Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕМБРАНДТ Ҳарменс ван Рейн

РЕМБРАНДТ Ҳарменс ван Рейн

РЕМБРАНДТ Ҳарменс ван Рейн (15. 7, 1606, Лондон — 4. 10. 1609, Амстердам), рассом ва графики голландӣ.

rembrandt-harmens-van-reyn

Санъати рассомиро дар Лейден аз Я. ван Сваненбюрх (1620—23) ва дар Амстердам аз П. Ластман (1023) омӯхтааст. Солҳои 1625—31 дар Лейден ба кори мустақилонаи эҷодӣ пардохта, аз соли 1632 дар Амстердам зистааст. Тахайюлоти бой ва ифодаи эҳтиросоти баланд аз мусаввараҳои аввалинаш пайдост («Назр ба маъбад», 1628—29, Кунстхалле, Гамбург). Гуманизми амиқ, зуҳуроти олами ботинии инсон, мундариҷаи ғоявии бой, образҳои барҷаста ва маҳорати беназир аз ҷиҳатҳои асосии эҷодиёти Рембрандт мебошанд. Ҳаёти воқеии инсон ва ҳиссиёти мухталифи ӯ мавзӯи асосии асарҳои ӯ ба ҳисоб мераванд. Портрети гурӯҳии «Дарси анатомияи доктор Тюлп» (1632, Мауриц- хёйс, Гаага) ба ӯ шӯҳрат овард. Дар мусаввараҳои солҳои 30-юми Рембрандт Р. таъсири услуби барокко ҳис меша- вад («Нобино кардаии Самсон», 1636, Институти рассомии Штеделев, Франкфурти Майи), образҳои саршори драматизму демократизм («Вораҳонидани Исо аз чормех», 1634, Эрмитаж, Ленинград ва реалистона ҳам («Даная», 1636, ҳамон ҷо) офаридааст. Портрети гурӯҳии «Талоя» (11642, Рейксмюсеум, Амстердам) ҳамоҳанги муборизаи озодихоҳонаи халқи голланд буда, боиси қувват гириф- тани зиддияти байни синфи буржуазия ва санъати демократии Рембрандт  гардид. Аз солҳои 40 Рембрандт  асосан ба мавзӯъҳои динӣ рӯ оварда, нозуктарин риштаҳои ҳиссиёти инсониро ба қалам меоварад («Довуд ва Ионафан», 1642, «Оилаи муқаддас», 1645— ҳар ду дар Эрмитаж; «Исо бо пайравонаш дар Эммаус», 1648, Лувр, Париж). Ба асарҳои солҳои 50-уми Рембрандт  возеҳияту мӯҳташамӣ хос аст («Яъқуб фарзандони Юсуфро дуои хайр мекунад», 1656, Нигористони мусаввараҳо, Кассел). Инчунин беҳтарин асарҳои портретӣ (портретҳои Ян Сикс, 1654, Нигористони мусаввараҳо, Берлин — Далем; зани бародааш, 1654, Музеи санъати тасвирии ба номи Александр Сергеевич Пушкин, Москва; писараш Титус ҳангоми мутолиа, 1857, Музеи таърихию рассомь, Вена; ав-топортретҳо, 1660, Лувр, Париж ва ғайра) ва графикиаш (гравюраҳои «Товийи аъмо», 1651; «Фауст», 1652; «Се салиб», 1653) дар ҳамин солҳо эҷод шудаанд. Рембрандт охири умрашро дар қашшоқиву бенавоӣ ба сар бурдааст. Ба интиҳои фаъолияти эҷодии ӯ композитсияҳои динии психологӣ «Ассур, Аман ва Эсфир», 1660, Музеи санъати тасвирии ба номи Александр Сергеевич Пушкин, Москва; «Бозгашти фарзанди гумроҳ», 1668—69, Эрмитаж, Ленинград) ва портретҳои барҷаста («Пирони сехи моҳутбарорӣ», 1662, Рейксмюсеум; «Шоир Й. Деккер», Эрмитаж) мансуб аст. Принсипҳои реалистӣ ва навоваронаи эҷодиёти Рембрандт  ӯро ба қатори бузургтарин рассомони ҷаҳон гузоштаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …