Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Райони Панҷ

Райони Панҷ

Панҷ райони маъмурии вилояти Қурғонтеппаи РСС Тоҷикистон. Санаи таъсисаш 29 августи 1930. То 6 декабри 1979 дар ҳайати вилояти Кӯлоб буд. Бо районҳои Қумсангир, Колхозобод, Фархор ва дар Ҷануб бо Республикаи Демократии Афғонистон ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 880,6 км2. Аҳолиаш 54770 нафар (11983) асосан тоҷикон; ӯзбекҳо, русҳо ва намояндагони миллатҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 51,3 нафар. Район 5 Совети қишлоқ (Араб, Қулдиман, Намуна, Сармантой, Туғул) ва 1 шаҳр дорад. Маркази рай­он — шаҳри Панҷ.

Сатҳи территория район ноҳамвор буда, аз Шимолу Шанқ ба Ҷанубу Ғарб аз 1600 м то 300 м паст шуда меравад. Қисми шимолиашро нишебии дарёи кӯҳи Тераклитоғ, шимолу шарқиашро нишебии қаторкӯҳи Қаротоғ ва ҷанубу ғарбиашро ҳамвории соҳили рости дарёи Панҷ ташкил  медиҳад. Аз сарватҳои зеризаминӣ дар Панҷ танҳо масолеҳи бинокорӣ (гаҷ, гил ва ғайра) мавҷуд аст. Иқлимаш субтропикии хушк; тобистон гарми бебориш, зимистон мӯътадили намнок. Ҳарорати миёнаи июл 30э С, январи—0,1 °.С. Боришоти солона 200— 500 мм. Дарёи Панҷ дар ҳудуд Ҷануби район, байни сарҳади давлатии СССР ва Республикаи Демокра­тия Афғонистон ҷорист.

Хоки замини район хокистарранги равшан, хокистарранги муқаррарӣ ва хокистар­ранги тира. Дар қисми ҷануби ғарби 40-40 шӯрхок низ вомехӯрад. Набототи қисми ҷанубу ғарби биёбонӣ ва нимбиёбонӣ, қисми шимоли шарқӣ — даштҳои кӯҳӣ. Аз растаниҳои эфемерӣ нахӯдак, ғеша ва ғайра, аз дарахтани мева себ, шафтолу, олу, писта, дулона, бодом, аз растанихои субт­ропики анор, апҷир, хурмо ва ғайра мерӯянд. Аз ҳайвоноти ва рӯбоҳ, шағол, гург, аз хояндаҳо юрмон, муш, калламӯш, аз хазандаҳо мор, сангпушт, калтакалос, аз паррандагон гунчишк, фароштурук, бедова кабк ва ғайра ҳастанд.

Дар иқтисодиёти район хоҷагии қишлоқ роли асосӣ мебозад. Соҳаи асосии хоҷагии район пахтакорист (бештар пахтаи навъи маҳиннах мекоранд). Чорводорӣ ва ғаллакорӣ низ ривоч ёфтааст. Соли 1083 район 8 колхозу 1 совхози пахта кор ва 1 совхози қароқӯлпарварӣ дошт. Колхозҳо ва маркази онҳо: «Маданият» (Донг), Роҳи Ленин (Тӯғалан), «Правда» (Пахтакор), «Якуми май» (Туғул), ба номи Ф. Э. Дзержинский (Турдишайх), ба номи М. И. Калинин (Қулдиман), «Сарҳадчӣ» (Пешқадам), «50-солагии Ок­тябр» (Зарбдор); совхози Панҷ (Тур­дишайх) ва совхози ба номи Мирзоянс.

Киштзори умумӣ 16775 га, аз ҷумла заминхои обӣ 14470 га (.1)983). Аз ин ҳисоб замини пахта 10909 га (аз ҷбарои навъи маҳиннах 9700га), ғалла (гандум, ҷав ҷуворимакка ва ғайра) 2845 га, зироати хӯроки чорво 3316 га, сабзавот 77 га, меваҷот 112 га, токзор 25 га. Саршумори чорво и хоҷагиҳои район (1983, ба ҳисоби сар): гов—11510, гӯсфанду буз —41848, хук —606, аса —1841, мурғ—24884. Район соли 1982 ба давлат 31182 т пахта (аз ҷумла 26792 т пахтан маҳиннах), 7803 с галла, 935 с пилла, 1147 т гӯшт, 5486 т шир, 1966 с пашм, 15373 дона пӯсти қарокӯлӣ, 21330 ц сабзавот, 11661 с меваи тар, 1268 с ангур фурӯхт.

Корхонаҳои саноатии район: заводи пахта, устохонаи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ комбинати хизмати маишӣ. Дар район управленияи сохтмон ва таъмири биноҳо, идораҳои роҳсозии ра­қами 15, 24, базаҳои автомобилии рақами 7 ва 20, колоннаи сайёри механиконидашудаи байниколхозӣ мавҷуданд. ГЭС-и Сарбанд районро бо қувваи электр таъмин мекунад.

Соли хониши 1982/1983 дар район 21 мактаби миёна, 5 мактаби 8-сола, 8 мактаби ибтидои, 1 мактаби мусиқӣ ва 2 омӯзишгоҳи техники мавҷуд буд, ки дар онҳо 17353 нафар хонандагон таҳсил мекарданд. Район инчунин 26 китобхона, 24 клуб, 26 дастгоҳи кинотамошодиҳӣ, 4 хонаи маданият, боғи истироҳат ва маданият, хонаи пионерон дорад. Дар 7 беморхона (дорои 485 кат), 5 полик­линика, 5 дорухона, 26 пункти тиббӣ 59 нафар духтурони дорои маълумоти олӣ ва 272 нафар кормандони дорои маълумоти махсуси тиббӣ кор мекунанд.

Нақлиёти район автомобилӣ ва ҳавоӣ (аэропорт дар шаҳри Панҷ). Газетаи районӣ «Ҳаёти Нав» (аз 1932 нашр мешавад).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …