Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕНТАИ ЗАМИН

РЕНТАИ ЗАМИН

РЕНТАИ ЗАМИН, дар формасияҳои синфию антагонистӣ як қисми маҳсулоти баразёдест, ки дар натиҷаи меҳнати бевоситаи истеҳсолкунандагои ба вуҷуд меояд ва аз тарафи соҳибони замин аз худ карда мешавад.

renta

Ба феодализм 3 шакли Рентаи замин  хос аст: 1) рентаи коркард; 2) рентаи маҳсулот; 3) рентаи пулӣ. Рентаи замини капиталистӣ арзиши изофаи барзиёд бар фоидаи миёна мебошад. Бо меҳнати бемузди коргарони кироя ба вуҷуд оварда мешавад. Муносибати заминдорон, капиталистон-иҷорагирон ва коргарони кирояро ифода мекунад. Рентаи замин ба рентаи дифференсиалӣ, мутлақ ва монополӣ тақсим мешавад. Сабаби рентаи мутлақи замин монополияи моликияти хусусӣ ба замин буда, шароити пайдоиши он тафовути сохти органикии капитал дар саноат ва хоҷагии қишлоқ мебошад. Дар хоҷагии қишлоқ, ки сохти органикии капитал назар ба саноат паст аст ва ба воҳиди капитал назар ба саноат бештар арзиши изофа ба даст меояд, аз фоидаи миёна зиёдтар фоида ба вуҷуд оварда мешавад. Монополияи моликияти хусуси ба замин барои аз саноат ба хоҷагии қишлоқ  гузаштани капитал монеъ мешавад, зеро маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз рӯи арзише, ки нархи истеҳсолотро баланд ме- бардорад, фурӯхта мешавад. Ин фоидаи иловагиро капиталист — иҷорагир дар шакли Рентаи замин ба заминдор медиҳад. Дар натиҷаи таъсири прогресси техникии мамлакатҳои капиталистии мутараққӣ тадриҷан наздикшавии таркиби органикии капитали саноат ва хоҷагии қишлоқ хоҷагии қишлоқ  ба амал меояд. Дар ин асос норма ва массаи рентаи мутлақи замин ба пастшавӣ тамоил мекунад. Вале мавқеи монополияи моликияти хусусӣ ба замин аҳамияти иқтисодии худро гум накардааст. Вай нархи маҳсулоти хоҷагии қишлоқро баланд мебардорад, ки асоси рентаи мутлақи замин мебошад. Рентаи монополии замин яке аз шаклҳои Рентаи замин дар давраи капитализм буда, фоидаи иловагист, ки аз фурӯши молҳо бо нархи монополӣ, асосак аз арзиш ва нархи истеҳсолот мегиранд. Аз заминҳое, ки дар онҳо зироатҳои махсус парвариш карда, минералу маъданҳои пурқиммат ва ғайра истеҳсол мекунаид, Рентаи замин гирифта мешавад. Баробари барҳам додани монополияҳои моли- кияти хусуси ба замин рентаи мутлақи замин аз байн меравад.

Адабиёт: М а р к с Карл, Капитал, том 3, часть 2, Маркс Карл, Энгельс Фридрих, Сочинения, 2 издание, том 25, ч. 2: Л е н и н Владимир Ильич, Маълумотҳои нав дар бораи қонунхои тарақкии ка- питализм дар зироат, Асарҳо, ҷилди 28; К о з о д о е в И. И., Земельные отношения в социаластических странах, Москва, 1980; К а-г а р л и ц к а я О. Т., Земельная  рента, Ленинград, 1961; Врегель Э. Я., Земельная рента. Развитие капитализма в сельском ховяйстве, Москва, 19062.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …