Маълумоти охирин

РЕГ

РЕГ, ҷинси кӯҳии таҳшинии маҳиндона ва пошхӯрандаро гӯянд, кн аз зарраи минералҳои гуногун ва шикастапораи ҷинсҳои кӯҳии андозаашон аз 0,1 то 1 миллиметр (аз рӯи таснифоти дигар аз 0,05 то 2 миллиметр) иборат буда, омехтаҳои хоку гил низ дорад. Рег вобаста ба шароити пайдоиш дарёӣ, кӯлӣ, баҳрӣ ва ғайра, аз ҷиҳати таркиби минералӣ бошад, бештар кварсӣ, глаукониту кварсӣ, шпати даштию кварсӣ, варақсангӣ ва ғайра мешавад. Дар таркиби Рег баъзан минералҳои қиматбаҳо монанди тилло, платина, алмос, ёқути сурх, ёқути кабуд ва ғайра ёфт мешаванд. Реги табиӣ ва сунъиро, ки бо роҳи майда кардани ҷинси кӯҳӣ ҳосил мекунанд, дар бинокорӣ ва саноати масолеҳи бинокорӣ истифода мебаранд; Реги кварсӣ барои тайёр кардани шиша, чинивор, сафол ва ғайра ҳамчун ашёи хом ба кор меравад. Сифати Регро калону хурдии донаҳо, таркиби минералогӣ ва миқдори омехтаҳо муайян мекунанд.

reg

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …