Главная / Гуногун / РЕНУАР Пер Огюст

РЕНУАР Пер Огюст

renuar-p

РЕНУАР Пер Огюст (25. 2. 1841, Лимож —17. 12. 1919, Каньсюр-Мер, назди Нисса), рассом, график ва ҳайкалтароши франсавӣ, яке аз асосгузорони импрессионизм. Солҳои 1862—64 дар Мактаби санъати нафисаи Париж ва коргоҳи рассомии Ш—Ғлейр таълим гирифтааст. Бар хилофи бисёр рассомони импрессионист дар эҷодиёти Ренуар шахсияти инсон мақоми намоён дорад. Дар портрет ва мусаввараҳои сершумораш маишати одамон, ҳолатҳои рӯҳии онҳо хеле мушоҳидакорона акс ёфтаанд (портрети В. Шоке, 1876, коллексияи шахсӣ, Штатҳои Муттаҳидаи Америка; «Мадмуазел Гримпел бо бандинаи кабуд», 1880, коллексияи шахсӣ, Париж; «Му-лен де ла Галет», 1876, Музеи импрессионизм, Париж; «Баъди хӯроки нисфирӯзӣ», 1879 ва ғайра). Алалхусус, Ренуар образи занҳоро бо камоли маҳорат офаридааст («Чатрҳо», 1879, Нигористони Миллӣ, Лондон; «Духтарони сиёҳпӯш», 1883; «Зани бараҳнаи бар нимкат нишаста», 1876; этюд ба портрети актриса Ж. Самари, 1877— ҳар се дар Музеи санъати тасвирии ба номи Александр  Сергеевич  Пушкин, Москва). Аз солҳои 80 Ренуар ба тасвири образҳои оммафаҳм рӯй ме-орад ва асарҳои ӯ бештар хусусияти ороишӣ мегиранд. Ҳайкалҳои эҷоднамудаи Ренуар (ибтидои 1900) дорои қимати баланди бадеиянд («Венера», биринҷӣ, 1914—16, Музеи Валраф-Рихарс, Кёлн). Эҷодиёти инсондӯстонаи Ренуар ба инкишофи санъати реалистии асри 20 таъсири калон расондааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.