Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РАЗВЕДКА (ҳарбӣ)

РАЗВЕДКА (ҳарбӣ)

razvedka-harbi

РАЗВЕДКА (ҳарбӣ), маҷмӯи чорабиниҳои фармондеҳи ҳарбӣ бо мақсади ҷамъ овардани маълумот оз хусуси мавқеъ, ният, ҳолат ва амалиёти қушунҳои душман, ки ба­рои қабули қарори дуруст имкон медидад. То асри 19 муҳорибаҳо дар майдонҳои муайян ва танг мегузаштанд ва фармондеҳ амалиёти душманро бевосита назорат карда метавонист. Дар асри 19 армияҳои сершумор ва доираи амалиёти онҳо васеъ шуд. Аслиҳаи ракетию ядроӣ, воситаҳои кайҳонӣ, такмили воситаҳои муқаррарии мубориза ва беҳтар шудани таҷҳизоти техникии қӯшун (флот) вазифаҳои Разведкаро мураккабтар намудагд. Ҳоло барои Разведка аз чунин воситаҳо истифода мебаранд: самолётҳо, киштиҳои муқаррарӣ ва зериобӣ, стансияҳои радиолокатсионӣ, таҷҳизоти гидроакустикӣ, магнитӣ, термикӣ ва ғайра; асбобҳои суратгирӣ ва телевизион, индикатор ва асбобҳои ба ҳисобгирандаи ра­диатсия, моддаҳои химиявӣ, бакте­риологӣ; дар армияҳои хориҷӣ радифҳои маснӯи метеорологӣ ва аппаратҳои парвозкунанда низ истифода мешавад. Pазведкаи ҳозира вобаста ба вазифаҳои худ стратегӣ, фаврӣ ва тактикӣ мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …