Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РАЙОНИ АВТОНОМИИ ТИБЕТ

РАЙОНИ АВТОНОМИИ ТИБЕТ

РАЙОНИ АВТОНОМИИ ТИБЕТ, Тибат (хит. Ситмзан), райони маъмуриест дар ҷанубу ғарби Хитоӣ, дар ҳудуди кӯҳсори Тибет. Масоҳаташ 1221 ҳазор км3. Аҳолиаш қариб 1,6 млн. нафар (1975). Маркази маъмуриаш — шаҳри Лхаса. Соҳаи асосии иқтисодиёти Тибет хоҷагии қишлоқ аст. Зиёда аз 60% маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқро зироаткорӣ медиҳад. Дар водиҳо ва нишебии кӯҳҳо ҷав, гандум, шолӣ, растаниҳои лӯбиёӣ, картошка, пиёз ва ғайра кишт мекунанд. Дар баландкӯҳҳо чорво (бузу гӯсфанд, ғажгову асп) парвариш меёбад. Дар территорияи район конҳои ангишт, намак, тилло ва мис ҳастанд. Якчанд ГЭС дорад. Ҳунарманди (заргарӣ, кулолӣ, қолинбофӣ, чармгарӣ ва ғайра) ривоҷ ёфтааст. Инчунин корхонаҳои чӯббурӣ, хиштрезӣ, дорусозӣ ва саноати бофандагӣ мавҷуданд. Роҳҳои автомобилгард районро бо қисмҳои дигари мамлакат мепайванданд.

rayoni-avtonomii-tibet

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …