Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕМЕК Владимир

РЕМЕК Владимир

remek_v

РЕМЕК Владимир (таваллуж  26. 9. 1948, Ческе-Будеёвисе), аввалин лётчик-кайҳоннаварди  Республикаи Сотсиалистии Чехо Словакия, Қаҳрамони Республикаи Сотсиалистии Чехо Словакия  (1978), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1978). Аъзои Партияи Коммунистии Чехословакия аз соли 1968. Омӯзишгоҳи олии авиатсионии Кошиса (1970) ва Академияи ҳарбию ҳавоии ба номи Юрий  Алексеевич Гагаринро (1976) хатм кардааст. Ҳоло дар қисмҳои авиатсионии Армияи Чехословакия хизмат мекунад. 2 марти 1978 аз рӯи программаи “Интеркосмос» дар киштии кайҳонии  “Союз-28» (якҷоя бо Александр  Александрович Губарев) ба кайҳон парвоз кард. Киштии кайҳонии «Союз-28» ба комплекси мадории «Салют-6» — «Союз-27» (бо кайҳоннавардон Юрий Викторович Романенко, Георгий Михайлович Гречко) васл шуд. Парвози комплекси мадории «Салют» —«Союз» бо экипажи байналхалқӣ зиёда аз 7 рӯз давом кард. Баъди бомуваффақият иҷро шудани программаи парвоз киштии «Союз-28» 10 марти 1970 аз комплекси мадории «Салют» — «Союз» ҷудо шуд ва экипажи он ба Замин баргашт. Ремек бо орденҳои олии Чехословакия, ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …