Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ БУРЖУАЗӢ-ДЕМОКРАТИИ ФЕВРАЛИ 1917 дар Россия

РЕВОЛЮТСИЯИ БУРЖУАЗӢ-ДЕМОКРАТИИ ФЕВРАЛИ 1917 дар Россия

rbd-1917-russia

РЕВОЛЮТСИЯИ  БУРЖУАЗӢ-ДЕМОКРАТИИ ФЕВРАЛИ 1917 дар Россия, револютсияи дуюми рус, ки дар натиҷаи он саризм сарнагун гардида, республикаи буржуазӣ-демократӣ барпо шуд. Револютсия дар шароити Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ки он ҳаракати револютсиониро пурзӯр намуда, ба ҳукумати подшоҳӣ шикасти сахт дод, ба амал омад. Ба гуфтаи Владимир Илич Ленин, ин шикастҳо «… тамоми механизми кӯҳнаи ҳукуматӣ ва тамоми тартиботи кӯҳнаро ноустувор карданд, ба муқобили он қаҳру ғазаби ҳамаи синфҳои аҳолиро ба вуҷуд оварданд, армияро хашмгин кардаанд…» (Ленин, Асарҳо, ҷилди 23, саҳифаи 333). Дар мамлакат вазъияти револютсионӣ ба вуҷуд меомад. Қувваи ҳаракатдиҳандаи револютсия пролетариат буд. Бо роҳбарии партияи болшевикӣ пролетариат оммаи деҳқонон ва солдатҳоро, ки муштоқи сулҳ, озодӣ, замин ва нон буданд, аз паси худ мебурд. Январи 1917 дар корхонаҳои Россия 270 ҳазор коргарон, аз ҷумла, дар Петроград 117 ҳазор нафар коргар корпартоӣ карданд. Корпартоӣ ва намоишҳои сиёсӣ характери оммавӣ пайдо мекарданд. 23. 2 (8. 3) 1917 дар Рӯзи байналхалқии занон дар корхонаҳои Петроград митингу корпартоиҳо (128 ҳазор нафар) ба амал омаданд. Коргарзанон бо шиорҳои «Нон!» «Нест бод ҷанг(» ба кучаҳо барема-данд. 25 феврали корпартой оммавӣ гардид; 200 ҳазор коргарон корпартоӣ карданд, ки нисфи онҳо аэ пойтахт буданд. Комитети Российская Социал-Демократичкская Партия -и Петроград муроҷиатнома бароварда, даъват намуд, ки ҳокимияти мутлақи сарнагун карда шавад. 26 феврали (11 март) корпартоӣ ва намоишҳо бо роҳбаряи Бюрои россиягии Комитети Марказии Российская Социал-Демократичкская Партия РСДРП ва комитети Петроград ба шӯриши яроқнок мубаддал гардиданд. Зери таъсири пролетариат то 27 феврали (12 март) 66 ҳазҳр солдатҳои гарнизон ба тарафи револютсия гузаштанд. Шӯришгарон Саруправленияи артиллерия, қӯрхонаҳо, кӯпрукҳо, вокзалҳо, телеграф, почта ва дигар муассисаҳои асосиро ишғол карданд, маҳбусони сиёсиро озод намуданд, вазирон ва мансабдорони калонро ба ҳабс гирифтанд. Револютсия дар пойтахт ғалаба кард. Ҳан-гоми шӯриш Бюрои Комитети Марказии Российская Социал-Демократичкская Партия РСДРП манифести «Ба ҳамаи гражданҳои Россия*-ро бароварда, даъват намуд, ки Ҳукумати муваққатии револютсионӣ барпо карда шавад. Коргарон ба Совет вакилони худро интихоб мекарданд. 27 феврали (12 март) нахустин маҷлиси Совети Петроград барпо шуд. 2 (15) март шоҳ Николаи II маҷбур шуд, аз тахту тоҷ даст кашад ва онро ба бародараш Михаил вогузорад, аммо 3 (16) март Михаил ҳам аз тахту тоҷ даст кашид. 1 (14) март коргарони Москва ва солдатҳои гарнизон шаҳрро ба даст гирифтанд. Дар давоми моҳи март револютсия дар тамоми мамлакат ғалаба кард. То 10 март дар мамлакат 130 Совет ташкил карда шуд. Аммо роҳбарияти эсеру меншевикии Совети Петроград, ки дар рӯзҳои аввали револютсия ҳокимият амалан дар дасти он буд, бо буржуазия — комитети муваққатии Думаи давлатӣ забон як кард. 2 (1.5 март) Ҳукумати муваққатии буржуазӣ барпо карда шуд. Дуҳокимиятӣ ба вуҷуд омад. Дар маҳалҳо баробари Советҳо дар шахси комиссарҳои Ҳукумати муваққатӣ ба ном «комитетҳои ҷамъ-иятӣ»-и органҳои ҳокимияти буржуазӣ ва ғайра ташкил карда мешуданд.

Хабари дар Петроград ғалаба кардани револютсия дар Туркистон низ паҳн шуд. 3 марти 1917 дар шаҳрҳои калони Туркистон митингу маҷлисҳо ба амал омаданд. Советҳо барпо карда шуданд. 31 марти 1917, баъд аз барҳам хӯрдани генерал-губернатории Туркистон, Комитети туркистонии Ҳукумати муваққатӣ ташкил карда шуд; 17 апрели дар Хуҷанд Комитети иҷроияи Ҳукумати муваққатӣ дар ҳайати 29 кас ташкил гардид. Ин комитет манфиатҳои буржуазия, истисморгарони маҳаллӣ ва муросочиёнро ифода мекард. Комитети туркистонии Ҳукумати муваққатӣ аз тарафгирии роҳбарияти эсеру меншевикии Советҳо ва ташкилотҳои контрреволютсионӣ истифода бурда, дар кишвар сиёсати зиддихалқӣ мегузаронд. Сиёсати бур-жуазии Ҳукумати муваққатиро болшевикон, ташкилотҳои сотсиал-демократии рӯҳияи болшевикӣ доштаи Туркистон фош мекарданд. Хабари ғалабаи револютсияи февралӣ ва сарнагуншавии мутлақият ба меҳнаткашони Бухоро низ расид. Дар Бухорои нав (Когон), Тирмиз, Каркӣ, Чорҷӯй Советҳои депутатҳои солдатҳо ва коргарон ташкил ёфтаанд. Марти 1917 бар зидди амир дар бекии Қаршӣ ошӯбҳо сар шуданд. Дар Келиф, Зибуддин ва дигар бекиҳо низ бар зидди аморат исёнҳо ба амал омаданд. Дар зери фишори меҳнаткашон амир маҷбур шуд «манифест» барорад, ки дар он мунофиқона баъзе озодиҳои демократӣ, аз ҷумла идоракунин интихобиро эълон мекард. Ҳамаи ин ваъдаҳо танҳо дар рӯи коғаз монданд. Револютсияи февралӣ ба ҳаракати миллии озодихоҳии меҳнаткашони Помир ҳам таъсир расонд. Апрели 1917 дар ин ҷо Комитети умумипомирии Ҳукумати муваққатӣ ва комитетҳои вилоятӣ ташкил ёфтанд. Бо ташаббуси сол-датҳои револютсионӣ Комитети солдатии отряди Помир ва комитетҳои солдатии посбонӣ ташкил карда шуданд. Револютсияи февралии буржуазӣ-демократӣ нахустин револютсияи муааффари давраи империализм буд. Ин револютсия мутлақиятро сарнагун сохт ва барои револютсияи сотсиалистӣ заминаи иҷтимоию сиёсӣ фароҳам овард. Аммо вазифаҳои асосии худро иҷро накард; ба ҷанг хотима нагузошт, заминдории помешикӣ, зулми миллӣ ва ғайраро барҳам надод. Кризиси нави револютсионӣ ногузир буд. Партияи болшевикӣ бо роҳбарии Владимир Илич Ленин муборизаро барои гузаштан аз револютсияи буржуазӣ-демократӣ ба револютсияи сотсиалистӣ вусъат дод. Нигаред, Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр.

Адабиёт: Л е н и н Владимир Илич, Мағлубияти Россия ва кризиси револютсионӣ, Асарҳо, ҷилди 21; ҳамон муаллиф, Дар бораи вазифаҳои Российская Социал-Демократичкская Партия РСДРП дар револютсияи рус, Асарҳо. ҷилди 23; х а м о н  м у а л лиф, Дар бораи вазифаҳои пролетариат дар револютсияи ҳозира, Асарҳо, ҷилди 24; Б о н ч-Б руевич М. Д., Вся власть Советам, Москва. 1964; Фаустов Г. А., Шварев В. А., Февральская революция 1917 г. в России, Москва, 1956; История рабочего класса Таджикистана (1917—1970 годов), т.1, 2, Душанбе, 1972—73.

И. Келдиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …