Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕНТГЕН Вилгелм Конрад

РЕНТГЕН Вилгелм Конрад

РЕНТГЕН, Р е н т г е н (НоОДеп) Вилгелм Конрад (27. 3. 1845, Леннен, назди Дюсселдорф —10. 2. 1923, Мюнхен), физик-экс- периментатори немис, асосгузори як мактаби бонуфузи илмӣ. Солҳои 1865—68 дар Мактаби олии техникии Сюрих таҳсил намудааст, соли 1868 унвони докториро дар Университети Сюрих гирифт. Профессор Мактаби олии хоҷагии  қишлоқ дар Хоэнхейме (аз соли 1875), Университети Страсбург (аз соли 1876), Университети Гисен (аз соли 1879), Университети Вюрсбург (аз соли 1888; аз соли 1894 ректори он). Солҳои 1900—20 профессори Университети Мюнхен (дар ин донишгоҳ солҳои 1903—06 А. Ф. Иоффе ассистенти ӯ буд).

roentgen2

Соли 1895 Рентген афканишоти рентгениро кашф намуд (нигаред, Шуоъуои рентгенӣ). Кашфи афканишоти рентгенӣ ва тадқиқоти минбаъдаи он ба омӯзиши ҳамаҷиҳатаи сохти атому мод- да замина гузошт (нигаред, Тазрлили рентгеноструктурӣ). Афканишоти рентгенӣ дар тибб, соҳаҳои гуногуни илму техника татбиқ ёфтааст. Хосиятҳои пьезоэлектрӣ ва пиротехникии кристаллҳо ва ҳодисаҳои магнитиро низ тадқиқ кардааст. Рентген лауреати Мукофоти нобелӣ (1901) буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …