Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАЗИИ НИШОПУРӢ Абӯҷаъфар Муҳаммад Разиуддини Нишопурӣ

РАЗИИ НИШОПУРӢ Абӯҷаъфар Муҳаммад Разиуддини Нишопурӣ

РАЗИИ НИШОПУРӢ Абӯҷаъфар Муҳаммад Разиуддини Нишопурӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1202), шоири форс-тоҷик. Мувофиқи маълумоти “Лубоб-ул-албо”-и Авфии Бухороӣ Разии Нишопурӣ солҳои аввали заёташро дар Балх гузаронида, ба­рои таҳсил ва такмили илму дониш ба шаҳрҳои Осиёи Миёна сафар кардааст. Бештар дар Мовароуннаҳр зиста, чанде дар назди Шарофуддии Муҳаммад ибни Масъуди Марвазии Бухороӣ илм омӯхтааст. Баъди дар шеъру шоири гом баровардан аввал ба дарбори Тамғочхон Иброҳим ибни Ҳусайн ва писараш Арслонхони Усмон даъват мешавад. Муддате дар дарбори Арслоншод ибни Туғрали Салҷуқӣ низ хизмат кардааст. Дар ин солҳо барои Разии Нишопурӣ бисёр муаммоҳо ошкор шуд, вай бо муҳити дарбор шинос гардид. Ва ниҳоят аз хизмати дарбор даст кашида, дар поёни умр гӯшанишин шуд.

Аз мероси адабии Разии Нишопурӣ девони ашъор шомили чор ҳазор байт ва асаре бо номи «Макорим-ул-ахлоқ» боқӣ мондааст. Девони шоир аз қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва ғайра иборат аст. Бештари тағаззулоти шоир дар тавсифи баҳор, манзараҳои зебои табиат, хуш гузаронидани умр ва ғанимат донистани он суруда шудаанд. Дар ашъори Разии Нишопурӣ одатан шикоят аз фалак ва зиндагӣ, навмедӣ аз рӯзгори ноҳинҷор дучор меояд:

Дар ҷустани рози фалак доиравор,

Эй баски бигаштем ба сари паргор.

Дар кор шикаст ин тан чун сӯзан,

Дарҳо, ки наёфтем сарриштаи кор.

Мавзӯи асосии ғазалиёти Разии Нишопурӣ  ишқ буда, шоир баъзан зимни ишқ ба панду ахлоқ мепардозад. Разии Нишопурӣ ба за­бони арабӣ низ шеър гуфтааст. За­бон ва услуби ашъори шоир фасеҳу равон буда, аз санъатҳои маънавӣ — ташбеҳу истифода ва ғайра фаровон истифода кардааст.

У. Toupoв.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …