Маълумоти охирин
Главная / Биология / РЕФЛЕКСҲО

РЕФЛЕКСҲО

РЕФЛЕКСҲО (аз лотинӣ геПехиз — бозтоб, мунъакис), посух (реаксия)- ҳои организмро ба ангезиши р ес е п т о р (ҷиҳози пазиро)-ҳо номанд. Ҳангоми Рефлекс узви дахлдор ё ба кор медарояд ё аз кор мемонад. Амалиёти тамоми узвҳои бадан ба Рефлекс вобаста аст. Бо ёрии Рефлекс дар байни қисматҳо ва узвҳои гуногуни бадан ҳамбастагӣ ва таъсири мутақобил ба миён омада, фаъолияти муттафиқона, муназзам ва яклухти организм таъмин мегардад. Туфайли Рефлексҳо организм ба тағйироти муҳит ва шароити дарунии худ зуд реаксияи созгорӣ пайдо карда, бо ин роҳ муҳити дохилиашро ҳамеша дар як хел савия нигоҳ медорад,
Мафҳум ва истилоҳи р е ф л е к сро дар илм бори аввал олими франсавӣ Декарт кардааст. Ба ақидаи Декарт рефлекс механизми фаъолияти ҳароммағз буда, бе иштироки шуур (фаъолияти олии асаб) ба амал меоянд. Асосгузорони физиологияи ватанӣ И. М. Се- ченов, И. П. Павлов ва шогирдону пайравони онҳо дар фаъолияти рефлексии организм аҳамияти бағоят муҳим доштани асабияи марказиро ( муқаррар намуданд. Масалан, И. М. Сеченов дар амалиёти ҳароммағз ва майна аҳамияти универсалӣ (умумӣ) доштани принсипи рефлексиро асоснок кард. Дар китоби машҳури худ «Рефлексҳои мағзи сар» (соли1863) ӯ мегӯяд, ки тамоми амалиёти бошуурона ва бешуурона ба тариқи рефлекс содир мешавад. Каш- фиёти И. М. Сеченов «Тасаккуми марказӣ» дар илми рефлексомӯзӣ мавқеи алоҳида дорад. Бо тадқиқоти Ч. Шерриигтон, Н. Е. Введенский, аз А. А. Ухтомский, И. С. Бериташвили ва шогирдону ҳамкорони И. П. Павлов қонунҳои асосии содиршавии реаксияҳои рефлексӣ — таҳайюҷ (баҳаяҷоноӣ ё бедоршавӣ) ва тасаккун (боздошташавӣ ё оромшавӣ), просессҳои координасияҳо (сомон, фаъолияти муттафиқ,) интеграсия (таҷсим, муттаҳидшавӣ) ва ғайра махсусан дар асабияи марказӣ аниқу равшан карда шуданд. п {
Роҳе, ки ба воситаи он ҳаяҷон амал ресептор ба эффектор мегузарад камони рефлекс ном дорад. Вай аз қисмҳои зерин иборат аст: 1) ресепторҳо, ки ангезишро қабул мекунанд; 2) невронҳо (асабҳуҷайраҳои) афферент (марказшитоб), ки ҳаяҷонро аз ресепторҳо гирифта, ба асабияи марказӣ мегузаронанд; 3) невронҳо асабияи марказӣ ва синашакл, ки дар онҳо ҳаяҷон таҳвил ёфта, пас ба невронҳои марказгурзар интиқол мешавад; 4) невронҳо аз эфферентӣ (марказгу рез), асабияи марказиро бо узвҳо васл намуда, импулсҳои ҳаяҷонро аз марказ ба атроф мегузаронанд; 5) эфекторҳо (узвҳои кор), ки рефлексии мазкурро ба ҷо мекунад ҳаяҷон ба воситаи камони рефлекс чанд хусусият дорад: фақат ба як тараф (самт) равона шудани ҳаяҷон, суммасия (таҷаммӯъ, тарокум ё ҷамъшавӣ) ва таъ- сири минбаъдаи он, давраи ниқомии реаксияи рефлексӣ, таҳаввул, назми ҳаяҷон, индуксия (илқои ҷараёни ҳаяҷон) ва ғайра.
Он қитъаи бадан ё қисми пӯст, ки ҳангоми ангезидани он рефлекси муайян ҳосил мешавад, м а й д о н и д а р р о к ё минтақаи рефлексовар ном дорад.
Рефлекс аз ҷиҳати аҳамияти биологи ба Рефлекси хӯрокхӯрӣ, дифоӣ ё ҳомӣ, ҷинсӣ (таносулӣ), шиносоӣ, таҳаррукӣ ё локомоторӣ (мавқеъ ва ҷунбиши бадан дар фазо) ва ғайра ҷудо мешаванд.
Вобаста ба иштироки қисмҳои асабияи марказӣ дар реаксияи рефлексӣ Рефлекси ҳароммағзӣ, майнаи дарозрӯягӣ, майнаи миёнагӣ (мезенсефалӣ), майнаи васатӣ (диэнсефалӣ), кишри майнагӣ ва ғайра мешаванд.
Агар Рефлекс дар натиҷаи ангезиши ресепторҳои берунӣ(экстероресепторинасияҳо) ҳодис шаванд, онро Рефлекси экстересептивӣ, агар аз ангезиши ресепторҳои мушакҳо, бандакҳо, пайҳо, бандҳо рӯй диҳанд, Рефлекси приоресептивӣ ва агар ҳангоми ангезиши ресепторҳои узвҳои дарунӣ ба амал оянд, Рефлекси и н т е р оресептивӣ ё виссероресеп т и в ӣ мегӯянд. Рефлекси интероресепти- вӣ чанд хел мешаванд: виссеро – виссералӣ (аҳшоию аҳшоӣ— аз узви дарунӣ ба узви дарунӣ), виссеро-сенсорӣ (аҳшоию эҳсосӣ — аз узвҳои дарунӣ ба узвҳои ҳис), виссеро-моторӣ (аҳшоию таҳрикӣ — аз узвҳои ҳис ба мушакҳои скелетӣ). И. П. Павлов Рефлексро ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунад: Рефлекси ғайришартӣ ва Рефлекси шартӣ. , Рефлекси ғайришартӣ модарзодӣ буда, бе ягон шарту шароити махсус ба амал меоянд. Рефлекс и ш а р т ӣ ғайримодарзодианд; онҳо дар ҷараёни зиндагӣ дар натиҷаи ба вуҷуд омадани алоқаи муваққатии организм бо муҳити атроф ҳатман бо иштироки қишри майна дар инсон ва ҳайвони олидараҷа ба амал меоянд. Рефлекс оддӣ ва мураккаб, баданӣ ё соматикӣ (ҳаракати мушакҳои скелетӣ) ва наботӣ ё вегетативӣ (ҳаракати узвҳои дарунӣ) низ мешаванд.
Ғайр аз Рефлекси номбурда Рефлекси патологӣ (маразӣ) низ мавҷуданд. Рефлекси патологӣ реаксияҳои ғайримаъмулӣ буда, ҳангоми иллат ёфтани қисмҳои гуногуни асабияи марказӣ зоҳир мешаванд. Дар ин маврид ба таъсири баъзе ангезишҳои одатан аз меъёр зиёд ё зӯр аксуламалҳои номувофиқу нобарор ва хилофи мақ- сад падид меоянд. Принсипи рефлексиро дар патология (маразшино- сӣ) дар баёни табиати касалшавӣ ва сиҳатшавй А. Д. Сперанский ва шогирдони ӯ муайян намуданд.
Адабиёт: Ухтомский А. А., Учение о парабиозе, Москва„ 1927; Введенский Н. Е., Возбуждение, торможение и наркоз, собрание сочинений, том 4, Ленинград, 1935; С п е р а н с к и й А. Д., Элементы построения теории медицины, Москва—Ленинград„ 1935; Павлов И. П„ Лекции о работе болших полушарий головного мозга, полное собрание сочинений„ 2 издание„ том 4, Москва— Ленинград„ 1951; С е ч е н о в И. М„ Рефлексы головного мозга, Москва„ 1961; Анохин Л, К„ Биология и нейофизиология условных рефлексов, Москва„ 968; К о с т ю к П. Г„ Физиология центральной нервной системы. Киев, 1971. М. Я. Расулов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …