Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕЛАКСАТСИЯ

РЕЛАКСАТСИЯ

РЕЛАКСАТСИЯ (аз лотинӣ ге1ахаИо — суст кардан), просесси тамоман ё қисман барқарор шудани мувозинати термодинамикиро дар системаи физикие гӯянд, ки аз миқдори калони зарраҳо иборат аст. Аабаски Релаксатсия номувозинат аст, дар асоси қонунияти афзоиши энтропия як қисм энергияи дохилии системаи релак-сатсияшаванда ба гармӣ табдил меёбад. Ба монанди ҳамаи просессҳои номувозинат Релаксатсияро фақат бо параметрҳои термодинамикии система (фишор, ҳарорат ва ғайра) муайян кардан имконнопазир аст. Онро бештар тавассути характеристикаҳои макроскопии система (дарозии дави озоди зарра I ва вақти дави озоди зарра т) метавон тавсиф дод. I ва т нисбат ба андозаҳои система ва фосилаи вақте, ки дар давоми он просесси макроскопь содир мешавад, ниҳоят хурд аст. Дар айни замон, барои газҳо вақти дави озоди зарраҳо т аз вақти бархӯрди онҳо то хеле зиёд аст (т > т0). Ҳангоми иҷро шудани ин шарт Релаксатсияро бо бархӯрди ҷуфт-ҷуфти молекулаҳо муайян мекунаид. Барои системаҳои гуногун Релаксатсия аз характери таъсири байниҳамдигарии зарраҳои ташкилдиҳандаи система вобастагӣ дорад. Аа ин ҷост, ки просессҳои Релаксатсия гуногун аст. Фосилаи вақте, ки барои барқарор шудани ҳолати мувоаинатии система сарф мешавад, вақти релаксатсия ном дорад.

relaxatsiya

Дар газҳои якатома просесси Релаксатсия  дар ду давр мегузарад. Дар даври аввал, дар давоми вақти бархӯрди молекулаҳо т0, ҳолати мувозинатӣ фақат дар қисмҳои алоҳидаи система ба амал меояд. Дар даври дуюм параметрҳои ҳамаи қисмҳои система ба як қимати умумӣ соҳиб мешаванд. Вақти Релаксатсия  барои ин давр ба вақти дави озоди зарра баробар аст, яъне тр « т.

Дар омехтаи газҳо, ки массаи молекулаашон аз ҳам фарқ мекунад, муовизаи энергия дар байни компонентҳо суст мегардад. Дар натиҷа, ҳолати компонентҳои гуногун ҳарорат ва просесси Релаксатсияи ҳарорати компонентҳо ба амал меояд. Масалан, дар плазма массаи иону электронҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Пеш аз ҳама ҳолати мувозинатӣ дар компоненти электронӣ барқарор мешавад, баъд аз он компоненти ионӣ ба мувозинат медарояд ва дар охир баъди муддати муайян байни компонентҳои ионию электронӣ ҳолати мувозинатӣ ба амал меояд; бинобар ин дар плазма дар муддати вақти бардавом ҳолате вуҷуд дошта метавонад, ки дар ба ҳароратҳои ионию электронӣ гуногунанд ва просесси Релаксатсияи ин ҳароратҳо ба амал меояд.

Дар моеъҳо мафҳуми вақт ва дарозии дави озоди зарраҳо маънояшро гум мекунад. Роли онҳоро дар моеъҳо бузургиҳои т, ва!| мебозанд, ки онҳо бузургии вақт ва дарозии коррелясияи тағйирёбандаҳои динамикӣ буда, сели энергия ё худ импулсро ифода мекунанд; Т| ва 1\ дар фазою вақт хомӯшшавии таъсири байниҳамди-гарии молекулаҳо, яъне коррелясияро тавсиф мекунанд. Дар қисмҳои аз ҷиҳати макроскопӣ майдаи моеъ, ки онҳо нисбат ба дарозии коррелясия  бузурганд, аз таъсири интенсивии байниҳамдигарии молекулаҳо дар вақти корреляция Т| тақсимоти мувозинатии локалӣ ба амал меояд (т« «Т|). Вақти Релаксатсияи мувозинатии пурраи термодинамикиро бо ёрии коэффисиентҳои кинетикӣ муайян кардан мумкии аст, ки ин ҷо Ь андоааи моеъ аст (нигаред. Кинетикаи физикӣ).

Дар ҷисмҳои сахт Релаксатсияро ба монанди моеъҳои квантӣ ҳамчун Релаксатсияи гази квазизарраҳо тавсиф додан мумкин. Дар ин ҳол вақт ва дарозии дави озоди квазизарраҳои мувофиқро метавон дохил кард. Масалан, дар панҷараи кристаллӣ ҳангоми хурд будани ҳарорат лаппишҳои чандирро ҳамчун гази фононҳо шарҳ додан мумкин аст. Таъсири байниҳамдигарии фононҳо боиси гузаришҳои квантӣ, яъне бархӯрди байниҳамдигарии онҳо мегардад. Релаксатсияи энергияро дар панҷараи кристаллӣ тавассути муодилаи кинетикии фононҳо ифода кардан мумкин. Дар системаи ферромагнетикҳо роли квазизарраҳоро магнонҳо мебозанд; дар ин ҳол Релаксатсия (масалан, Релаксатсияи магнитнокшавӣ) -ро бо муодилаи кинетикии магнонҳо ифода кардан мумкин аст.

Адабиёт: Л е в и ч Ф. И., Курс теоретической физики, том 1—2,   Москва, 1969—71; Александров И. В., Теория магнитной           релаксации, Москва, 1975. Қ. Ҷумьабоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …