Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / РЕКОРДҲОИ СПОРТӢ

РЕКОРДҲОИ СПОРТӢ

old-records

РЕКОРДҲОИ СПОРТӢ, комёбиҳои олӣ, ки дар мусобиқаҳои расмӣ аз рӯи намудҳои спорт барои варзишгарони алоҳида ё командаҳо муқаррар карда мешаванд. Ин комёбиҳо баробари ба назар гирифтани воҳиди аниқ (вақт, масофа, вазн, миқдори холҳо ва ғайра) муайян мегарданд. Натиҷаҳои мусобиқаҳоро ҳамчун на-тиҷаҳои рекордӣ ҳангоми риоя кардан ба шароит ва қоидаҳое, ки аз тарафи федератсияҳои дахлдори спортӣ (байналхалқӣ, регионалӣ, миллӣ: дараҷа, андоза, ҳозир будани шумораи муайяни доварон, истифода бурдани инвентари якхелаи спортӣ ва ғайра) тасдиқ мегарданд, ба ҳисоб мегиранд. Сарфи назар аз дараҷа ва характери мусобиқа Рекордҳои спортӣ ба ҷақонӣ (комӣёбии олӣ), олимпӣ (Бозиҳои олимпӣ), регионалӣ (қитъаҳо), миллӣ ва ғайра ҷудо мешаванд (дар Союз Советских Социалистических Республик  СССР Рекордҳои спортии республикаҳои иттифоқӣ ва автономӣ, кишварҳо, вилоятҳо, шаҳрҳо, ҷамъиятҳои спортӣ муқарраркарда шудаанд). Рекордҳои спортии ҷақониро федератсияҳои байналхалқии спорт бо тавсияи федератсияҳои миллӣ тасдиқ мекунанд. Барои навъҳои спорти шиноварӣ, варзиши сабук, варзиши вазнин, спорти велосипедронӣ, конкитозӣ, тирпарронӣ, камонварӣ, намудҳои спорти авиатсионӣ, автомобилронӣ, автомоделӣ, обимоторӣ, мотосиклронӣ, зериобӣ рекордҳои ҷаҳонӣ вуҷуд доранд. Дар як қатор навъҳои спорт танҳо Рекордҳои спортии регионалӣ (масалан радиоспорт, бисёрнабардаи ҳарбӣ-амалӣ, бисёрнабардаи баҳрӣ) ва баъзе намудҳои миллии спорти мамлакатҳои алоҳида қайд карда мешавад. Барои навъҳои спортӣ (заврақронӣ, спорти бодбонӣ, лижатозӣ ва ғайра), ки мусобиқаҳо дар ҷойҳои хавфноку сербарф мегузаранд, натиҷаҳои баландтаринро муқаррар менамоянд.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …