Маълумоти охирин

РЕЧИТАТИВ

РЕЧИТАТИВ (италявӣ гесИаЦуо бо овоз хондан, ифоданок хондан), каломи оҳангнок, шакли махсуси мусиқии вокалист (овозист). Ҳангоми сурудхонӣ дар шакли каломи оҳангнок иҷро намудани ягон порчаи он. Речитатив одатан тобеи қоидаҳои синтаксисии матн аст, на оҳанг. Речитатив дар ибтидо аз фаъолияти сарояндагони халқӣ, ки асарҳои эпикии мусиқию назмиро иҷро мекарданд, сар задааст. Речитатив дар мусиқии касбӣ баъди ба вуҷуд омадани жанри опера (асрҳои 16—17) пайдо шуд.

surud-nota

Дар операи италиявӣ дар асри 17 ду намуди Речитатив ба миён омад: Речитативи гуфтугӯӣ айнан Речитативи хушк, ки дар зарби озод бо ҳамовозии аккордҳои ҷудогонаи клавесин (шабеҳи фортепиано) ва Речитативи оҳангнок, ки ,бо ҳамовозии оркестри калон иҷро мешуд. Намуди якумашро (гуфтугӯӣ) (бештар дар диалогҳо ва дуюмашро дар монологҳои пеш аз ария ба кор мебурданд. Дар асри 16 Речитативи оҳангнок ривоҷ ёфт. Речитативи гуфтугӯӣ фақат дар операҳои мазҳакавӣ ҷой гирифт. Речитатив ва унсурҳои он дар дигар жанрҳои мусиқӣ: масалан, орато-рия, кантата, баллада, суруд низ вомехӯрад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …