Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕМАРК Эрих Мария

РЕМАРК Эрих Мария

remarque

РЕМАРК (Нетагцие, Нетагк) Эрих Мария (22. 6. 1898, Оснабрюк — 25.9, 1970, Локарно, Швейсария), нависандаи немис. Аз оилаи саҳҳоф. Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914— 18). Баъди ҷанг — муаллим, хидматгузори тиҷоратӣ, репортёр, муқаррир. Аз соли 1932 дар муҳоҷират (ҳукумати фашистӣ ӯро аз ҳуқуқи гражданӣ маҳрум карда буд) зистааст. Романи «Дар фронти ғарбӣ тағйироте нест» (1920) ба нависандо шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Ремарк дар ин роман ҷанги империалистиро маҳкум кардааст. Ремарк дар романи «Бозгашт» (1931) сарбози оддиеро нишон додааст, ки аз ҷанг баргашта нобаро- барии иҷтимоиро мушоҳида мекунад. Дар романи «Се рафиқ» (1938) дӯстию муҳаббат ба қонунҳои зиддиинсонии ҷамъияти буржуазӣ мукобил гузошта шудаанд. Романҳои «Тоқи нусрат» (1940) ва «Шарораи зиндагӣ» (1952), «Вақти зиндагию вақти марг» (1954) аз ғояҳои зиддифашистӣ саршоранд. Дар романи «Муҷассамаи сиёҳ» (1956) Ремарк заминаи фашизми Германияро нишон дода, кӯшиш намудааст, ки аз пайдоиши рӯҳияи ҷангҷӯёна дар Республикаи Федеративии Германия пешгирӣ кунад. Романҳои «Умри қарз» (1959) ва «Шабонгоҳи Лиссабон» (1907) низ ба қалами Ремарк мансубанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …