Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАЗЗОМИЯ

РАЗЗОМИЯ

РАЗЗОМИЯ яке аз фирқаҳои шиа, ки гузаштани имоматро баъд аз Али ва писаронаш ба хонадони Аббосиён эътироф мекунад. Мувофиқи маълумоти муаллифи «Фарқ байн-ал- фирақ» Абдулқодири Бағдодӣ, Раззомия пайравони Раззом ибни Ризм (дар Марв) мебошапд, ки Абумуслимро дар хилофати Аббосӣ пешвои худ хондаагд.

Муҳаммади Щаҳристонӣ дар «Ал- милал ва-н-нилал» Раззомияро яке аз фирқаҳои ҳулулия медогад. Мувофиқи таълимоти Раззомия баъд аз кушта шудани Абӯмуслим рӯҳи ӯ ба рӯҳи илоҳӣ пайвастааст ва аз ин рӯ, онҳо дар фалсафа роҷеъ ба муносибати тан ва рӯҳ масъалаи таносухро мӯътақиданд. Муаллифи «Баён-ул-адён» Раззомияро фирқае медонад, ки бо номҳои  га ллония, солиқия, ш а м р и я, ҷ а ҳ м и я ва ғайра маъруфанд.

К. Беков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …