Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕАЛИЗМИ ТАНҚИДӢ

РЕАЛИЗМИ ТАНҚИДӢ

РЕАЛИЗМИ ТАНҚИДӢ, равияи эҷодӣ дар адабиёту санъати реалистии асрҳои 19—20. Мафҳуми Реализми танқидиро Максим Горкий соли 1934 барои таъкид кардани ҷиҳатҳои ифшогаронаи ада- биёти реалистии асри 19 истифода намуда буд. Сипас ин мафҳум дар адабиётшиносӣ ва санъатшиносии советӣ роиҷ гардид. Реализми танқидӣ  хусусияти фошкунандагӣ дошта, эътирози халқро бар зидди муносибатҳои феодалӣ ва буржуазӣ инъикос менамояд. Реализми танқидӣ зимни танқиди системаи мавҷудаи ҷамъиятӣ ба амал баровардани дигаргуниҳои қатъиро таъкид  кунад  ҳам, аксаран роҳи диалектикии ин табаддулотро нишон дода наметавонист. Реализми танқидӣ  махсусан дар адабиёти реалистии асри 19 ва аввали асри 20-и рус мавқеи калон дошт. Нигаред ,Реализм.

Ю. Бобоев.

sher

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …