Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри РЕЙМС

Шаҳри РЕЙМС

РЕЙМС (Ке1шз), шаҳрест дар шимоли шарқи Франсия, дар департаменти Марна. Аҳолиаш 178 ҳазор нафар (1975). Узели муҳими нақлиёт. Ба воситаи каналҳои киштигард бо дарёҳои Марна ва Эна алоқаманд аст. Реймс— маркази саноати пашмина ва истеҳсоли виноҳои шампан. Корхонаҳои саноати мошинсозӣ (махсусан асбобҳои электрии рӯзгор), дӯзандагӣ ва қаннодӣ низ ҳаст. Университет (1962) дорад. Ёдгориҳои меъмориаш ба асрҳои 11—14 мансубанд (калисои Сен-Реми, калисои ҷомеи Нотр-Дам ва ғайра).

reims

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …