Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕАКСИЯИ ТЕРМОЯДРОӢ

РЕАКСИЯИ ТЕРМОЯДРОӢ

reaksiyai-termoyadroi

РЕАКСИЯИ ТЕРМОЯДРОӢ (аз юнонӣ Шегше — гармо ва руси ядро), реаксияеро гӯянд, ки дар ҷараёни он ду ядрои сабук ба ҳам пайваст шуда як ядрои вазнинтарро ба вуҷуд меоранд. Реаксия термоядроӣ танҳо дар ҳароратҳои бағоят баланд (107 К ва зиёдтар) рӯй медиҳанд, зеро барои то ба масофаи зуҳуроти қувваҳои ядроӣ (КЬ13 сантиметр) ба ҳамдигар наздик омадани ядроҳои пайвастшаванда (он- ҳо ба сабаби заряди якхелаи мусбат доштанашон аз якдигар тела мехӯранд) энергияи кинетикии ҳаракати ҳароратии онҳоро афзудан зарур аст, то ки онҳо садди потенсиалии ҳамдигарро бартараф карда тавонанд. Дар натиҷаи Реаксияи термоядроӣ энергияи зиёде хориҷ мегардад, зеро ядрои маҳсул назар ба ядроҳои якшаванда дар ҳолати поёнтари энергӣ пайдо мешавад. (Ин энергия ададан ҳамчени қисми афзудаи энергияи бандиши ядрои маҳсул ҳоҳад буд.) Мусоидтарин Реаксияи термоядроӣ  реаксияи як шудани дейтернй (аН) ва тритий (’Н) аст, ки дар натиҷаи он ядрои нисбат ба онҳо устувортари 4Не (ё худ гелий —4, яъне алфа-зарра) ва нейтрон 0п) ба вуҷуд меояд: Н ++ ,Н-► *Не + оп. Ҳисобукитоби содда нишон медиҳад, ки энергияи бандиши 2Н ва ЭН мувофиқан —2,2 МэВ ва —8,5 МэВ ҳасту энергияи бандиши 4Не —28,3 МэВ, яъне дар натиҷаи реаксияи номбурда бояд энергияи баробар ба фарқи эиергияи ядрои маҳсул ва ядроҳои реаксиякунанда, яъне энергияи 17,6 МэВ хориҷ гардад. Ҳақиқат низ ҳамин аст: дар ин реаксия 17,6 МэВ ё худ ба сари ҳар нуклон ~3,5 МэВ хориҷ мегардад. Ин назар ба энергияи дар натиҷаи пора шудани ядроҳои вазнин ба сари ҳар як нуклон хо- риҷгарданда (мас., барои 23511 ин энергия ҳамагӣ ~0,8 МэВ/нуклоя аст) хеле зиёд аст.

Реаксияи термоядроӣ  дар тавлиди энергияи Офтобу ситораҳо мақоми муҳим дорад. Дар қаъри Офтобу ситораҳо дар натиҷаи «сӯхтани» гидроген (Н) ва гелий (Не), яъне дар натиҷаи аз 4 р (протон — ядрои гидроген) ба вуҷуд омадани як ядрои 4Не ва 2 е+ (позитрон) энергияи бағоят зиёд хориҷ мегардад. Ин гуна табдилот (4р -*■ аНе + 2е+) ду роҳ дорад:

  1. Сикли п р о т о н-п р о т о н ӣ ё гидрогенӣ, ки онро соли 1938 Ҳ Бете бо ҳамкоронаш дарёфтаанд:

р + -р = + е+ + V,

  • О + р * Не + у, (1) *Не +-^Не -► *Не + 2 р.

Ин ҷо V шпорати нейтрино ҳасту •у — гамма-квант ва Б — дейтрон. Агар реаксияи сеюми (Ф) воқеъ нагардад, сикли мазкур ин тавр хотима меёбад:

* Не -► * Не + 74Ве + у,

7 7

Ве + е— -► ы + V,

  • з I

7Ы + Р —2*Не

3 9

(Ве — бериллий, Ы — литий, е- — электрон). Хулоса дар натиҷаи ин сикл энергияи 26,7 МэВ хориҷ мегардад. (Аз 2 то 19%-и ин энергияро нейтриноҳо бо худ мебаранд);

  1. Сикли к а р б о н-н итрогенӣ ё к а р б о н ӣ (Ҳ. Бете, 1389) ба во- ситаи С (катализатори реаксия) сурат мегирад:

‘*С + р -►        + у

13 N -► С + е+ + V

7 •

,3вС + р- тИ + у,

‘‘И + р-^^О + у

15 О-^ Я + е+ + V,

** N + р -*■ -С + 9 Не

Ин ҷо N ишорати нитрогон ҳасту 0 — оксиген. Чунонки мебинем, дар реаксияҳои (2) низ табдилоти навъи 4 р -»■ 4Не + 2е+ руй медиҳад. Дар натиҷаи сикли карбонӣ энергияи 26,8 МэВ хориҷ мешавад, ки —1,7 МэВ-и онро нейтриноҳо бо худ мебаранд. Маҳз ҳамин энергия (дар сикли гидрогенӣ 26,7 МэВ) аст, ки Реаксияи термоядроӣ  дар қаъри офтобу ситораҳо худнигохдоранда мебошанд. Масалан, массаи Офтоб дар натиҷаи ҳамин навъи сарфи энергия ҳар сония —4* 10® т кам мешавад, яъне тавоноии ин тарзи энергияхориҷкунандагии Офтоб — 4 • 1026 Вт аст. Дар ситораҳои азимҷусса сиклҳои гелий ва неойии Реаксияи термоядроӣ  (дар ҳароратҳои бештар аз 2 • 10® К) рӯй медиҳанд ва боиси табдилу тавлиди ядроҳои калонтар мегарданд.

Дар шароити заминӣ Реаксияи термоядроӣ  ҳоло танҳо дар шакли бомбаи гидрогенӣ (нигаред Яроқи ядроӣ) истифода шудааст. Истеъмоли «осоиштаи» Реаксияи термоядроӣ (алалхусус реаксияи дейтерий бо тритий) бо масъалаи амалӣ гардондани синтези термоядроии идорапазир алоқаманд аст. Комьёбии аввалин ва умедбхш дар ин роҳ программаи советии «токамак» мебошад.

Адабиёт: Арцимович Л. А., Управляемые термоядерные реакции, 2 издание., Москва, 1963; Роуз Д., Управляемый термо- ядерные синтез, «Успехи физических наук», 1972, 107, 99.

Ф. Нормуродов. С. Қодирӣ,

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …