Главная / Ҷамъият / РЕФОРМАТСИЯ

РЕФОРМАТСИЯ

РЕФОРМАТСИЯ (аз лотинӣ геГогша- Цо — азнавсозӣ, ислоҳ), ҷунбиши ҷамъиятию сиёсӣ ва идеологиеро гӯянд, ки дар Европаи Ғарбӣ ва Марказӣ дар асри 16 сар зада буд; асосан моҳияти зиддифеодалӣ дошта, бар зидди калисои католикӣ (пояи идеологии сохти феодалӣ) ҷараён гирифта буд. Идеологҳои Реформатсия тезисеро ба миён гузоштанд, ки моҳиятан зарурати калисои католикӣ ва папаю рӯҳониёнро инкор мекард. Реформистҳо «Катибаи муқаддас»-ро манбаи ягонаи ҳақиқати динӣ эълон карда, «Ривояти муқаддас»-ро рад кардаанд. Онҳо таъсиси «калисои содда»-ро талаб намуда, ҳуқуқи онро ба боигариҳои замин ва ғайра маҳқум кардаанд.

reformaciya1

Реформатский ба якчанд равияҳо, аз қабили бюргерию буржуазӣ (Мотер, Ж. Калвин, У. Свипгли), халқӣ (ифодакунандаи манфиатҳои деҳқонон ва бенавоёни шаҳр) ва шоҳию князӣ (дар мамлакатҳои Скандинавия ва Англия) тақсим мешавад. Ҷанги деҳқонон дар Германия (1524—26) нуқтаи олии ҳаракати реформистӣ ба шумор мерафт. Дар Дания ин ҳаракат бо сардории X. Таусен авҷ гирифта, ба Норвегия, Исландия, Финляндия низ таъсир расонд. Дар Швейсария аввал шакли свингличигиро гирифта, баъди муваффақият пайдо на- кардани ҳаракати анабаптистҳо дар солҳои 40 асри 16 ба ҷараёни нави ҳаракати реформистӣ—калвинизм табдил ёфт, ки баъдтар дар тамоми Европа, аз ҷумла Франсия, Австрия, Венгрия ва дигар мамлакатҳо ҳамчун идеологияи буржуазияи тавлидшаванда хизмат кард. Шаклҳои радикалии ҳаракати реформистӣ ба сохти феодалӣ таҳдид мекард. Солҳои 50 асри 16 бо роҳбарии папа ҳаракати зиддиреформистӣ ташкил ёфт, ки он дар Германия, Полша ба Реформатсия зарба зад ва дар Италияву Испания пеши роҳи интишори Реформатсияро гирифт. Дар Нидерланд калвинизм байрақи идеологии револютсияи буржуазӣ гардид. Дар Англия бошад, шоҳ сардори калисои англиканӣ эълон шуд ва дар нимаи дуюми асри 16 кальвинизм васеъ интишор ёфт.
Умуман ҳаракати реформистӣ марҳалаи муқими мубориза ба муқобили феодализм буд, ки дар натиҷаи он калисои католикӣ мавқеи монополистии худро дар Европаи Ғарбӣ аз даст дод. Дар як қатор мамлакатҳо (Германия, Швейсария, Скандинавия, Англия, Шотландия, Нидерланд ва ғайра) калисоҳои англиканӣ ба вуҷуд омаданд. Кашида гирифтани заминҳои калисо асоси иқтисодии калисои католикиро суст кард. Дар ин мамлакатҳо Реформатсия тартиботи калисоро хеле содда ва калисоро бо давлат вобаста кард ва дар натиҷа диктатураи динӣ шикаст хӯрд. Реформатсия охирин ҳаракати бузурги зиддифеодалӣ буд.
Анъанаҳои реформистӣ дар дини ислом ва дигар динҳои Шарқ дар давраи табдили капитализм ба империализм ва пайдоиши рӯҳияи зиддимустамликавии халқҳои мазлум ба вуқӯъ пайваст. Инкишофи Реформатсия дар давраи муборизаи байни капитализм ва сотсиализм роҳи инкишофи назариявии модернизми динӣ гардид. Реформатсияи ислом шарҳи маҷмӯи масъалаҳои иқтисодиву сиёсӣ ва динию ахлоқиро дар бар мегирифт.
Адабиёт: М а р к с Карл, К критике гегелевской философии права. Введение. Маркс Карл, Энгелс Фридрих, Сочинение, 2 издание, том 1; Э нгельс Фридрих, Сарсухан ба «Ҷанги деҳконон дар Германия», Асарҳо, мундариҷа, ҷилди I, Душанбе, 1963; Штерн Л., Идеологическая и политическая роль реформации в прошлом и в настоящем, дар китоби: Ежегодник германской истории (1968), Москва, 1969; Роузентал Франсия.. Торжество знания, Москва, 1978. С. Аҳмадов, К. Ёқубов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон …