Главная / Техника / РЕЛЕИ ВАҚТ

РЕЛЕИ ВАҚТ

РЕЛЕИ ВАҚТ, релеест, ки таҳвили таъсиротро аз як узв ба дигар узви олати автоматӣ ё аз як олат ба олати дигар ба мӯҳлати матлуб таъхир диҳад. Релеи вақт асосан аз қисмқои таъсирпазир (ҳангоми омадани сигнал релеро ба кор меандозад), таъхирдиҳанда (тақвили сигналро ба мӯҳлати матлуб нигоҳ медорад) ва иҷрокунанда (таъсиротро ба объекти идорашаванда мегузаронад) иборат аст. Релеҳои усули таъхирандозашон электрӣ, пневматикӣ, магнитӣ, механикӣ, электромеханикӣ, термикӣ ва гидравликӣ мавҷуданд. Релеи вақтро бештар дар дастгоҳҳои автоматӣ истифода мебаранд.

relei-vakt

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …