Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Райони Панҷакент

Райони Панҷакент

Панҷакент, райони маъмурӣ дар вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон. Саная таъсисаш 23 ноябри 1930. Дар во­дии Зарафшои воқеъ гашта, бо райони Айнии РСС Тоҷикистон ва вилоятҳои Самар­қанд, Ҷиззах, Қашқадарё, Сурхондарёи РСС Ӯзбекистон ҳамҳудуд аст. Масоҳаташ 3,67 ҳазор км2. Аҳолиаш 101456 нафар (1983), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо ва намояндагони миллатҳои дигар. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 27,6 нафар. Район 14 Совети қишлоқ дорад: Амондара, Ворӯ, Ёрӣ, Колхозчиён, Коса­тарош, Моғиён, Рӯдакӣ, Сӯҷина, Фароб, Хурмӣ, Чимцургоет, Чинор, Шинт ва Қӯштеппа. Маркази рай­он — шаҳри Панҷакент.

Панҷакент дар қисми миёнаи ҳавзаи дарёи За­рафшои ҷойгир аст. Релефаш кӯҳист. Территорияи районро ба самти арзӣ се қаторкӯҳ бурида мегузарад: дар Шимоли — Туркистон (баландиаш 2000—3000 м), дар мобайн — Зарафшон (3000—4000 м. дарёи Чимтарға дар кӯҳҳои Фон — 5494 м), дар Ҳисор (то 4836 м).

Байни қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон пастхамии Моғиёну Фароб (баландиаш 1500—2000 м аз сатҳи баҳр) ва байни қаторкӯҳҳои Зарафшону Туркистон водии Зарафшон (баландиаш 900—950 м аз сатҳи баҳр) воқеъ гаштаанд. Маҳалҳои калони аҳолинишин ва боғу киштзорҳо асосан дар ҳамвориҳои водил Зарафшои (ҳамвории Панҷакент, даштҳои Саразм, Мушхона, Малла, Марғедар, Ёрӣ ва ғайра) ҷой гирифтаанд, ки онҳо дар асл суфаҳои қадимии дарё мебошаяд. Сарватҳои зеризаминии Панҷакент: ангашти бӯр, сурма, симоб, волфрам, қалъагӣ, арсен, фосфорит, масолеҳи бинокорӣ (оҳаксанг, гач, гил, регу шағал) ва ғайра.

Иқлими район континентӣ; тобистонни водиҳо гарм, кӯҳҳо — мӯътадил; зимистони воиҳо мулоим, кӯҳҳо — хунук ва қаҳратун. Ҳарорати миёнаи июл дар водиҳо 25—30° С; дар кӯҳҳо то 5—10° С; январ, дар водиҳо аз 0° то —5° С, дар кӯҳҳо то —15, —20°С. Боришоти солона 200—300 мм, дар кӯҳҳо 500—700 мм. Дар Панҷакент дарё, кӯл ва чашмаҳо бисёранд. Дарёҳо асосӣ: Зарафшон ва шохобҳои он — Моғиёя, Киштӯд. Кӯлҳои калонтарин: Кӯликалон, Марғзор, Нофия, Соя, Ҳушёр. Дар водии Зарафшон ва доманакӯҳҳо асосан хоки хокистарранги муқаррарӣ ва хокистарранги тираи минтақаи даштӣ, дар дарёбод хоки аллювиалӣ, дар кӯҳҳо бошад, бештар хоки хокистарранги тира ва ҷигарранги минтақаи бешадашт, хокҳои марғзори даштии минтақаҳои субалпӣ дучор меоянд.

Доманаю нишебии кӯҳҳо то баландии 1800 м ба минтанқа даштҳои кӯҳӣ, баландиҳоя 1800— 2500 м ба минтақаи бешадаштҳои кӯҳӣ, баландтар аз он бошад, ба минтақаҳон субалпиюалпӣ дохил мешаванд. Минтақаи даштҳоро растаниҳои эфемерӣ, шибоғ, боялич, алафҳои хӯшадор ва минтақаи бешадаштҳоро (қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор) растаниҳои дарахтию буттагӣ. (заранг, хадашг, фарк, мушша, ғӯш, дулола, бодом, яхак, арча) ва алафзор (хушадорҳо, чатргулҳо, лубиёиҳо, кӯмот ва ғайра) пӯшидаанд. Дар сою дараҳо бештар санҷид, олуча, чормағз, бед, хома, ангат, настаран, зирк, вағнич ва ғайра мерӯянд.

Наботот дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳҳои Туркистон хеле кам буда, танҳо дар баъзе ҷойҳо дарахту буттаҳои бо­дом, дулона, арчазорҳои сирак вомехӯранд. Дарёбоди Зарафшонро ҷо- ҷо тӯғайзор (зарбед, ангат, хома, газ ва ғайра) фаро гирифтааст. Район хоҷагии ҷангалпарварӣ дорад (107229 га). Олами ҳайвоноташ бой ва гуногун аст. Аз сумдорҳо нахчир, муф­лон, гуроз, аз даррандаҳо шерпаланг (ирбис), силовсин, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ аз хояндаҳо қашҳалдоқ, заргӯш, ҷайра, юрмон, мушу калламӯш, аз хазандаҳо ҳар гуна мор, калтакелос ва аз паррандаҳои шикорбоб тазарв, мурғобӣ, кабк, мурғи ҳилол, бедона ва ғайра вомехӯранд. Тӯрайзори мавзеи Саразми дарёбоди Зарафшон ба мамнӯъгоҳ табдил дода шудааст.

Панҷакент райони хоҷагиаш серсоҳа буда, дар иқтисодиёти он хоҷагии қишлоқ ҷои аввалро мегирад. Махсусан тамоку ва ғал­лакори (гандум, шолӣ ва ғайра), боғу токдорӣ, сабзавоткорӣ, кирмакдорӣ, чорводорию паррандапарварӣ тараққӣ кардааст. Район қариб 74% тамокӯи республикаро истеҳсол мекунад. Соли 1982 район 11 колхоз, 5 савхозз, 2 хоҷагии махсуси истеҳсоли хӯроки чорво ва 2 иттиҳодияи байнихоҷагии бӯрдоқипарварӣ дошт.

Колхозҳо ва маркази онҳо: ба номи Рӯдакӣ (Кулолӣ), «За­рафшон» (Советобод), ба номи М. И. Калинин (Чорбоғ), ба номи В. И. Ленин (Сӯҷина), ба номи А. А. Жда­нов (Майката), «Ленинград» (Чимқурғон), «Коммунизм» (Моғиён), «Правда» (Шинг), ба номи К. Маркс (Кӯктош)., «Съезди 22-юми партия» (Каттақишлоқ), ба номи Ф. Энгелс (Фароб). Совхозҳо ва маркази онҳо: боғу токдории «Маргедар» (Ғӯсар), «Навобод» (Навобод), «Панҷакент» (Даштинав), сабзавоткории ба номи Ф. Э. Дзержинский (Тошманор), ниҳолпарварӣ (Даштималла). Итти­ҳодияи байнихоҷагии бурдоқипарварӣ дар деҳаи Ёрӣ ва хукпарварӣ дар шаҳри Панҷакент воқеъ гаштаанд.

Киштзори умумӣ 22218 га, аз ҳамин  ҳисоб замини обӣ 10355 га (1982). Аз ҷумла тамокузор 1989 га, ғаллазор 8399 га (шолизораш 669 га), боғу токзор 3964 га, зироати хӯроки чорво 2917 га, сабзавот 285 га, картошка 78 га. Саршумори чорвои ҷамъиятӣ (1982, ба ҳисоби сар): гов 19742, бу­зу гӯсфанд 41187, хук 1302, асп 1092, парранда 27849. Район соли 1982 ба давлат 7009 т тамоку, 3256 т шолӣ, 5097 т сабзавот, 508 т картошка, 818 т меваи донакдор. 18344 т меваи бедонак, 12666 т ангур, 2337 т гӯшт, 7957 т шир, 1948 с палм, 2 млн 176 ҳазор дона тухм ва 448 ц пилла фурӯхт. Корхонаҳои саноатии район: заводҳои консерви меваю сабзавот, коркард тамоку, хишт, вино (байнисовхозии Ғӯсар), комбинатҳои орду биринҷ гӯшту шир, хизмати маншӣ ва стансияи ҷӯҷабарорӣ. Район 124 магазин, 123 нуқтаи хӯроки умумӣ ва 56 нонвойхона дорад. Дар Панҷакент идораҳои бинокорӣ ва таъмиру бинокорӣ, системаи обёрӣ, иттиҳодияи районии «Селхозтехника», базан автомобилии ра­қами 37, идораҳои роҳсозии рақами 6 ва 26, Экспедитсияи иктишофи ге­ологии Моғиён ва ғайра мавҷуданд.

Соли хониши 1982/1983 дар Панҷакент 43 мактаби миёна, 54 мактаби 8-сола, 7 мактаби ибтидоӣ, мактаби мусиҷӣ, филиали омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод, омӯзишгоҳҳои педагогӣ ва касбҳои техникӣ мавҷуд буд, ки дар онҳо 31816 нафар хонандагон таҳсил мекарданд. Район театри халқӣ, 2 хонаи маданият, 27 китобхона, 26 клуб, 26 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дорад.

Дар 5 касалхонаи районӣ ва 9 беморхонаи участкавӣ (1110 кат), 3 по­ликлиника, 8 дорухона, 6 амбулато­рия, 46 пункти фелдшерию тиббӣ ва стансияи санитарию эпидемиологӣ 157 нафар духтурони маълумоти олидор, 490 нафар коркунони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ ва 194 нафар фелдшеру акушеркаҳо кор мекунанд (1983). Дар Панҷакент санаторияи зидди касалиҳои сил, санаторияи бачагонаи Чимқӯрғон, санаторияи пешгирии касалиҳо (Навобод) ва 2 лагери пионерӣ ҳаст.

Нақлиёти район асосан автомобилист. Бо шаҳри Душанбе (270 км) ба воситаи ағбаи Анзоб, бо шаҳри Ленинобод (340 км) ба воситаи Самарқанд ва ағбаи Шаҳристон (282 км) алоқаманд аст.

Газетаи районӣ— «Зарафшон» (таъсисаш 1932).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …