Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Райони Нов

Райони Нов

Нов, райони маъмуриест дар ҳайати вилояти Ленинобод. Санаи ташкилаш 29 сентябри 1926. Аз Шимолу Ғарб бо РСС Ӯзбекистон, аз Шимол ва Шарқ бо районҳои Мастчоҳу Пролетар, аз Ғарб бо районҳои Ғончию Зафаробод ва аз Ҷануб бо РСС Қирғизистон ҳамҳудуд мебошад. Масоҳаташ 355,7 км2. Аҳолиаш 63737 нафар (1982), асосан ӯзбекҳо, тоҷикон, инчунин русҳо, қирғaзҳo ва ғайра. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 162,4 кас. Район аз 6 Совети қишлоқ (Куркат, Қӯштегирмон, Нов, Оқтеппа, Тағояк, Фармонқӯрғон) ва 1 птш (Нов маркази район) иборат аст.

Территорияи район дар қисми ғарбии водии Фарғона воқеъ гашта, аз Шимол ба  обанбори Фарҳод то даштҳои Юлдузкӯк ва Қизилӣ (доманаи шимоли қаторкӯҳи Туркистон) тӯл кашидааст. Релефи қисми ҷанубиро адирҳои нишебии шимоли қаторкӯҳи Туркистон (баландӣ аз соҳили баҳр 1200—1300 м) ва қисми шимолро ҳамвориҳо (баландиашон аз соҳили баҳр 400—450 м) ташкил медиҳанд. Сарвати зеризаминии — масолеҳи бинокорӣ (одаксанг, регу шағал ва гили хиштбоб). Иқлими район континентӣ, тобистонаш гарм (ҳарорати, миёнаи июл 25—30°С), зимистонаш мӯътадил (ҳаророрати миёнаи январ аз О то —5°С). Боришоти солона 200— 300 мм. Территорияи районро дарёҳои Оқсу ва Исфана бурида мегузаранд, ки оби онҳо пурра барои обёрӣ истифода мешававд. Хоки заминҳои Нов дар Шимол хокистарранги биёбонию нимбиёбонӣ, дар Ҷануб— хокистарранги муқаррарӣ ва хокистарранги тира. Дар заминҳои бекорхобида растаниҳои эфемерӣ, инчунин явшон, ҷорубак ва ғайра мерӯянд. Дар маҳалҳои аҳолинишин дарахтони мевадор (тут, зардолу, себ, нок, олуболу, шафтолу ва ғарйа) ва бемева (бед, сафедор, чинор ва ғайра ) бисёранд. Олами ҳайвоноти район камбағал. Аз даррандагон гургу рӯбоҳ, аз хояндаҳо заргӯш, ҷайра, мушу калламушҳо, аз хазандагон савпушт, мору калтакалос ва аз паррандаҳои шикорбоб кабк мавҷуданд.

Дар иқтисодиёти район хоҷагии қишлоқ ҷои асосиро ишғол мекунад. Махсусан пахтакори, бордорию кирмакдорӣ ва чорводорӣ тараққӣ кардааст. Аз зироатҳои ғалладона асосан шолӣ, гавдум, ҷав ва чуворимакка мекоранд. Соли 1982 район 8 колхози пахтакор («Украина», «40-солагии Октябр», ба номи Калинин, ба номи Дмитров, «50- солагии СССР», ба номи Сатторов, ба номи Киров, «Тоҷикистон») ва 1 совхози сабзавоткор (ба номи Жданов) дошт. Майдони умумии заминҳои хоҷагии қишлоқ 35381 га (1982), аз ҷумла заминҳои обӣ 13138 га. Замини пахта 8795 га, ғалла 1,682 га (аз ҷумла шолӣ 202 га, ҷуворимакка 450 га), боғу токзор ва тутзорҳо 712 га сабзавот 288 га. Саршумори чорво дар хоҷагиҳои ҷамъиятии район (1 июли 1982): гов 6728 cap, бузу гӯсфанд 30947 cap, хук 3054 cap. Соли 1981 район ба давлат 23120 т пахта, 1977 т ғалла, 280 т меваи тар, 14836 т сабзавот, 1266 т гӯшт, 4889 т шир, 895 с пашм, 220 ҳазор дона тухм ва 242 т пилла фурӯхт. Корхонаҳои саноатии район: заводи  пахтатозакунӣ, заводи «Ленинободселмаш» (қисмимҳои эҳтиётии мошинҳои хоҷагии қишлоқ), заводи асфалту бе­тон, комбинати масолеҳи бинокорӣ, комбинати маҳсулоти ғалладона (осиёб, заводи хӯроки омехтаи чорво, элеваторро дар бар мегирад), филиали фабрикаи шоҳибофии шаҳри Ленинобод, комбинати хизмати маишӣ ва ғайра.

Соли таҳсили 1982/83 район 25 мактаби миёна, 1 мактаб-интернат ва 1 омӯзишгоҳи касбҳои техникии қишлоқ дошта, ки дар онҳо 17819 нафар хонандагон таҳсил мекарданд. Дар Нов инчунин 21 клуб, 21 китобхона, қасри маданият, театри драма ва 14 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ ҳаст.

Дар 3 касалхонаю таваллудхона, 2 поликлиника, 1 амбулатория, 1 стансияи санитарию эпидемиологӣ, 7 дорухона, 14 пункти тиббӣ ва 4 пункти фелдшерию акушерии район 102 нафар духтурони дорои маълумоти олӣ ва 446 нафар коркунони дорои маълумо­ти миёнаи махсуси тиббӣ кор мекунанд.

Аз территорияи район хати роҳи оҳан Хавос — Қӯқанд ва автобусҳои маршрути Ле­нинобод—Тошкент, Ленинобод—Са­марқанд, Тошкент—Ленинобод—Андиҷон, Тошкент — Қӯқанд мегузаранд.

Газетаи райони—«Коммунизм са­ри» (аз 7 ноябри 1930).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …