Главная / Гуногун / РЕМЕСЛО Василий Николаевич

РЕМЕСЛО Василий Николаевич

remeslo-vn

РЕМЕСЛО Василий Николаевич (таваллуд 10. 2. 1907, ҳозира Тепловкаи райни Пирятини вилояти Полтава), селексионери советӣ, академики Академияи Фанҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР (1974) ва Всесоюзная Академия Сельскохозяйственных Наук Имени Ленина ВАСХНИЛ(1964), ду карат Қаҳрамонн Меҳнати Сотсиалистӣ (1966, 1977). Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1942. Соли 1928 Институтити селексия ва тухмипарварии Масловский ба номи Климент  Аркадьевич Тимирязев (вилояти  Киев)-ро хатм кардааст. Солҳои 1933—37 ходими калони илмии Стансияи селекси-онию таҷрибавии Новоуренск (ҳозира Уляновск), 1938—42 ва 1947— 48 дар Стансияи селексионии давлатии Донески Шимолӣ (1941—42 директор, 1948 —64 ҷонишини директор ва аз соли 1964 директори Институти тадқиқоти илмии селексия ва тухмипарварии гандуми Мироновка (то 1968— Стансияи селексионии Мироновка) буд. Ремесло методҳои селексияро кор карда баромад, ки онҳо барои рӯёндани навъҳои хушсифати гандум имконият доданд. Кошифи навъҳои гандуми тирамоҳии «Мироновкаи 808», «Юбилеии Мироновка» ва ғайра, ки дар Союз Советских Социалистических Республик СССР  ва хориҷа маъмул шудааст.

Вакили съездҳои 22 ва 23-юми Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС, съездҳои 22—24-уми Партияи Коммунистии Украина. Аъзои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Украина (аз 1966). Ҷонишини раиси Совети Олии Республикаи Советии  Сотсиалистии Украина (аз 1972). Лауреати Мукофоти ленинӣ (1963). Бо ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 3 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Асос: Озимая пшеница Мироновская 264 и Мироновская 808, Москва, 1964; Мироновские пшеницы, Москва, 1972 (ҳамин муаллиф бо дигар).

Адабиёт:         Компанеец М., Счастье —дарить людям хлеб, Москва, 1972.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …