РЕЛСҲО

relsho

РЕЛСҲО (лотинӣ — калтаки рост), болорҳои тасмашаклеро гӯянд, ки ба болосохти роҳ хобонда мешаванд ва барои ҳаракати поездҳои роҳи оҳану метро, трамвай, аробачаҳои даруни кон ва заводҳо, кранҳои борбардор ва ғайра пешбинӣ шудаанд; бо роҳи прокатонидани пӯлод ҳосил карда мешаванд. Аввалин Релсҳои металлӣ соли 1767 дар Англия, Релсҳои чӯянӣ соли 1788 дар Россия тайёр карда шудаанд. Аз нимаи дуюми асри 19 истеҳсоли Релсҳои пӯлодӣ оғоз гардид. Дар истеҳсолоти прокати замонавӣ Релсҳоро аз пулоди махсус тайёр мекунанд, ки таркиби химиявии он бо стандарти давлатӣ муайян гардидааст. Аз ибтидои солҳои 70 истифодаи Релсҳои дарозиашон 25 метр вусъ-ат ёфт. Дарозии Релсҳои трамвай 15— 18 метр буда, ҳангоми хобондан онҳо ба ҳам кафшер карда мешаванд. Барои нақлиёти кон, кранҳои борбардор ва механизмҳои онҳо, агрегатҳои тобхӯрандаю чархзананда ва ғайра Релсҳои нисбатан сабук, дар баъзе мавридҳо Релсҳои тарҳашон махсусро истифода мебаранд.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …