Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕДУКСИЯ дар забоншиносӣ

РЕДУКСИЯ дар забоншиносӣ

РЕДУКСИЯ дар забоншиносӣ, пастшавӣ ва кӯтоҳшавии садо-нокҳо дар ҳиҷои безада. Коҳиши вақти тавлиди овоз Редуксияи м и қ д о р ӣ аст. Редуксияи сифатӣ натиҷаи Редуксияи миқдорӣ мебошад, яъне коҳиши вақт барои тавлиди садонок имкон намедиҳад, ки ҷараёни ҳосилшавии овоз пурра сурат гирад. Дар Редуксияи сифатӣ садонокҳо талаффузи софи худро аз даст медиҳанд, баъзе узвҳои нутқ дар тавлиди овоз иштирок наменамоянд ва ин ҳолат боиси аз байн рафтани тазоди овозҳои (фонемаҳои) ҳамҷинс мегардад. Дар забони тоҷикӣ Редуксияи сифатӣ амал мекунад. Вобаста ба дараҷаи редуксияшавӣ садонокҳои забони тоҷикӣ ба ду гурӯҳ: а) устувор — о, э, у ва б) ноустувор — и, а, у ҷудо мешаванд. Садонокҳои устувор дар ҳамаи ҳолтҳои фонетикӣ хусусиятҳои сифатию миқдориашонро нигоҳ медоранд. Садонокҳои ноустувор вобаста ба ҳолатҳои гуногуни фонетикӣ (безадагӣ, навъи ҳиҷо, ҳамшафатӣ бо ҳамсадоҳои беҷаранг ва ғайра) дар нутқи гуфтугӯӣ ҳангоми талаффуз меафтанд ё мустақилияти сифатии худро аз даст медиҳанд. Масалан: ширин —ш -рин, биринҷ — б ринҷ; сафед — с -фед, баҳор — б ҳор; сухан —с хан, шутур — ш тур ва ғайра.  Баъзан ҳама гуна гузаришро аз аносири пурратари забонӣ (овоз, ҳиҷо, калима, ҷумла) ба кӯтоҳтар Редуксия меноманд ва истилоҳи «редуксияшуда» нисбат ба овозҳои кӯтоҳ (ё фонемаҳои мустақил, ё тобишҳои мавқеии онҳо) истифода мегардад.

Адабиёт: Матусевич М. И., Современный русский язык. Фонетика, Москва, 1976. Т. Хаскашев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …