Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕКОНКИСТА

РЕКОНКИСТА

РЕКОНКИСТА (испанӣ Несопци1в1а, аз гесопцшз1аг — фатҳ кардан, зада гирифтан), дар асрҳои 8—15 аз тарафи аҳолии тагҷоии нимҷазираи  Пиреней зӯран кашида гирифтани территорияҳое, ки арабҳо истило карда буданд. Ба Реконкиста мҳқорибаи соли 718, ки дар он лашкари Ковадонга гурӯҳе аз истилогарони арабро торумор намуд, ибтидо гузошт. Муҳорибае, ки соли 1212 дар наздикии Лас-Навас-де-Толос ба вуқӯъ омад, аҳамияти калон дошт. То миёнаҳои асри 13 дар ихтиёри арабҳо танҳо аморати Гранада (он соли 1492 бар-ҳам хӯрд) монд. Баъди Реконкиста  заминҳои аз ҷанг харобгашта маскун ва обод гардонда мешуданд. Реконкиста  ба тараққиёти иқтисодию сиёсии давлатҳои нимҷазираи Пиреней таъсири калон расонд.

rekonkista

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …