мешавад, аз ин рӯ тасвири пай дар пайи воқеа (динамизм) яке аз хусусиятҳои асосии ин жанр аст. Дар маркази Репортаж, симои одамон — иштирокчиёни воқеа меистад. Мисли ҳамаи жанрҳои ахбор, Репортаж ҳам оперативист. Дар матбуоти мо се намуди ин жанр истифода мешавад: Репортажҳои рӯзмарра, лирикӣ, суратдор. Онҳо аз якдигар бо дараҷаи истифодаи воситаҳои тасвирӣ бадеӣ фарқ мекунанд. Дар намуди сеюми барои тасдиқи фикр суратҳо ҳам оварда мешаванд. Репортаж ҳамчун жанри матбуот аз хусуси одамон ва воқеаи конкрет ривоят мекунад, аммо ин ривоят нақли оддӣ, нусхабардории биайниҳӣ набуда, тасвири образнок аст. Аз ин рӯ, онро «ҳуҷҷати бадеӣ» (Э. Киш) ҳам мегӯянд. И. Усмонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …