Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕПЕЛЛЕНТҲО

РЕПЕЛЛЕНТҲО

repellenti

РЕПЕЛЛЕНТҲО (аз лотинӣ гере11о -тела медиҳам, дур мекунам; гере1-1еп! — он чи ки метарсонад), моддаҳоеро номанд, ки ба воситаи онҳо бандпойҳо (ҳашарот ва канаҳо), ширхӯрҳо ва  паррандаҳоро метарсонанд.  Репеллентҳоро асосан барои аз ҳамлаи ҳашароти хунмак муҳофизат кардани одам ва ҳайвонот, пешгирии баъзе бемориҳо (энсефалит, лейшманиоз), инчунин аз зарари ҳашарот эмин доштани либос, мебел ва ғайра истифода мебаранд. Ба сифати Репеллентҳо бештар моддаҳои химиявӣ (эфирҳои соддаю мураккаб, спирту алдегидҳо, инчунин равғанҳои эфирӣ ва ғайра) истифода мешаванд. Репеллентҳоро ба пӯсти ҷои лучи бадан ё матоъ (либос, тӯрҳои муҳофизатӣ, палатка ва ғайра) мемоланд. Муддати таъсири РепеллентҳоР. ба хо-сияти худи модда ва шароити обу ҳаво вобаста аст. Баъзан РепеллентҳоР. ба пар-даҳон луобии чашм, бинӣ, даҳон (хусусан дар шахсони ба аллергия ҳассос) таъсир карда, онҳоро месӯ-зонад. Дар ип маврид РепеллентҳоР.-и молида-шударо мешӯянд ва минбаъд аз ис-тифодаи ин препарат даст мека-шанд. Дар хориҷа Репеллентҳоро барои аз оҳу, харгӯш, хояндаҳо ва паррандаҳо муҳофизат кардани бешазор, дарахтҳои мева ва майдонҳои кишт низ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …