Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РЕЛЕФ дар география

РЕЛЕФ дар география

РЕЛЕФ (франсавӣ, аз лотинӣ — мебардорам), дар география, маҷмӯи ноҳамвориҳои хушкӣ ва қаъри баҳру уқёнусҳоро гӯянд, ки аз ҷиҳати тарҳ, андоза, пайдоиш, синн ва таърихи инкишоф ниҳоят гуногунанд. Шаклқои Релеф мусбат ё ки барҷаста (баландиҳо, кӯҳҳо ва ғайра) ва манфӣ ё фурӯхамида (хамиҳо, водиҳои дарё ва ғайра) мешаванд. Релефро вобаста ба андозаи шаклҳояш ба м е- гарелеф, макрорелеф, мезорелеф ва микрорелеф тақсим мекунанд.

relef-2_4

Ба мегарелеф ноҳамвориҳои ба ҳама калонтарини рӯи Замин — барҷастагии материкҳо ва пастхамиҳои уқёнусҳо; ба макрорелеф қаторкӯҳҳои хушкию зери уқёнусҳо; ба мезорелеф водиҳо; ба микроролеф чуқуриҳои карстӣ, талу теппаҳои хурд ва ғайра мансубанд. Ин тақсимот шартист, зеро ки ҳудуди миқдории байни категорияҳои номбаршуда аниқ муайян нашудааст.  Релеф аз таъсири қувваҳои эндогенӣ ; (тектоникӣ) ва экзогенӣ (обҳои равон, шамол, яхҳои ҳаракаткунанда ва ғайра) ба вуҷуд меояд. Аммо ин қувваҳо зидди якдигар амал мекунанд. Масалан, дар просессҳои эндогенӣ но- ҳамвориҳо (пастию баландиҳо)-и калони рӯи Замин пайдо мешаванд. Дар натиҷаи просессҳои экзогенӣ бошад, баландиҳо вайрон ва торафт паст шуда, ба қисмҳо ҷудо мешаванд, чуқуриҳоро обовардҳо пур ме- кунанд. Релефҳои калонтарин ҳанӯз дар эраи мезозой аз ҳаракатҳои тектоникии қишри Замин ба амал омадаанд. Инкишофи шакли ҳозираи рӯи Замин дар миёнаҳои мезозой ва кайнозой низ давом дошт. Аммо дар шакл гирифтани релефи ҳозира махсусан ҳаракатҳои навтарини давраҳои неоген ва чорумини қишри Замин (тақрибан 25 миллион соли охир) аҳамияти зиёде доранд. Просессҳои экзогении давраи чорумин — ҳаракати пиряхҳо, тағйирёбии сатҳи баҳр, эрозияи дарёҳо ва ғайра ба морфоструктураи хушкӣ ва қаъри уқёнус таъсири ҳалкунанда расондаанд. Бо тадқиқи Релеф илми геоморфология машғул аст.

Адабиёт: Щ у к и н И. С., Общая геоморфология, 2 издание, том 1—3, Москва, 1960—74: Николаев Н. И., Неотеитоника и её выражение в структуре и релефе территории Союз Советских Социалистических Республик СССР, Москва, 1962; Костенко Н. П., Развитие релефа горных стран (на примере Средней  Азии), Москва, 1970.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …