Маълумоти охирин

РЕЮНОН

РЕЮНОН (франсавӣ ВеиЫоп), мамлакатест дар уқёнуси Ҳинд, дар ҷазираи Реюнони гурӯҳи ҷазираҳои Маскарен. Мулки Франсия. Масоҳаташ 2,5 ҳазор километр2. Аҳолиаш 515 ҳазор нафар. (1982). Маркази маъмуриаш Сен-Дени (110 ҳазор нафар). Мамлакатро префект идора мекунад, ки онро ҳукумати Франсия таъин менамояд. Реюнон Совети генералии интихоботӣ дорад, ки ҳуқуқи он маҳдуд мебошад. Реюнон дар парламенти Франсия 3 депутати Маҷлиси миллӣ ва 2 аъзои сенат дорад.

4b3c5addc8ad28a1a11ec1d0f45b21e2
Табиат. Ҷазира аз ҷинсҳои вулқонӣ пайдо шудааст; баландиаш то 3069 метр (кӯҳи Питон). Дар Ҷануби Шарқ— вулқони амалкунандаи Фурнез (2631 метр). Иқлимаш тропикӣ, пассатӣ. Қисми шамолраси ҷазираро то баландии 2000 метр, ки боришоти солонааш ба 4000 миллиметр мерасад, бешазор пӯшонидааст; болотар бешазори дарахтони сӯзанбарг, марғзор. Қисми ғарбии Реюнон— саванна.
Аҳолӣ. Дар Реюнон асооан дурагаҳо (аҷдодони муҳоҷирони франсавӣ, ки бо арабҳо, халқҳои банту, малагаси ва ҳиндуҳо омехта шудаанд) зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — франсавӣ. Дини асосӣ — католикӣ.
Маълумоти таърихӣ. Ҷазираро баҳрнавардони португалӣ дар ибтидои а.сри16 кашф кардаанд. То нимаи асри 17 ҷазира беодам буд. Дар солҳои 40 асри 17 Реюнон — мустамликаи Франсия. Соли 1649 Реюнон ҷазираи Бурбон ном гирифт. Соли 1664 ба ихтиёри ширкати Ост- Индия гузашт. Дар асрҳои —19 хоҷагии плантасиявӣ (парвариши қаҳва, растаниҳои бӯё ва найшакар) ривоҷ ёфт. Дар ин киштзорҳо ғуломони аз Африка овардашуда кор мекарданд. Пас аз барҳам хӯрдани ширкати Ост-Индия ҷазира зери тасарруфи намояндагони ҳокимияти шоҳии Франсия гузашт (1767). Соли 1793 ҷазира Реюнон ном гирифт. Солҳои 1810—15 ҷазира дар дасти Англия буд. Соли 1848 дар Реюнон ғуломдорӣ бекор карда шуд. Моҳи марти 1946 Реюнон ба ҲУҚУҚИ департаменти хориҷии Франсия соҳиб шуд. Соли 1959 Партияи Коммунистии Реюнон ташкил гардид. Дар Реюнон қувваҳои демократӣ барои ислоҳоти иқтисодӣ ва истиқлолият мубориза мебаранд.
Иқтисодиёт. Реюнон зери назорати монополияи Франсия буда, асосан найшакар парвариш ва шакар истеҳсол менамояд. Қариб 40% замини найшакар ва заводҳои қанди ин ҷо дар ихтиёри 3 монополияи калон мебошад. 60% замини корам дар дасти заминдорони калон аст, ки онҳо қариб 1% аҳолиро ташкил медиҳанд. Қисми зиёди найшакарро хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ истеҳсол мекунанд. Онҳо найшакарро ба заводҳо бо нархи муайянкардаи монополияи Франсия мефурӯшанд. Ванил, анҷибар, тамоку, чой, ҷуворимакка ва картошка низ парвариш мекунанд. Инчунин гов, гӯсфанд, хук мепарваранд. Дар Реюнон ғайр аз заводҳои қанд корхонаҳои истеҳсоли равғани эфир, коркарди ванил, тамоку ва консерв ҳастанд. Соли 1972 1225 миллион килоВатт-соат қувваи электр истеҳсол карда шуд. Намуди асосии нақлиёт — автомобил. Тули роҳҳои автомобилгард 1949 километр. Бандари баҳрии асосӣ — Порде Гале. Реюнон ба хориҷа қанд, ром, равғани эфир, ванил бароварда, аз хориҷа мошину таҷҳизот, семент, хӯрокворӣ ва газвор мегирад. Қариб тамоми экспорт ва импорт ба саҳми Франсия рост меояд. Воҳиди пул — франки африкоӣ.
Маориф. Системаи маорифи Реюнон бо системаи маорифи Франсия як хел аст. Ба мактаби ибтидоии 6-сола бачагон аз 6-солагӣ қабул карда мешаванд. Маълумоти миёнаи пурраро дар мактабҳои миёнаи (литсеи) Реюнон дар 6—7 сол мегиранд. Мактабҳои миёнаи нопурра — коллеҷҳои маълумоти умумӣ (4-сола) ҳам ҳастанд. Соли таҳсили 1972/73 дар мактабҳои ибтидоӣ 106,6 ҳазор талаба мехонд. Соли 1950 дар шаҳри Сен-Дени инстутитҳои ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва маълумоти сиёсӣ таъсис ёфтаааст. Дар Сен-Дени Китобхонаи марказӣ, Музеи таърихи табиат (1854) ва Музеи санъатшиносӣ (1912) ҳастанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …