Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕАЛИЗМ

РЕАЛИЗМ

РЕАЛИЗМ (лотинӣ геаИз — моддӣ, воқеӣ), равияи идеалистии фалсафӣ, ки реалияти берун аз шуурро эътироф намуда, онро ё чун ҳастии объектҳои идеалӣ (Афлотун, схоластикаи асримиёнагӣ), ё ҳамчун объекти маърифати ба худи субъект ҷараёни дониш ва таҷриба новобаста (Реализми фалсафии асри 20) шарҳ медиҳад.

Дар фалсафаи асримиёнагӣ Реализм чун номинализм ва консептуализм барои ҳалли масъалаи универсалияҳо кӯшидааст.

Реализм бар хилофи номинализм ва консептуализм воқеӣ ва новобаста ба шуур вуҷуд доштани универсалияҳоро эътироф мекунад. Реализмро одатан ба ду шоха ҷудо мекунанд: Реализми ифротӣ, ки новобаста ба ашё вуҷуд доштани универсалияҳоро эътироф мекунад ва Реализми эътидолӣ, ки универсалияҳоро воқеӣ дониста, мавҷу-дияти онҳоро берун аз ашёи алоҳида инкор мекунад. Таълимоти Афлотун дар бораи идеяҳо асоси Реализми ифротӣ ва таълимоти Арасту дар бораи алоқаи мутақобили кул ва ҷузъ асоси Реализми эътидолӣ буданд.

Реализми афлотунӣ, ки онро навафлотуния ва патристика аз нав кор карда баромаданд, дар фард (ашёи алоҳида) ҷой доштани кул ва ба ақли илоҳӣ хос будани онро маъқул медонад: худи ашё дар ҷисмонияташ маҳсули аз банду баст озодшудаи моҳияти аразҳост, ки онҳо маҷмӯи сифатҳои даркшаванда мебошанд. Дар асри 11 Реализми ифротӣ ҳамчун оппозисия бар зидди номинализми И. Росцелин ба вуҷуд омада, моҳияти он дар таълимоти шогирди ӯ Гиломи Шампоӣ равшан ифода ёфтааст. Ӯ ақида дошт, ки универсалияҳо чун «нахустҷавҳар» ба сифати моҳият дар ашё қарор мегиранд. Апселми Кентерберӣ (асри 11) ва Аделарди Батӣ (асри 12) таълимоти худро дар рӯҳи Реализми афлотунӣ инкишоф додаанд. Анселм ҳастии идеалии универсалияҳоро дар хиради илоҳӣ эътироф намуда, мавҷудияти онҳоро дар қатори ашё ва берун аз ақли одамию илоҳӣ инкор мекунад.

Масъалаи таносуби мафҳумҳои куллӣ (универсалияҳо) ©а ҳастӣ дар фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқ низ вуҷуд дошт. Масалан, Форобӣ дар шарҳи «Мақулот»-и Арасту ҷавҳарҳои алоҳидаро воқеӣ ва объективан вуҷуддошта эълон карда, мафҳумҳои умумиро ҷавҳарҳои санавӣ ва дар зеҳи пайдошуда медонад. Масъалаи мазкур дар таълимоти фалсафии Ибни Сино равшан баён шудааст. Мувофиқи ақидаи ӯ мафҳумҳои умумӣ дар ашё ва баъди ашё дар тафаккури инсон вуҷуд доранд. Дар ин бора ӯ дар «Донишнома» навиштааст: «Ва ин куллиро, ки яке маънӣ бувад ва ба қиёс чизҳои бисёр бувад, албатта, мавҷуд нест, илло андар ваҳми мардум ва андар андешаи вай…» (Абуали ибни Сино, Осори мунтахаб Душанбе, 1981, ҷилди 1, саҳифаи 66). Дар таълимоти мутакаллимон, Ашъарӣ, Сӯҳравардӣ, Мирдомод ва дигар намояндагони мактаби «ишроқ» бар хилофи таълимоти намояндагони мактаби машшоъ бештар тамоюли реалистӣ дида мешуд, ки мувофиқи он ҳастӣ тавассути моҳиятҳои зеҳнӣ дар олами моддӣ вуҷуд дошта метавонад.

Барои калисои асрҳои миёна назари реалистии Алберти Кабир ва шогирди ӯ Фомаи Аквинӣ маъқул ва қобили қабул буд, ки он аз ғояҳои таълимоти Арасту, Ибни Сино ва илоҳиёти масеҳӣ таркиб ёфтааст. Мувофиқи ақидаи Фома, мавҷудияти универсалияҳо сегона аст: то «ашё» — дар хиради илоҳӣ; «дар ашё» чун моҳияти онҳо, шаклҳои ҷавҳарӣ; «баъди ашё» — дар хиради инсонӣ. Дар томнизм уиверсалияҳо бо «шакли арастуӣ» айният дода шуда, материя барои фардикунонӣ, яъне аз кул ҷудо намудани ҷузъ истифода мешавад. Реализми эътидолӣ дар асри 14 ҳам мавҷудияти худро идома додааст. Реализми асримиёнагӣ барои дарки масъалаи кул ва ҷузъ кӯшида, зиддияти дар шарҳи мафҳумҳои муҷаррад (абстраксия ва ғайра) ҷой доштаро ҳал карда натавонист.

Реализм дар фалсафаи буржуазии муосир асосан чун таълимоти гносеологии идеалистӣ ифода ёфта, ба мактаби Реализми бевосита (нигаред Неорсализм) ва Реализми бавосита (нигаред Реализми танқидӣ) тақсим мешавад. Дар таърихи фалсафаи муосир Реализм  аксаран беасос ба идеализм муқобил гузошта мешавад.  М. Ҳазратқулов

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …