Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Биёбони РЕГИСТОН

Биёбони РЕГИСТОН

registon-b

РЕГИСТОН, биёбони регзорест дар шарқи кӯҳсори Эрон, дар ҷануби Афғонистон. Биёбонро аз Ҷануб кӯҳҳои Чағай, аз Шарқ шохаҳои кӯҳҳои Макрон иҳота кардаанд. Ҳудуди ғарбӣ ва шимолии Регистон аз дарёи Ҳилманд мегузарад. Масоҳат қариб 40 ҳазор километр2. Сатҳи биёбон ҳамвор буда, аз Шарқ ба Ғарб тадриҷан (аз 1500 метр то 800 метр) паст мешавад. Дар ин ҷо қатортеппаҳои регӣ, талҳои регӣ, талҳои реги равон — барханҳо (баландиашон то 60 метр) бисёранд. Иқлим субтропикаи хушк, континентӣ. Боришоти солона тақрибан 100 миллиметр. Наботот (бештар явшон ва растаниҳои эфемерӣ) хеле сирак мерӯяд. Дар водии дарёҳо ва домани кӯҳҳо баъзан воҳаҳо ва дар маҷрои дарёҳои калон тӯғайзорҳо вомехӯранд. Қад-қади канори шимолии Регистон роҳи автомобилгарди Қандаҳор (Афғонистон)—Кветта (Покистон) мегузарад. Аксари аҳолии ин ҷо кӯчманчӣ буда, бо чорводорӣ (бузу гӯсфанд ва шутурпарварӣ) машғул аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …