Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАЗВОЛЯЕВ Иван Павлович

РАЗВОЛЯЕВ Иван Павлович

razvolaev_ip

РАЗВОЛЯЕВ Иван Павлович (таваллудаш 1915, деҳаи Канчеровои p-ни Зиянчурини вилояти Оренбург —1981, Рос­тови Дон), Каҳрамони Иттифоқи Со­ветӣ (1945), капитали гвардия. Аз оилаи деққони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1941. Аввал дар роҳи оҳаг ва баъдтар дар колхози «Красный доброволец»-и pайони Зиянчурин кор кар­дааст. Пеш аз Ҷанги Бузурги Вата­нӣ дар қӯшунҳои дар Тоҷикистон будаи Армияи Советӣ хизмат мекард. Разволяев бо соединенияи саворае, ки дар РСС Тоҷикистон ташкил ёфта буд, ба фронт рафт. Аввалҳо ёрдамчии сардори штаби полки 213-уми аскароги савораи дивизияи 61-ум буд. Аз соли 1943 то май 1945—командири эскадрони собиқ полки 60-уми гвардиягии аскарони савораи дивизияи 16- уми гвардиягии аскарони савора.

19 январи 1945 аскарони советӣ дар шаҳри Томашув-Мезоветски (Полша) ба ҳучум гузаштанд. Эскадрони капи­тан Разволяев ҳангоми озод намудани он шаҳр 127 нафар аскару офидерони душманро торумор карда, 13 мошини боркаш, 4 туп ва 7 миномётро аз кор бароварда, 11 анбори пурбор ва тақрибан 30 мошини сабукрав ва боркашро ғанимат гирифт. Разволяев соли 1955 аз сафи Армияи Советӣ ҷавоб шуд. То охири умр инструкторт управленияи зиддисухтори шаҳри Ростови Дон буд. Бо ордени Ленин, 2 ордени Ситораи Сурх, ордени Байрақи Сурх ва медалҳо мукофотогида шудааст.

А. Н. Секретов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …