Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕМБО Артгор

РЕМБО Артгор

РЕМБО Артгор (20. 10. 1854, Шарлевил—10. 11. 1891, Мар- сель), шоири франсавӣ. Дар доираи мешанӣ ба камол расидааст. То соли 1871 дар литсей таҳсил кард, вале онро хатм накардааст. Дар эҷодиёти Рембо таъсири Т. де Банвиль, В. Гюго, Ш. Бодлер ҳис карда мешавад. Дар шеърҳояш тарзи зиндагии мешанӣ, Империяи дуюм ва динро танқиду мазаммат карда, сохти нави ҷамъиятӣ, ташкили Республикаро тарғибу ташвиқ менамуд. Дар зиндагии Рембо, ҳаёти эҷодии у давраҳои ноумедӣ, нотавонӣ дар кори ба низом овардани ҳаёту зиндагии ҷамъият ба назар мерасад. Коммунаи Париж (1871) ба Рембо рӯҳи тозае бахшид. Дар ин давра ӯ шеърҳои револютсионии «Суруди ҳарбии Париж», «Ба Париж сокинони нав меоянд», «Даст- ҳои Жанна-Мари»-ро офарид. Шикасти Коммуна, ғалабаи реаксия ба рӯҳия ва эҷодиёти баъдинаи Рембо таъсири амиқе гузоштанд. Вай ба символизм рӯй овард ва зери таъсири ин равия достони «Киштии маст», сонетаи «Садонокҳо», маҷмӯаи «Шеърҳои охирин»-ро (1872) навишт. Рембо дар 19-солагӣ аз адабиёт даст кашид ва ба корҳои савдо машғул шуда, ба кишварҳои гуногуни Европа, Осиё ва Африка сафар кард. Мунаққидони франсавӣ ба ашъори Рембо баҳои баланд додаанд. Рембо ҳамчун асосгузори шеъри озод ба адабиёти франсавӣ таъсири зиёде гузоштааст. Анъанаҳои эҷодии ӯро шоирони машҳури франсавӣ Г. Апполиннер, П. Элюар ва дигар пайравӣ намудаанд.

Основание: Стихотворения, Москва, 1960; (шеърҳо), дар китоби: Тень деревьев. Стихи зарубежных поетов о переводе И. Эренбурга. Москва. 1969.

Адабиёт| Б а л а ш о в Н., Рембо дар китоби: История французской литературы, том 3, Москва. 1959.           Ш. Мухторов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …